logo

маориф

 МАОРИФ СОҲАИ ҶОМЕАСОЗ АСТ


Маориф дар рушди ҷомеа пураҳамият ва тақдирсоз мебошад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва илм диққати махсус зоҳир менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ба самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар табдил ёфт. Маориф дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат мақоми бунёдӣ ва такягоҳиро ишғол намуда, рушду нумӯи он дар раванди таҳаввулоти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ахлоқию маънавии ҷомеа нақши муассир дорад.
Истиқлолияти давлатӣ ба тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи маориф, таъсири мусбат расонд. Дар ин самт навгониҳои зиёд рӯи кор омаданд. Бо мақсади тақвияти омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2020 – 2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намуданд, ки ин иқдоми шоиста рушди боз ҳам бештари тафаккури техникӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму техникаро такони ҷиддӣ мебахшад.
Истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки гузаштаи пурифтихори хешро соҳибӣ кунад ва амалҳои накуи ниёгонашро эҳё ва идома диҳад. Хушбахтона, ба бахти мо - тоҷикон ҳанӯз дар давраи ҳассосу тақдирсоз марди далер ва илмдӯст Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд ва сар аз оғози фаъолияти давлатдорӣ илму маорифро соҳаи муҳимтарину афзалиятноки кишвар эълон намуданд. Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми илму маориф ислоҳоти ҷиддӣ рӯи кор омада, ба рушди ҳамаҷонибаи улуми табиатшиносию дақиқ заминаву шароитҳои муосид фароҳам оварда шуданд. Дар ин маврид зикр кардан зарур аст, ки яке аз ташаббусҳои бузурги Пешвои муаззами миллат дар рушди илму техника, ин эълон кардани соли 2010 ҳамчун Соли маориф ва фарҳанги техникӣ буд.
Бояд зикр намуд, ки  инқилоби техникии асри XX дар шинохти тамаддун, адабиёт, маънавият ва фарҳанги дирӯзу имрӯзи ҷаҳонӣ роҳ кушод. Ҳамчунин, дар авзои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ҷавонон имконияти зиёди дастрас намудани маълумот, дониш ва ақоиди гуногунро аз воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои телевизионию интернетӣ доранд, ки ба ҷаҳонбинии онҳо бетаъсир намемонад. Дар раванди бархӯрди тамаддунҳо, ақоиди гуногуни мазҳабию динӣ, экстремистию террористӣ донистани асрори илмҳои дақиқ ва табиатшиносию риёзӣ дар фаҳмиши фикрии дуруст, тафаккуру андешаи солим ва самаранок истифода бурдани технологияи муосир омили муҳим ба ҳисоб меравад. Аз омӯзиши илмҳои муосир, бахусус илмҳои дақиқ, насли созанда, худшиносу худогоҳ, соҳиби тафаккури солим ва дар оянда ба рушди босуботи иқтисодии кишвар саҳмгузор, ба воя мерасад.
Дар маҷмӯъ, тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири рушди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ– саноатикунонии босуръати кишвар заминаи воқеӣ мегузоранд.
Машҳура САТТОРОВА,
Ҳанифа ГУЛОВА, омӯзгорони МТМУ  № 5, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.12.2020    №: 244    Мутолиа карданд: 1915
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед