logo

фарҳанг

 «КИТОБЧА»- И ГУМШУДАИ УСТОД С. АЙНӢ


Таърих ин ҳақиқатро бозгӯ мекунад, ки дар аввали солҳои 50-уми асри гузашта низ фишорҳои сиёсиву маънавӣ нисбат ба Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти навини тоҷик, устод Садриддин Айнӣ ба поён нарасида буд, балки идома ёфт. Оре, бо он ки ӯ вакили Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, Лауреати мукофоти сталинӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои Ӯзбекистон буд. Барои ин нашри китоби устод бо номи «Мирзо Абдулқодири Бедил» мисоли барҷаставу рӯшан шуда метавонад.
Ба андешаи Абдулҳай Маҳмадаминов, доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, айнишинос, пажӯҳиши ин асар аз ҷониби муаллиф аз соли 1910 шурӯъ мешавад.
Тибқи маълумоти устоди шодравон Соҳиб Табаров, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1953, айнишинос, муаллиф таълифи рисоларо соли 1951 ба итмом расонда, барои нашр ба Нашриёти давлатии Тоҷикистон месупорад. Яке аз кормандони Саруправленияи сирҳои давлатӣ (Главлит) шахсиятҳои барҷастаи давр - олим ва шоиру мутарҷим Абдулғанӣ Мирзоев ва Абдусалом Деҳотиро муҳаррирони ин рисола таъйин мекунад. Рисола баъди мутолиа ва таҳрир бо ризоят дар аввали соли  1952 барои чоп тавсия мегардид. Аммо сардори Саруправленияи сирҳои давлатӣ Саид Муллоҷонови Шаҳристонӣ, номзади илмҳои таърих, 10 сентябри соли 1952 ба ин асар «ретсензия» (тақриз) дар ҳаҷми 10 саҳифаи чопии дуфосилагӣ менависад. Устод Айнӣ баъди шинос шудан ба тақризи китобаш дар Самарқанд 12 октябри соли 1952 ҷавобия менависад. Роҳбарияти нашриёт пас аз ин тасмим мегиранд, ки барои фаҳмидани фикру андешаҳои олими маъруфу шарқшиноси сатҳи ҷаҳонӣ Е.Э.Бертелс як нусхаи асари «Мирзо Абдулқодири Бедил»-и С. Айнӣ, «Ретсензия ба «Мирзо Абдулқодири Бедил» ном асари устод Садриддин Айнӣ, муҳаррирон А. Деҳотӣ ва А. Мирзоев, аз тарафи сармуҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон рафиқ Аҳрорӣ 29 июли соли 1952 ба чопаш иҷозат дода шудааст» ва «Мулоҳизаҳои муаллифи китоби Мирзо Абдулқодири Бедил» дар бораи ретсензияе, ки ба ҳамин китоб аз ҷониби рафиқ Муллоҷонов дода шудааст», бифиристанд. Барои тақризнависӣ ҳамчунин, олимон И. Брагинский, А. Баҳоваддинов, З. Раҷабов, Ш. Ҳусейнзода, С. Табаров, М. Шукуров, А. Мирзозода вобаста мегарданд.
Яке аз эродҳое, ки Саид Муллоҷонови Шаҳристонӣ ба асари устод Айнӣ гирифтааст, дар бораи фалсафаи Мирзо Абдулқодири Бедил мебошад. Ӯ дар ин хусус навиштааст: «Ба мо маълум аст, ки фалсафаи сӯфизм аз аввал реаксонӣ буд ва реаксонӣ аст. Модоме ки дар бисёр ҷойҳои асар ба Бедил ҳамчун ба шоири философ баҳо дода мешавад, муайян кардан лозим аст, ки нуқтаи назари философии Бедил сӯфизм аст ё не. Инро бояд муайян кард. Фарз кардем, ки дар аввалҳои умри худ нуқтаи назари философии Бедил сӯфигӣ буд. Дар он сурат муайян кардан лозим аст, ки дар охирҳои умраш ӯ аз ин нуктаи назари философӣ ҷудо шуда буд ё не?».
Устод Садриддин Айнӣ зимни баёни мулоҳиза ин эроди С.Ш. Муллоҷоновро чунин посух гуфтааст: «Дар қисми дуввуми моддаи ҳаштум равшан гузошта нашудани масъалаи фалсафаи Бедилро ритсензиянавис яке аз камбудиҳои китоб шумурдааст.
Ин дуруст аст, ки дар таҳрири якум бе таҳлили дуруст ҳам бошад, қисми фалсафаи Бедил ба китоб дохил карда шуда, аз порчаҳои фалсафии шоир намунаҳо ҳам дода шуда буд. Аммо дар таҳрири охирӣ, ки баъд аз набор карда шуд, қисми фалсафаро баровардан ба ду сабаб муносиб дида шуд:
сабаби якум ин аст, ки ин китоб барои оммаи хонандагон нашр шуданӣ аст, забони фалсафаи Бедил, ки аз забони одии ӯ ҳам душворфаҳм аст, барои омма як бори гарон мешуд;
сабаби дувум ин аст, ки порчаҳои фалсафии Бедил аз назму наср дар шакли китобчаи алоҳида ҷамъ карда шуда, барои нашри илмӣ ба Институти забон ва адабиёти Академияи фанҳои Тоҷикистон дода шуда буд ва ҳар кас, ки ба фалсафаи Бедил ҳавас дошта бошад, ба ин китобча муроҷиат карданаш мумкин буд. Бинобар ин, дар як республика, дар як замон ду бор нашр кардани як материал мувофиқ набуд».
Сухан дар ин навишта дар хусуси ҳамин «китобча» ва сарнавишти он аст. Тавре аз ин навиштаи устод Садриддин Айнӣ бармеояд, «китобча» барои нашр кардан омода будааст. Воқеан, «китобча» ба табъ расид ё не? Агар не, «чаро?» ва агар нашр гардида, «дар куҷост, дар кадом ҳаҷм, кай?».
Устоди шодравон Соҳиб Табаров ҳанӯз соли 2004 ва ё худ 16 сол пеш таъкид карда буд, ки ин «қисмати фалсафаи Бедил» ва «порчаҳои фалсафии шоир»-ро айнишиносон бояд ҷустуҷӯй намоянд.
То соли 2004, яъне беш аз ҳафтод сол, дар ин кор айнишиносон иқдом нагирифтанд. Чаро? Дар ин бист соли баъдӣ чӣ? Хонанда, пеш аз ҳама кормандони илмии пажӯҳишгоҳи мазкур, набояд ки дар ин хусус маълумот дошта бошанд?
Зикри ин нукта ҳам муҳим аст, ки чаро С.Ш. Муллоҷонов, сардори «Главлит», номзади илмҳои таърих, чунин муносибатро ба устод Садриддин Айнӣ ва рисолаи ӯ раво дид? Ин гуна як муносибат фармоишӣ буд ё тарс аз сиёсати давр?
Устод Соҳиб Табаров 16 сол пеш барҳақ таъкид намуда, эрод гирифта буд: «Сад афсӯс, ки дар муддати зиёда аз ҳафтод сол ҳеҷ кадоме аз сарварони Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳо ва ҳатто аксари мутлақи муассисаҳои илмӣ ва дастгоҳи назди худи Академияи илмҳои Тоҷикистон на ҳамаи осори эҷодкардаи олимонашро ҳифз кардаанду нигоҳ доштаанд. Дар ин муддат садҳо асарҳо, дастнависҳо, ҳуҷҷатҳо, диссертатсияҳо ва дигар маводҳои ниҳоят пурқимат ва муфид маҳфуз дошта нашуданд ва онҳо абадӣ аз байн рафтанд. Магар аз байн рафтани асари дар боло номбаршудаи устод Айнӣ дар бораи ақидаҳои фалсафии Бедил ва «порчаҳои фалсафии  Бедил аз назм», наср дар шакли китобчаи алоҳида аз бойгонии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон исботи ин ҳақиқати талх шуда наметавонад?».
Албатта, ба гуфтаи айнишинос, доктори илми филология Абдулҳай Маҳмадаминов «Куллиёт»-и Садриддин Айнӣ ба пуррагӣ ба нашр хоҳад расид ва асари «Мирзо Абдулқодири Бедил» низ мукаммал, на дар он шакле ки соли 1954, яъне пас аз вафоти муаллифаш, нашр гардид, ба табъ мерасад.
«Китобча»-ро ҳам бо истифода аз бойгонии шахсии устод Айнӣ шояд ба асар ворид бикунанд. Аммо оё метавон интизор буд ва ё худ бовар кард, ки «китобча» дар ҳамон шакле чоп мешавад, ки устод Айнӣ бо таҳриру иловаҳо барои нашр ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ супорида буд?
Фикр мекунам, ки посухи айнишиносон, масъулон, ба ин пурсишҳо муҳим аст. Яъне, дар ин сурат масъалаҳои бамиёнгузоштаи муҳаққиқи шодравон устод С.Ш.Табаров низ ҳалли дурусти худро меёбанд.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.12.2020    №: 244    Мутолиа карданд: 546
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед