logo

сиёсат

 ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ЭҲЁ ВА ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ


Бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати ҷумҳуриро дар бораи ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд, ки тибқи он ҳамасола  дар саросари кишвар бо истиқболи гарми мардум 16 ноябр Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад.
Зеро Эмомалӣ Раҳмон замоне сари қудрат омаданд, ки Тоҷикистон вориди ҷанги шаҳрвандӣ гардида, ҷойи муколамаи сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро силоҳ, зӯргӯӣ ва харобкорӣ гирифта буд. Аз рӯзи аввали Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудан (19 ноябри соли 1992), Эмомалӣ Раҳмон таъмини  амният, ҳаёти осоиштаи мардум, барқарор кардани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ  дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон, гурезаҳоро ба шаҳру деҳот ва манзили худ баргардондану онҳоро бо либосу ғизо таъмин кардан, ҳарчи зудтар кори корхонаю муассисаҳо, хоҷагиҳоро барқарор сохта ва одамонро  ба кори фоидабахш   ҷалб намуданро  аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ ҳисобида, дар иҷрои онҳо қадамҳои устувор гузоштанд. 
Эмомалӣ Раҳмон фазои холии идеологӣ, сиёсатҳои бепоя, радикализми сиёсию иқтисодӣ, буҳрони маънавӣ, хурофоту мавҳумпарастиро аз сабабҳои аслии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ номида, азми худро барои бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, сарҷамъии миллат ва барқарории сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар баён доштанд. Ба ақидаи Сарвари давлат, яке аз афзалиятҳои асосии низоми дунявии давлатдорӣ дар он аст, ки дунявият ҳамчун ҷаҳонбинӣ баробарии мафкураҳои гуногунро дар назди қонун кафолат дода, имкон намедиҳад, ки як мафкура худро идеологияи давлатӣ эълон намояд ва пайравони мафкураҳои дигарро зери фишор қарор диҳад.
Ҳукумати нави Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон корро аз барқарории сулҳ ва бозгашти гурезаҳо шурӯъ карда буд. Баргардондани гурезаҳову  муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини онҳо бо маводи ғизоӣ,  ҷойи кор ва  барқарор намудани манзилҳои харобгашта аз ҳассостарин марҳилаи сулҳи тоҷикон мебошад, ки Пешвои миллат  дар қадами аввал  барои амалӣ гардондани он талош намуда, муваффақ гардиданд. 
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 нишони ба анҷом расидани рисолати аввалини Эмомалӣ Раҳмон дар замони раҳбариаш дар кишвари ҷангзада мебошад.
Ба ақидаи Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли СММ: «Тоҷикистон дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ барои бисёр мамлакатҳои дигар намунаи беназир армуғон овард. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа, қобили омӯзиш ва истифода мебошад».
Воқеан, корнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи як кишвари ҷангзадаро ба давлати  амну осоишта, ободу рӯ ба тараққӣ табдил додан омӯзанда аст. Дар кишвари замоне  ноором  ва хазинааш холӣ солҳои охир бо сарварии  Пешвои муаззами миллат беш аз 2000 километр роҳи автомобилгард,  240 пул, 30 километр нақбҳои мошингузар, 190 километр роҳи оҳан бунёд ёфту мавриди истифода қарор гирифт. Дар шароити душвори иқтисодии кишвар, ҳатто ба зеҳну тасаввур ҳам роҳ намеёфт, ки мо рӯзе соҳиби неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда - 1», «Сангтӯда - 2» ва чанд  неругоҳи хурди барқи обӣ шуда, ба фаъолияти Неругоҳи азими барқи обии «Роғун» оғоз мебахшем. Ва ҳам сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли қувваи барқи 500 - киловаттаи «Шимол - Ҷануб» ва 220 - киловаттаи «Лолазор - Хатлон» шурӯъ меёбаду ба анҷом мерасад.
Имрӯзҳо ҳамаи мо сидқан эътироф менамоем, ки  мактаби роҳбарии Президенти мамлакат - мактаби тарбияи насли худшиносу худогоҳ буда, баҳри роҳнамоӣ намудани ҷомеа ба сӯи фардои дурахшон аст.
Аҳли кормандони сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон сиёсати пешгирифтаи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, бо ифтихору шукргузорӣ аз осоиштагию амонӣ ва рушди бомароми мамлакатамон саъю кӯшиши худро барои ба ҷо овардани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ривоҷу равнақи соҳа ва риояи волоияти қонунҳои амалкунанда ба харҷ медиҳем. Эътимод ба Пешвои миллат – эътимод ба фардои нек аст.
М. АБДУҚОДИРЗОДА,
сардори сарраёсати Хадамоти назорати
давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолӣ дар вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.12.2020    №: 244    Мутолиа карданд: 644
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед