маориф
МОҲИЯТИ ФАНҲОИ ДАҚИҚРО ДАРК НАМОЕМ
Таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф аст, ки имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии кишвар ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Акнун соатҳои дарсӣ аз ин фанҳо бештар, такмили ихтисоси омӯзгорон беҳтар ва тарзи гузарондани дарсҳо шаффофу ҷолиб ба роҳ монда шудааст. Бо вуҷуди ин, сифати таълими ин фанҳо, махсусан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳануз қонеъкунанда нест.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар раванди таълим бо санҷидани донишҳои назариявӣ метавон ба натиҷаҳои хуб ноил гашт. Кори таҷрибавӣ на танҳо маърифати техникӣ ва дониши хонандагонро боло мебардорад, балки имкон фароҳам меорад, ки онҳо мақсад ва моҳияти фанҳои дақиқро комилан дарк намоянд. Агар фанни химияро гирем, маҳз дар амалия чӣ гуна ҳосил шудани моддаҳои химиявӣ омӯхта шуда, пасон дар истеҳсолот кор фармуда мешаванд. Аз ин рӯ, бисёр муҳим аст, агар хонандагон аз давраи таҳсил дар мактаб чунин таҷриба гузаронанд. Барои ин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмоишгоҳҳои фаннӣ заруранд. Мутаассифона, дар бештари муассисаҳо озмоишгоҳҳо фаъол набуда, асбобу лавозимоти озмоишӣ аз замони шӯравӣ боқӣ монда, корношоям гардидаанд. Ин ҷо, албатта нодида гирифтани озмоишгоҳҳои замонавӣ дар муассисаҳои навбунёд, ки солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сохта ба истифода дода шудаанд, нодуруст аст. Тавре дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз гардид, соли гузашта ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд. Аз ин ҳисоб теъдоди хонандагони фаъолу боистеъдод зиёд гардида, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ натиҷаи хуб дод. Аммо ба ин нигоҳ накарда, ба монанди татбиқи методҳои гуногуни хониши бошуурона барои синфҳои 1-4, ки дар оянда барои тақвияти қобилияти эҷодии хонандагон замина мегузорад, фаъол кардани озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ барои синфҳои болоӣ низ аз манфиат холӣ нест. Дар ин хусус Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш аз роҳбарону кормандони соҳаи маориф даъват ба амал оварданд, ки дар муассисаҳои таълимӣ назорати азхудкунии донишҳои замонавӣ пурзӯр карда шавад, наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ гардида, ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Пешниҳоду супориши Сарвари давлат дар раванди пешрафти илму техника саривақтӣ буда, аз мо - омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ҳисси баланди масъулиятро тақозо менамояд, бо сайқал додани донишу маҳорати касбӣ ҷиҳати омода сохтани мутахассисони баландихтисос кӯшиш менамоем.
Моҳбегим НОЁФТОВА,
омӯзгори МТМУ №5,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.12.2020 №: 244 Мутолиа карданд: 1946