қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №9, мод.838; с.2013, №12, мод.889, мод.890; с.2015, №3, мод.210, №11, мод.965, мод.966; с.2016, №3, мод.150, №11, мод.883; с.2017, №1-2, мод.21, №5, қ.1, мод.280; с.2018, №2, мод.66, мод.67, №7-8, мод.529; с.2019, №4-5, мод.227, №6, мод.322, №7, мод.473; с.2020, №1, мод.21, мод.22, №7-9, мод.614), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 12:
- қисми 9 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«9. Маҳалли хизматрасониҳои шахсони хориҷии дар қисми 1 моддаи 1931 Кодекси мазкур муқарраршуда боиси таъсис додани муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намегардад.»;
- қисмҳои 9 ва 10 мувофиқан қисмҳои 10 ва 11 ҳисобида шаванд.
2. Ба моддаи 171 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Утоқи шахсӣ барои шахсони хориҷие, ки дар мақомоти андоз ба ҳисоб гирифта шудаанд, бо мақсади аз мақомоти андоз гирифтани ҳуҷҷатҳо (иттилоот) ва пешниҳоди маълумот оид ба хизматрасониҳои электроние, ки дар қисми 1 моддаи 1935 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, истифода мешавад.».
3. Дар моддаи 25:
- қисми 11 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«11. Шахсони хориҷие, ки мустақиман ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, дар асоси пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷатҳои дигари аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ бояд ба ҳисоб гирифта (аз ҳисоб бароварда) шаванд.»;
- қисмҳои 11-21 мувофиқан қисмҳои 12-22 ҳисобида шаванд.
4. Дар қисми 2 моддаи 30, сархати якуми қисми 13 моддаи 51, қисми 7 моддаи 53, қисми 2 моддаи 157, қисмҳои 4 ва 5 моддаи 260 ва қисми 3 моддаи 323 калимаи «нозироти» ба калимаи «раёсати» иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 57:
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Нисбати шахсони хориҷие, ки тибқи муқаррароти боби 311 Кодекси мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ иттилоот оид ба гузарондани маблағҳо ба суроғаи чунин шахсони хориҷӣ ва маълумоти дигари заруриро бо мақсади андозбандӣ аз ташкилоти қарзӣ, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он, субъектҳои дигар ва шахси воқеӣ дар мӯҳлати 5 рӯзи корӣ талаб карда мегирад. Тартиби гирифтани иттилоот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.»;
- қисмҳои 2-5 мувофиқан қисмҳои 3-6 ҳисобида шаванд;
- дар қисмҳои 3 ва 4 рақами «2» ба рақами «3» иваз карда шавад.
6. Дар қисми 2 моддаи 84 калимаҳои «нозироти андози андозсупорандагони калон» ба калимаҳои «раёсати андози андозсупорандагони калон бо нозиротҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе» иваз карда шаванд.
7. Ба моддаи 161 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Шахсони хориҷие, ки тибқи муқаррароти боби 311 Кодекси мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, ӯҳдадоранд аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ариза пешниҳод намоянд.».
8. Ба қисми 6 моддаи 162 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- шахсоне, ки дар қисми 5 моддаи 161 Кодекси мазкур муқаррар карда шудаанд – аз рӯзи оғоз намудани хизматрасониҳои электронӣ;».
9. Дар банди 5) қисми 1 моддаи 176:
- ба зербандҳои а), б) ва г) пас аз калимаҳои «ҳуқуқҳои дигари шабеҳ», «хизматрасониҳои дигари шабеҳ» ва «оид ба ташкили саёҳат» калимаҳои «(ба истиснои хизматрасониҳои муқаррарнамудаи моддаи 1935 Кодекси мазкур)» илова карда шаванд;
- дар зербанди г) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- зербанди д) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«д) хизматрасониҳои электронии дар боби 311 Кодекси мазкур муқарраргардида. Зимнан, барои шахси воқеӣ – харидори хизматрасониҳои электронии дар моддаи 1931 Кодекси мазкур муқарраргардида маҳалли ҷойгиршавии он ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, агар яке аз шартҳои зерин иҷро гарданд:
- маҳалли зисти харидор Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
- маҳалли ҷойгиршавии ташкилоти қарзӣ ё ташкилоти дигаре, ки дар он суратҳисоб кушода шудааст ва он аз ҷониби харидор барои пардохти ҳаққи хизматрасонӣ истифода мешавад, ё оператори маблағҳои пулии электронӣ, ки тавассути он харидор ҳаққи хизматрасониро пардохт менамояд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад;
- суроғаи шабакавии харидор, ки ҳангоми харидории хизматрасониҳо истифода мегардад (гардидааст), дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошад;
- рамзи байналмилалии кишваре, ки рақами телефонии он барои харидорӣ ё пардохти ҳаққи хизматрасониҳо истифода шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошта бошад.».
10. Ба қисми 2 моддаи 177 пас аз калимаҳои «фаъолияткунанда мебошад» калимаҳои «, агар дар моддаи 1931 Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад» илова карда шаванд.
11. Дар моддаи 186:
- дар қисми 1 рақамҳои «11, 13 ва 14» ба рақамҳои «9, 11, 12, 13 ва 14» иваз карда шаванд;
- қисми 14 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«14. Шахсони хориҷие, ки вобаста ба амалиётҳои дар моддаи 1935 Кодекси мазкур дарҷгардида бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шаванд, ҳисобнома-фактура тартиб намедиҳанд (пешниҳод наменамоянд) ва китобҳои дар қисми 5 моддаи мазкур муқарраршударо пеш намебаранд.»;
- қисми 14 қисми 15 ҳисобида шавад.
12. Боби 311 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«БОБИ 311. ХУСУСИЯТИ АНДОЗБАНДИИ ХИЗМАТ-РАСОНИҲОИ ЭЛЕКТРОНИИ ШАХСОНИ ХОРИҶӢ
Моддаи 1931. Андозсупорандагон
1. Шахсони хориҷие, ки мустақиман ё тавассути шахсони миёнарав ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд ва маҳалли чунин хизматрасониҳо ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳамчун андозсупоранда эътироф мегарданд.
2. Агар хизматрасониҳои электронӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои доимии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ анҷом дода шаванд, пас шахсони мазкур – харидорони чунин хизматрасониҳо агентҳои андоз эътироф карда мешаванд.
3. Анҷом додани хизматрасониҳои электронӣ аз ҷониби шахсони хориҷӣ – миёнаравҳое, ки фаъолияти соҳибкориро ҷиҳати ташкили ҳисоббаробаркунӣ бо иштироки шахсони воқеӣ дар асоси шартномаҳои супориш, комиссия, агентӣ ва шартномаҳои дигари ба он алоқаманд бо шахсони хориҷии анҷомдиҳандаи чунин хизматрасониҳо амалӣ менамоянд, барои мақсадҳои боби мазкур агенти андоз эътироф карда мешаванд.
4. Агар хизматрасониҳои электронӣ бо иштирок дар ҳисоббаробаркуниҳои силсилаи пайдарҳамии якчанд шахсони ҳуқуқӣ – миёнаравон анҷом дода шаванд, агенти андоз шахси хориҷӣ – миёнараве дониста мешавад, ки новобаста ба мавҷудияти шартнома бо шахсони хориҷии анҷомдиҳандаи чунин хизматрасониҳо дар ҳисоббаробаркуниҳо бо шахсони воқеӣ бевосита иштирок менамояд.
Моддаи 1932. Тартиби баҳисобгирии (аз ҳисоб баровардани) шахсони хориҷие, ки хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд
Шахсони хориҷие (агенти андозе), ки мустақиман ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, дар асоси пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷатҳои дигари аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба таври электронӣ ба ҳисоб гирифта (аз ҳисоб бароварда) мешаванд. Ариза дар бораи баҳисобгирии (аз ҳисоб баровардани) шахсони хориҷӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз (қатъ) намудани хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 1933. Объекти андозбандӣ, манбаи андоз, давраи андоз ва тартиби ҳисоби андоз
1. Объекти андозбандӣ даромад аз ҳисоби амалӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ мебошад.
2. Манбаи андоз ҳамчун арзиши хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ бе назардошти маблағи андоз муайян карда мешавад. Ҳангоми муайян намудани манбаи андоз, арзиши хизматрасониҳои электронӣ бо асъори хориҷӣ тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи анҷом додани амалиёт, ки дар он пурра (қисман) пардохт шудани хизматрасониҳои нишондода анҷом дода шудааст, ҳисоб карда мешавад.
3. Давраи андоз семоҳаи тақвимӣ мебошад.
4. Манбаи андоз барои ҳар семоҳа дар асоси вақти гирифтани пардохти (қисми пардохт) хизматрасониҳои анҷомдодашуда муайян карда мешавад.
5. Шахсони хориҷӣ ҳисоб ва пардохти андозро мустақилона таъмин менамоянд, агар уҳдадорӣ доир ба пардохти андоз ба зиммаи агенти андоз гузошта нашуда бошад.
Моддаи 1934. Тартиби пешниҳоди ҳисоботи андоз ва пардохти андоз
1. Шахсони хориҷӣ (агентҳои андоз) эъломияи андозро дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар шакли электронӣ тариқи утоқи шахсӣ пешниҳод менамоянд.
2. Эъломияи андоз, ҳуҷҷатҳо (иттилоот) ва маълумоти дигар на дертар аз санаи 10-уми моҳе, ки баъд аз давраи ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешаванд.
3. Дар даврае, ки шахсони хориҷӣ утоқи шахсиро барои ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо (иттилоот) истифода бурда наметавонанд, эъломияи андоз на дертар аз санаи пардохт тариқи шабакаи алоқаи телекоммуникатсионӣ пешниҳод карда мешавад.
4. Маблағи андоз бо роҳи татбиқи меъёри муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 181 Кодекси мазкур муайян гардида, дар мӯҳлати пешниҳоди эъломияи андоз пардохт карда мешавад.
Моддаи 1935. Хизматрасониҳои электронӣ
1. Барои мақсадҳои боби мазкур ба хизматрасониҳои электронӣ хизматрасониҳое дохил мешаванд, ки тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионии интернет (минбаъд – шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ) бо усули худкор бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ карда мешаванд.
2. Ба хизматрасониҳои электронӣ дохил мешаванд:
- додани ҳуқуқи истифодабарии таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор (аз ҷумла бозиҳои компютерӣ), махзани маълумот тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла додани дастрасии фосилавӣ ба онҳо, инчунин таҷдиди онҳо ва имкониятҳои иловагии функсионалӣ;
- амалӣ намудани хизматрасониҳои рекламавӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла аз ҳисоби истифодаи таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ё махзанҳои маълумоти дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ истифодашаванда, инчунин пешниҳоди майдонҳои рекламавӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
- анҷоми хизматрасониҳо оид ба ҷойгиркунии пешниҳодҳо дар бораи хариди (фурӯши) молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ва ҳуқуқҳои молумулкӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
- анҷом додани хизматрасонӣ тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ вобаста ба пешниҳодҳои техникӣ, ташкилӣ, иттилоотӣ ва имкониятҳои дигар, ки бо истифода аз система ва технологияҳои иттилоотӣ барои ташкил намудани алоқа ва бастани шартномаҳо (аҳдҳо) байни фурӯшандагон ва харидорон (тавассути майдонҳои савдои дар шабакаи интернет дар вақти воқеӣ амалкунанда, ки дар он ба харидорони воқеӣ арзиши молҳо (иҷрои кор, хизматрасонӣ) тавассути расмиёти худкор пешниҳод гардида, тарафҳо ҷиҳати ба савдо баровардани онҳо тариқи ташкили огоҳонии худкор хабардор мешаванд);
- таъмин ва (ё) нигоҳдории фаъолияти иқтисодӣ, инчунин дастгирии захираҳои электронии истифодабарандагон, аз ҷумла сомонаҳо ва (ё) саҳифаҳои сомонаҳо дар шабакаи интернет, таъмини дастрасии истифодабарандагони дигар ба шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
- бурдҳои интерактивӣ барои қиморбозӣ дар идораҳои букмекерӣ;
- таъмини дастрасӣ ба шабакаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ҳамчунин ба истифодабарандагон фароҳам овардани имконияти тағйир додани онҳо;
- ҳифз ва коркарди иттилоот ба шарте, ки шахси чунин иттилоотро пешниҳоднамуда имконияти дастрасӣ ба онро тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дошта бошад;
- дар низоми вақти воқеӣ пешниҳод намудани иқтидорҳои ҳисобкунӣ барои дар системаи иттилоотӣ ҷойгир намудани иттилоот;
- пешниҳоди номгузории доменҳо, хизматрасониҳои хостингӣ;
- пешниҳоди хизматрасониҳо оид ба маъмурикунонии низоми иттилоотӣ, сомонаҳо дар шабакаи интернет;
- пешниҳоди хизматрасоние, ки ҳангоми аз ҷониби харидори хизматрасонӣ ворид намудани маълумот ба воситаи шабакаи интернет тариқи худкор анҷом дода мешавад, хизматрасониҳои автоматикунонидашуда оид ба ҷустуҷӯи маълумот, интихоби маълумот аз рӯи дархостҳо, ба воситаи шабакаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба истифодабарандагон пешниҳод намудани маълумоти мазкур (аз ҷумла маълумотномаи биржаи коғазҳои қиматнок дар реҷаи вақти воқеӣ, интиқоли худкор дар реҷаи вақти воқеӣ);
- додани ҳуқуқ барои истифодаи китобҳои электронӣ (нашрияҳо) ва нашрияҳои дигари электронӣ, маводи иттилоотию таълимӣ, тасвирҳои графикӣ, асарҳои мусиқӣ бо матн ё бе матн, асарҳои аудиовизуалӣ, аз ҷумла бо роҳи пешниҳоди дастрасии фосилавӣ ба онҳо ҷиҳати тамошо кардан ё шунидан тариқи шабакаи интернет;
- пешниҳоди хизматрасонӣ ба фармоишгар доир ба дарёфт ва (ё) пешниҳоди маълумот оид ба харидорони эҳтимолӣ;
- пешниҳоди дастрасӣ ба низоми ҷустуҷӯӣ дар шабакаи интернет;
- пешбурди омор дар сомонаҳои шабакаи интернет.
3. Ба хизматрасониҳои электронӣ дохил намешаванд:
- фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), агар ҳангоми фармоиши тавассути шабакаи интернет анҷомдодашуда таҳвили мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) бе истифода аз шабакаи интернет амалӣ гардад;
- фурӯши (додани ҳуқуқи истифодабарии) барномаҳо барои мошинаҳои электронии ҳисоббарор (аз ҷумла бозиҳои компютерӣ), махзани иттилоотӣ дар ҳомилҳои моддӣ;
- пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ тавассути почтаи электронӣ;
- пешниҳоди хизматрасониҳо вобаста ба додани дастрасӣ ба шабакаи интернет.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2020, № 1744
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 28 октябри соли 2020, № 199
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 9 декабри соли 2020, № 90
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2020 №: 242-243 Мутолиа карданд: 1000