logo

маориф

 МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ. ОЯНДА АЗ ИМРӮЗ ОҒОЗ МЕШАВАД


Рушди таҳсилоти томактабӣ дар шумори масъалаҳоест, ки дар баробари масоили ҳалталаби дигар зинаҳои таҳсилот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем».
Ба ин масъалаи муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудани Сарвари давлат бесабаб нест. Дарвоқеъ, муассисаҳои томактабӣ дар соҳаи маориф зинаи аввали таълиму тарбия ба шумор мераванд ва дар инкишофи дурусти шахсияти кӯдакон нақши созгор доранд. Маҳз дар ҳамин зинаи таҳсилот ба кӯдакон тарзи дуруст нишастан, сухан гуфтан, эҳтироми калонсолонро ба ҷо овардан ва дӯст доштани табиат омӯзонда мешавад. Ба ибораи дигар, ташаккули  ҷисмонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кӯдакон аз ҳамин синну сол оғоз ва, сипас, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ инкишоф меёбад. Барномаҳои таълимию тарбиявӣ, ки ҳоло дар соҳа ҷорӣ гардидаанд, дар пиёда намудани ин мақсади асосӣ кумак менамоянд. Аз рӯи мушоҳидаҳо кӯдаконе, ки дар муассисаҳои томактабӣ таълим гирифтаанд, аз дигар кӯдакон ба куллӣ тафовут доранд. Хусусан, аз ҷиҳати инкишофи нутқ. Аммо, мутаассифона, ҳоло муассисаҳои томактабии кишвар имкони пурраи ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдаконро надоранд. Албатта, ҳамасола дар кишвар муассисаҳои зиёди томактабӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Танҳо  ҳамин сол 12 чунин муассиса сохта шудааст. Аммо ин ҳанӯз кифоя нест. Албатта, барои ҷалби бештари кӯдакон ба таълиму тарбия дар кишвар марказҳои инкишофи кӯдакон низ амал мекунад. Бо вуҷуди ин, дар самти фаро гирифтани кӯдакон ба кӯдакистонҳо мушкилӣ дорем. Ҳиссаи хеле ками кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ҷалб шудаанду ҳолат беҳбудиро тақозо мекунад. Ва ин мо – мутахассисони соҳаро ба ташвиш овардааст. Ба ин хотир ва барои беҳбудии соҳа пешниҳод менамоям, ки соҳибкорону мардони боору номуси на танҳо пойтахти кишвар балки навоҳӣ низ дар сохта ба истифода додани муассисаҳои томактабӣ мусоидат намоянд. Дар ин самт дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин роҳнамост. Пас, биёед бо дарки дурусти масъала ва эҳсоси баланди ватандӯстиву созандагӣ дар ҳалли ин мушкил паҳлуи Пешвои муаззами миллат ва давлату Ҳукумати кишвар бошем. Кӯдакон ояндаи мо мебошанд. Оянда бошад, аз имрӯз оғоз мешавад. Биёед барои ояндаи худ ва миллатамон аз имрӯз заминаи мусоид фароҳам орем. Ман боварӣ дорам, ки чунин амали нек на танҳо боиси рафъи мушкил ва рушди соҳа, балки болидахотирии кӯдакони мо низ хоҳад шуд.
Шаҳло ЁРОВА,
мудири ширхоргоҳ – кӯдакистони
№ 129, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2020    №: 246    Мутолиа карданд: 2577
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед