қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Қисми 1 моддаи 496 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ. 2, мод. 703, мод. 704; с. 2006, № 3, мод.159; с. 2007, №7, мод. 681; с. 2008, № 6, мод. 459, № 10, мод. 818; с. 2011, № 3, мод. 160, № 6, мод. 458; с. 2012, № 4, мод. 250, № 7, мод. 695, мод. 724, № 8, мод. 818, № 12, қ. 1, мод. 1000; с. 2013, № 12, мод. 879; с. 2015, № 3, мод. 211; с. 2016, № 3, мод. 151, № 7, мод. 625, № 11, мод. 882; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 278, мод. 279; с. 2018, № 2, мод. 68, № 7-8, мод. 528, с. 2019, № 4, мод. 228, № 6, мод. 323; с. 2020, № 1, мод. 24) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) дар доираи маҳалли адои хизмат ба таври ройгон истифода намоянд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2020, № 1746
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 28 октябри соли 2020, № 205
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси
гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 9 декабри соли 2020, № 92
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2020 №: 242-243 Мутолиа карданд: 728