ҳуқуқ
СУХАН , К – ОН АЗ САРИ АНДЕША Н – ОЯД...
Дар ҳошияи эътирози видеоии Абдусаттор Пирмуҳаммадзода – ронандаи таксии шахсии мусофирбар
Ташкилоту гурӯҳҳои иртиҷоие, ба гунаи ТЭТ ҲНИ, ки алҳол ба унвони Паймони миллӣ фаъолият дорад, ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки бо ҳамон шеваи пешин дубора рӯзҳои вазнинро ба сари миллати мо бозоранд. Барои онҳо теъдоди хуни рехта, кушта шудани ҳазорон бегуноҳон, бесаробон мондани занону модарон, хоҳарону бародарон ва кӯдакони маъсум, ба даҳсолаҳо қафо партофтани кишвар аз лиҳози иқтисодӣ ҳанӯз басанда нест.
Бо назардошти вазъияти ҳассоси ҷаҳон беҳтар мебуд, ки аз ин ҳама ба хулосае меомадем ва ба иғвою эҳсосот дода нашуда, дар ҳалли дилхоҳ мушкилоти пешомада аз дурандешию хирадмандӣ кор мегирифтем. Вақте имконияти кушодани гиреҳ бо даст мавҷуд ҳаст, ҳоҷат ба дандон намемонад. Гуфтанӣ нестем, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо камбудию норасоӣ, мушкилот мавҷуд нестанд ва мо аз онҳо сирф тавассути пойгоҳҳои хабарии мухолифини давлат огоҳ ҳастем. Лозим аст, ки дар рӯзҳои мушкил аҳлу тифоқ ва муттаҳид бошем ва илҳомбахши душманону бадхоҳони миллат нагардему бо иродаи қавӣ, таҳаммулпазирӣ, дурандешӣ роҳҳои безиёни ҳалли камбудию мушкилиҳоро ҷустуҷӯ намоем.
Боварии комил дорам, ки ҳамчун собиқ рӯзноманигори ботаҷриба Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ҳарчанд ки имрӯз бо тақозои зиндагӣ ба кирокашӣ бо мошини шахсиаш машғул аст, замоне мардуми кишварро ба суботу оромӣ даъват менамуд. Яъне, ба қадри сулҳу ваҳдат хуб сарфаҳм меравад. Аз баромадаш дарёфтем, ки аз пешаи дӯстдошта дур гардида, ба мусофирбарӣ гузаштаю ба мушкилот дучор омадааст. Бар сари эҳсосот бо эътирози худ аз тариқи интернет кори хуберо анҷом надодааст. Имрӯзҳо кам нестанд рӯзноманигороне, ки бо мақсади таъмини рӯзгори худ тарки касб кардаю ба корҳои дигари даромадашон бештар машғул ҳастанд. Таксиҳои мусофирбари давлатӣ ҳам дар шаҳру навоҳии кишвар зиёд ба назар мерасанд, ки аз лиҳози сифати зоҳирию техникӣ ва хизматрасонӣ аз ягон кишваре камӣ надоранд. Дар ҷаримабандии А. Пирмуҳаммадзода аз тарафи нозири БДА, пеш аз ҳама, худи ӯ гунаҳкор мебошад, ки мебоист фаъолияти соҳибкории худро қонунӣ мегардонд. Аз нигоҳи қонун нозири БДА барои ду маротиба дар ҳаҷми калон ҷаримабандӣ намудани А. Пирмуҳаммадзода гунаҳкор маҳсуб намеёбад, чунки дар доираи қонун ва дастури шаҳрдорӣ амал намудааст. Он чи ҳаҷми ҷаримаро ронандагон баланд меҳисобанд, масъалаи дигар аст, ки дар сурати зарурӣ бо назардошти муроҷиати хаттии шаҳрвандон аз тарафи мақомоти қонунбарори ҷумҳурӣ шояд таҷдиди назар карда шавад.
Аммо осону беҳтар он аст, ки қоидаҳову қонунҳоро риоя бикунӣ ва корро то ба ҷаримабандӣ набарӣ. Магар дигарон аз ӯ дида дар зинаи поёнтар қарор доранд, ки қоидаҳову қонунҳои роҳро риоя мекунанд? Агар ҳам чандин ҳазор ронанда ғайриқонунӣ фаъолият намудаанду ҷаримабандӣ шудаанд, худро гунаҳгор донистаанд, на намояндагони мақомоти болоиро. Инчунин, мисли А. Пирмуҳаммадзода доду вовайло накардаанду дигаронро нахостаанд ба иштибоҳ рӯ ба рӯ бисозанд. Айнан, дар ҳолатҳои зайл вобаста ба ҳаллу фасли дигар мушкилоти пешомада дар доираи тартиби қонунгузории муайяншуда амал кардан салоҳи кор мебошад, на бо роҳҳое, ки ба бесуботӣ мебаранд. Ба қавли шоир:
Сухан к, – он аз сари андеша н – ояд,
Навиштанрову гуфтанро нашояд.
Насиба НАЗАРЗОДА,
рассом, корманди
маҷаллаи “Хорпуштак”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.12.2020 №: 245 Мутолиа карданд: 1135