номаҳо
АСРИ ИТТИЛООТ.
АЗ ЧӢ ЭҲТИЁТ БОЯД ШУД?
Дар ҷаҳони муосир, замоне, ки душманони миллатамон дастовардҳои кишварро нодида мегиранд ва пайваста хабарҳои дурӯғу иғвоангез паҳн мекунанд, моро зарур аст ваҳдату ягонагии худро боз ҳам мустаҳкам намоем. Хусусан, воситаҳои ахбори омма бояд бештар ба матолибе таваҷҷуҳ кунанд, ки дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мусоидат намоянд. Ин нукта дар суҳбати мизи гирд, ки дар Академияи воситаҳои ахбори омма доир шуд, зикр гардид.
Ҳамоишро Зинатуллоҳ Исмоилзода, директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, ифтитоҳ намуд. Ӯ гуфт, ки ҳадафи суҳбати мизи гирди имрӯза баррасии масъалаи “Нақши ВАО дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ” мебошад.
Таъкид шуд, ки асри XXI асри иттилоот аст ва ҳамарӯза мардум ба хабарҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Ташвишовар аст, ки баъзе аз ин хабарҳо саҳеҳ набуда, танҳо ба хотири ноором намудани ҷомеа паҳн мешаванд. Ба гуфтаи коршиносон дар чунин шароит ягона арзише, ки моро аз ҳама гуна хавфу хатар эмин медорад, ин ваҳдату якдилӣ ва истиқлолияти комил аст, ки воситаҳои ахбори омма дар таҳкими он нақши созгор доранд. Маҳз намояндагони ВАО дар ҷавоб ба чунин ахбори дурӯғу фитнаангез метавонанд матолиби ҷолиб омодаву пахш намоянд, то ҳақиқат ба мардум ошкор гардад.
Рӯзноманигор Сафаралӣ Низомов, яке аз муаллифони барномаи радиоии “Хоки Ватан” дар тақвияти ин андешаҳо, аз ҷумла гуфт, ки тавре таҷриба собит менамояд, ВАО барои ба ҳам овардан ва пойдории амнияти мардум нақши муассир дорад. Барномаи “Хоки Ватан”, ки замони нооромии кишвар ба ҳамин хотир ва барои баргардондани гурезаҳо ба Ватан, ободию созандагӣ роҳандозӣ шуда буд ва ин рисолатро назди таърих адо кард, далели равшани ҳамин гуфтаҳост.
Дар мизи гирд, ҳамчунин, Рудобаи Мукаррам, раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Қаноатулло Сайфуллоев, муовини директори Агентии миллии иттилоотии “Ховар”, Обидҷон Саидзода, директори “Радиои Тоҷикистон”, ширкат ва суханронӣ намуданд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2020 №: 242-243 Мутолиа карданд: 5218