logo

фарҳанг

 РАҒЗАБОФӢ


Матои рағза бештар барои дӯхтани чакман истифода мешавад ва он яке аз афзори болопӯши чӯпонҳо ба шумор меравад, чунки барфу боронро аз худ намегузаронад.
Дар ноҳияи Варзоб занҳо дар дукони заминӣ рағзаҳои нисбатан дурушт мебофтанд, ки он барои пайтоба истифода мешуд. Дар деҳаҳои ноҳияи  Дарвоз аз матои рағза шалворҳои ғафси пашмин медӯхтанд, ки он «шорағза» ном дошт ва барои иҷрои корҳои вазнин дар фасли зимистон, алалхусус барои човандозҳо дар мусобиқаи бузкашӣ хеле мувофиқ буд.
Рағза матои дурушти пашминиест, ки риштааш аз пашми гӯсфанд тайёр мешавад. Ҳунари рағзабофӣ, асосан, дар байни тоҷикони кӯҳистон ва қисман водиҳо, ки ба парвариши гӯсфанд  шуғл доранд, аз замонҳои қадим маъмул буд. Рағзабофӣ кори занҳо буда, одатан онҳо дар фасли зимистон ришта ресида, аз он дар дукон матои рағза мебофтанд. Нахуст пашми гӯсфандҳоро тарошида, аз он тавассути дук (дар баъзе ҷойҳо онро «орчуқ» ё «урчуқ» меноманд) ё чалак риштаи пашмин мересиданд. Риштаҳои омодашударо  ба дукони рағзабофӣ васл карда, ба бофтани рағза шурӯъ менамуданд.
Қисми асосии дастгоҳ аз чорчӯба ва шохчаҳо иборат мебошад. Шохаҳо аз чӯбҳои нафиси буттаи ирғай омода мегардид, ки миқдори он 75 ададро ташкил мекард. Шоха тақрибан 40 сантиметр дарозӣ дошта, баландияш 26 - 27 сантиметр буд.  Ҳалқаҳои риштаҳо ба чилла баста мешуд, ки аз байни онҳо «мафтулак»-торҳо мегузаштанд. Пудҳоро ба мокуҳо мепечонданд ва бофанда пудро бо дастонаш оҳиста-оҳиста мекушод. Бари матои рағзаи бофташуда  як ваҷабу чор ангушт, яъне 25 - 30 сантиметр ва дарозии он ба ҳашт газ баробар буд.
Рағзаи омодашударо аз дукон кушода, дар буғи оби ҷӯшон дам медоданд ва баъд аз он дар хонаи гарм рӯи тахтаи ҳамвор мегузоштанд ва бо пой мефишурданд. Рӯзи дигар матоъҳоро дар болои бом паҳн карда, мехушконданд. Сипас, рағзаро кашида, баробар менамуданд ва ба чӯби ғафсе мепечонданд.
Дар Мастчоҳ, онро «эзори шорағза» меномиданд, ки бештар шикорчиён онро аз болои шалвори пахтагин дар ҳавоҳои сард мепӯшиданд. Аз рағзаи дурушт, инчунин, линга, хурҷин, чоруқбанд ва арғамчин тайёр менамуданд.
Рағза се ранг дошт: сафед, сиёҳ ва тиранг. Навъи аз ҳама арзишманд ва хушнамудаш рағзаи сафед ба шумор мерафт, ки он дар дуконҳои муқаррарӣ ба мисли карбос бофта мешуд. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2020    №: 245    Мутолиа карданд: 706
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед