маориф
МАОРИФ. НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ МУҲИМТАРИН СОҲАИ ИҶТИМОӢ
Шахсан ман то ҳол зери таассуроти амиқи мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72-и шаҳраки Саразм мебошам, ки зимни сафари сентябрияшон ба шаҳри Панҷакент ҷиҳати ширкат дар таҷлили Ҷашни пуршукӯҳи 5500 - солагии Саразми куҳан қадам ранҷа карда буданд. Аслан Сарвари давлат ҳамеша ҳар куҷо рафтанду мераванд, пеш аз ҳама, таълимгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ мекунанд ё бо вазъи ягон муассисаи таълимӣ шинос мешаванд. Ва агар мушоҳида карда бошед, солҳои охир, ҳатто дар деҳоти дурдаст, таълимгоҳҳои ончунон бошукӯҳу зебо бунёд меёбанд, ки қаблан танҳо насиби шаҳрҳои калон буданд.
Яъне, тафриқаи шароити таълиму тарбия дар шаҳру деҳот аз байн бурда мешавад, ки баракати воқеии сиёсати маърифатпарваронаи Президенти кишварамон мебошад. Дар Саразм низ зимни сафарашон ана ҳамин хел як таълимгоҳи басо хуштарҳи сеошёнаро ифтитоҳ намуданд. Зимнан, 15 сол пеш барои фарзандони мардуми селзадаи деҳоти Шинг, ки ба ин ҷо кӯчонда, дар кӯтоҳтарин муддат барояшон хонаҳои нав сохтанд, таълимгоҳи нав қомат афрохта, бо иштироки Сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифта буд. Дар як деҳа тайи ҳамагӣ 15 сол ду таълимгоҳи замонавӣ! Ғамхорӣ аз ин зиёд мешавад? Насли калонсол хуб ёд доранд, ки муассисаҳои қаблан сохташуда 40 - 50 сол кор мекарданд.
Дар таълимгоҳи нави № 72 зимни шиносоӣ бо шароити таҳсил Пешвои миллат ба синфе даромаданд, ки дар он дарси математика мерафт. Вақте фаҳмиданд, ки ҳама хонандагон аз ин фан баҳои аъло доранд, аввал ҳайрон шуданду баъд ниҳоят хурсанд. Ҳам онҳоро таъриф карданд, ҳам омӯзгорашон Сафаралӣ Маҳмудовро. Бовар кунед, ҳамон лаҳзаҳо аз баҳои баланди Сарвари давлат ба самараи ранҷи ҳамкасбам натанҳо аз таҳти дил шод шудам, балки ифтихор ҳам кардам. На дар мактаби равияи махсуси риёзӣ, балки дар мактаби муқаррарӣ ба ин поя таълим додани математика, ки аз душвортарин фанҳост, бешубҳа, комёбии калони омӯзгори соҳибистеъдод аст.
Ман омӯзгори синфҳои ибтидоиям ва миёни хонандагони синфам ҳастанд бачаҳое, ки ба ин фан шавқи зиёд доранд, аммо на ҳама, чуноне, ки дар Саразм мушоҳида кардем. Омӯхтани тарзу усули дарсдиҳии чунин омӯзгорони соҳибтаҷриба имкон медиҳад, ки таълими ин фан ба сатҳи сифатан нав бардошта шавад. Ва ин кор бояд аз синфҳои аввал шурӯъ гардад. Зеро мустаҳкамии бино аз таҳкурсӣ аст.
Суханони неки Пешвои миллат дар ин вохӯрӣ то дер дар хотираи кулли омӯзгорони кишвар, хосса муаллимони фанни математика, нақш мебандад, рӯҳу илҳом мебахшад ва дучанд масъул месозад. Бо таъкиди масъулият ташаббуси басо ҳакимонаашонро дар назар дорам, ки дар ҷумҳурӣ бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқро эълон намуданд. Ин ибтикори ҳаётан муҳими Пешвои муаззам, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ фазои рақамӣ тамоми соҳаҳоро фарогир мешавад, дар соҳаи илму маориф таҳаввулотро ба амал меорад. Ба ибораи дигар, низоми таълими мо аз равияи гуманитарӣ, ки асрҳои зиёд авлавият дошт, тадриҷан ба низоми илмию техникӣ хоҳад гузашт, ки асоси онро илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ташкил медиҳанд. Ва хишти аввали гузариш ба марҳилаи нави таърихии тафаккури навро бояд омӯзгорон гузоранд. Дарки ҳамин масъулият ҳар яки моро водор месозад, ки барои шукуфоии пайвастаи Тоҷикистони соҳибистиқлол насли навҷӯю навсозро бо донишҳои амиқи замонавӣ ба камол расонем.
Сарвиноз НАҶМИДДИНОВА,
омӯзгори МТМУ № 47, шаҳри Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.12.2020 №: 245 Мутолиа карданд: 2502