logo

маориф

 “ФИЛОЛОГИЯИ ШАРҚ ДАР МАСИРИ ФАРҲАНГ ВА ТАМАДДУНҲО”


Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) таҳти ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор шуд.
Дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён, намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳот Раҳим Зулфониён, профессорону олимон аз макотиби олии кишвар ва хориҷи мамлакат ширкат карданд.
Зимни ифтитоҳи конференсия, ректори донишкада Жило Гулназарзода иброз дошт, ки дар замони ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ инъикоси муҳимтарин дастоварду ихтирооти илмӣ ва илмӣ-техникӣ, ҳамоишҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, баланд бардоштани савияи маърифату ҷаҳонфаҳмии илмии олимону мутахассисон ва тарбияи худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
- Дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва шиносоӣ бо фарҳангу тамаддуни мардуми дунё дар шароити кунунии робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам барои густариши ҳамкориҳои гуногунпаҳлу ва шинохту гиромидошти арзишҳои умумибашарӣ нақши муҳим мебозад, - афзуд Жило Гулназарзода.
Муҳаммаддовуд Саломиён ба раванди баргузории конференсияи байналмилалӣ баҳои баланд дода, дар бораи забон, тарҷума ва рушди онҳо дар замони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.
Ҳамчунин, дигар иштирокдорон дар мавзӯъҳои “Ҷойгоҳи забон ва фарҳанги миллӣ дар масири фарҳангҳо ва тамаддунҳо”, “Мавзӯи ҳикоят ва романҳои адиб Абдул Бисмиллоҳ”, “Нигоҳи Кришан Чандар ба бархӯрдҳои мазҳабӣ дар Ҳиндустон”, “Робитаҳои Чин ва Тоҷикистон дар даврони истиқлол”, “Бозтоби унсурҳои тамаддуни шарқӣ ва фарҳанги миллӣ дар ашъори Назирии Нишопурӣ” ва “Перевод и диалог цивилизации”  сухан ронданд.
Боиси зикр аст, ки дар конференсия намояндагони Россия, Чин, Ҳиндустон ва Швейтсария тариқи онлайн ширкат карда, вобаста ба масоили мавриди назар маърӯза карданд.
Доро СӮҲРОБӢ,
Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2020    №: 246    Мутолиа карданд: 2532
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед