logo

фарҳанг

 ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ БАРҶАСТАИ ДАВРОНИ НАВ


Дар байни чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ, давлатмардони таърихии ниёгони мо номи Каюмарс, Ҳушанг, Ҷамшед, Куруши Кабир, Анӯшервони одил, Исмоили Сомонӣ чун сарварону сиёсатмадорони донишманду ботадбир, олим, одил ва оқил маълум ва машҳуранд.  Онҳо бо родмардиву ҷасорат, баландҳимматӣ, озодипарастӣ, инсондӯстӣ, садоқат ба халқу Ватани хеш дар авроқи таърих ва хотираи мардум ба таври ҷовидонӣ ҷой гирифтаанд.
Дар радифи чунин фарзандони фарзонаву сарсупурдаи миллат ному шуҳрати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарнавишти тоҷикон мақоми махсус доранд.  Эмомалӣ Раҳмон бо амри таърих дар лаҳзаи хеле душвору сангин, ки аксари манотиқи мамлакатро оташи ҷанги бародаркуш фаро гирифта, сарнавишту мавҷудияти давлати тозаистиқлол ва миллати тоҷик сари як мӯй қарор дошт, ба сари қудрат омад.
Оини сарварӣ, мактаби давлатдорӣ, сиёсати ростин ва собитқадамонаи Пешвои адолатпеша ва Сарвари хирадандешаи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар пояи қонун, адолат, мардумсолорӣ бунёд ёфта, шахсияти ин фарди беназир мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон гаштааст.  Дар бораи корномаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон садҳо китобу рисола, мақолаҳо, шеъру достон эҷод шудаанд ва боз хоҳанд навишт.  Зеро Эмомалӣ Раҳмон шахсияти фавқулода беназир, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, ифтихори халқи тоҷик аст. 
Сиёсатшиносону таҳлилгарон дар таҳқиқу таблиғи мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоиста доранд.  Яке аз чунин муҳаққиқон ва мубаллиғони собитқадами кору пайкори Пешвои миллат доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев аст.  Таҷрибаи фаровон ва пурсамари тӯлонӣ ҳамчун сарвари созмони ҷавонон, устоди мактаби олӣ, вазифаҳои масъули давлатӣ: мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (1997 - 2003), сарвари ду донишгоҳи мамлакат - Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (2003 - 2007) ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2010 - 2012), аввал чун муовин ва сипас, муовини аввали раиси вилоят (2007 - 2010) ва дигар вазифаҳои масъули ҷамъиятӣ, дониши фароху ҳамаҷониба дар соҳаи илмҳои гуногуни гуманитарӣ, дар симои ӯ роҳбари кордон, муҳаққиқ, муаррих ва таҳлилгари моҳирро ташаккул дода, дар зеҳну ниҳоди ӯ вусъати андешаву афкор, майдони фарохи фаъолияти сиёсӣ, давлатӣ, ҷамъиятӣ, илмӣ ва эҷодиро фароҳам овард ва ба ин васила самту мавзӯи пажӯҳиш ва тадқиқоту таълифоти илмии ӯро боз ҳам васеъ ва пурмазмунтар намуданд.
Дар ин давра профессор Ваҳҳоб Набиев чандин асарҳои илмӣ - оммавӣ, маҷмӯаи мақолаҳо, аз ҷумла «Сулҳ, ризоият, ваҳдат», «Фарҳанг ва ҷавонон», «Ваҳдат - ганҷи ҷовидони миллат», «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ поягузори сулҳу ваҳдати тоҷик», «Президент Эмомалӣ Раҳмон ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон», «Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Нигоҳе ба фарҳанги миллии тоҷикон», «Бузургони миллат дар шоҳроҳи таърих», «Аҳдномаи муттаҳидкунандаи миллат», «Корномаи ҷавонони Тоҷикистон», «Во имя дружбы и сотрудничества», «Молодёжь Таджикистана авангард культурного фронта»-ро нашр намуда, ҳамчун муҳаққиқ ва мубаллиғи таърихи даврони истиқлолият эътироф гардид.
Китоби «Эмомалӣ Раҳмон - сиёсатмадори барҷастаи даврони нав» натиҷаи афкору андешаҳои муҳаққиқи дақиқназар ва таҳлилгар дар бораи корномаи Эмомалӣ Раҳмон буда, фарогири мақолаҳоест, ки тайи солҳои гуногун рӯи коғаз омадаанд.  Он аз рӯи мағзу муҳтаво ба ин бахшҳо тақсим мешавад:
Аввал, Эмомалӣ Раҳмон воқеан сиёсатмадори барҷастаи даврони нав буда, бо донишу истеъдоди нодири фитрӣ сари кор омадааст. 
Дуюм, Эмомалӣ Раҳмон дорои азму ғайрат, кӯшишу талошҳои пайгирона, собитқадамона, ҳадафрас дар роҳи пиёдасозии мақсаду мароми худ мебошад.
Сеюм, Эмомалӣ Раҳмон дорои ҷасорат, далерӣ, матонат, фидокорӣ, устуворӣ дар масъалаҳои калидӣ ва усулии (принсипиалии) давлатдорист.
Пас аз мутолиаи китоби «Эмомалӣ Раҳмон - сиёсатмадори барҷастаи даврони нав» итминон ҳосил мешавад, ки профессор Ваҳҳоб Набиев ба маънои том олими башардӯст, интернатсионалист, таблиғгари хастанопазири дӯстӣ, бародарии тамоми сокинони Тоҷикистон аст. 
А.  УСМОНОВ,
доктори илмҳои таърих, ноиби ректори ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
Ш.  ШАРИФОВ,
номзади илмҳои таърих, дотсенти донишгоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2020    №: 242-243    Мутолиа карданд: 503
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед