logo

мулоқотҳо

 МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛЛОҲ АБДУЛЛОҲ


22 декабр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунуниву дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истиқболи гарм аз музокироти сулҳи байниафғонӣ ва баргузории нахустин  ҷаласаи  Шӯрои  Олии  мусолиҳаи миллӣ, самимона хостори раванди ба даст овардани сулҳи деринтизор дар кишвари ба мо дӯсту бародари Афғонистон шуданд. Таъкид гардид, ки натиҷаҳои созандаи музокироти сулҳ на танҳо барои Афғонистон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайомадҳои нек дошта метавонад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба амалҳои гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ва дигар шабакаҳои терроризми байналмилалӣ, ки барои Афғонистону минтақа манбаи асосии таҳдиду нигаронии ҷиддӣ аст, табодули андеша карда, тақвияти муборизаи муштаракро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории васеъ ва амалии кишварҳоро дар соҳаи амниятӣ зарур шумурданд.
Аз муколамаи мунтазами сиёсии байни давлатҳо, ки омили муҳими баррасии масоили калидии муносибатҳои дӯстона ва роҳҳои таҳкиму тақвияти минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд, изҳори қаноат карда шуд.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ татбиқи тарҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ба хотири эҷоди долонҳои нави нақлиётию транзитӣ байни кишварҳо муҳиму зарурӣ унвон карда шуд.
Дар шароити имрӯзаи пандемияи бемории сироятии коронавирус пешниҳод гардид, ки дар самти пешгирии ин беморӣ ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ тақвият бахшида шавад. Ҳамчунин, омодагии Тоҷикистон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, иттилоот ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ таъкид гардид.
Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2020    №: 245    Мутолиа карданд: 3538
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед