logo

фарҳанг

 ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
КРОССВОРДИ «АРЧА»
АЗ ЧАП БА РОСТ:
 4. Он, ки роҳ нишон медиҳад. 7. Исми мардона. 8. … и Беҳбаҳонӣ, шоири шинохтаи асри ХХ – и эронӣ. 9. Вазорате, ки тақсимоти маблағро ба нақша медарорад. 12. Номи дигари моҳӣ. 13. Шаҳр дар Арабистони Саудӣ.  15. Мошини сабукрави хориҷӣ. 17. Зодгоҳи Муҳаммад Иқбол. 18. Баргардон аз забони дигар. 19. «Сару … и сомонӣ сар омад» (М. Қаноат).  22. Тарбиятгар. 23. Шакли ҷамъи тадбир. 27. Шоир ва олими машҳури рус. 30. Як намуди гули худрӯй. 31. Шоири тоҷик. 36. Муқобили поён. 37. … Амиршоев, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ. 38. Нашриёт. 39. Муаллифи  достони «Панҷи ноором».
40. Одами саросема. 41. Шайхурраис. 42. Шакли адабӣ.    
 
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. … Турсун, адиби тоҷик.1. Фоида. 2. Истилоҳи  илми  забоншиносӣ. 3. Исми занонаи тоҷикӣ. 5. Ноҳия  дар Тоҷикистон. 6. Ҳодисаи табиат. 10. Гурӯҳи калони навозандагон. 11. … и Сомонӣ. 14. Тарзи муомилаву муошират. 16. Соҳаи  афзалиятнок. 20. Шакли ҷамъи лутф. 21. Нотаро гӯянд. 24. Раҳму шафқат. 25. Ҳисоби рӯз ба рӯзу  моҳ ба моҳ. 26. Бозор дар шаҳри Душанбе. 28. Он, ки мӯяш зард аст. 29. Сардор, саркор. 32. Истилоҳи илми мусиқӣ. 33. Шоири асри 
17 – и тоҷик. 34. Узви инсон. 35. Як навъи ҳайвони ваҳшӣ.
Мураттиб  Ҳотами  ҲОМИД,
корманди нашрияи «Омӯзгор»
 

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ

Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
Дар он рӯзи харобу хастаи поёни тирамоҳ бори дигар идрок кардам, ки не, ман гириста наметавонам. На ин ки аз гиристан меҳаросам, балки меангорам, ки гиристан шеваи зиндагии ман набудааст. На ҳой-ҳой навҳа кашида метавонам, на хомӯшона ашк рехта. Гоҳе маъюсона худро сарзаниш мекунам, ки чаро гириста наметавонам? Ақаллан барои тасаллии хотири хешу табор ва ёру дӯстоне, ки ба муносибат ё бадбахтие гирифтор шудаанд.
* * *
Ист як дам, як ду ҳарфи гуфтанӣ дорам ба ту,
Ҳарфи меҳролуд аз мағзи дили бетоқатам.
Гӯш кун ҳарфи муҳаббат аз дили н-олудае,
Аз дили сӯзони дар ёдат шуда нороҳатам.
 
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»,
аз 18 декабри соли 2020:
Раҳим Ҷалил, Муъмин Қаноат.
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40; Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
РОССИЯ: ТАБИБИ ТОҶИК БАРАНДАИ ҶОИЗА ШУД
Табиби тоҷик Фурқат Ғафуров, ки дар Федератсияи Россия ба сар мебарад, чанде пеш барои хизматҳои шоёнаш дар мубориза бо пандемияи коронавирус соҳиби ҷоизаи «Мо дар каноратон ҳастем» гашт. Маросими ҷоизасупорӣ 4 декабр тариқи онлайн сурат гирифт, ки дар он волии вилояти Москва Андрей Воробев иштирок намуд.
Фурқат хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, таҳсилро дар Россия идома додааст. Соли гузашта зери роҳбарии кардиологи машҳур Лео Бокерия рисолаи номзадиашро ҳимоя карда, ҳоло мудири шуъбаи кардиологияи Маркази вилоятии бемориҳои дилу рагҳои бемористони марказии ноҳияи Егорйеви вилояти Москва мебошад.
Бояд гуфт, ки барои дарёфти ҷоиза 10 ҳазор табиб номнавис шуда, 180 нафари он баранда гашт, ки табиби тоҷик ҳам дар ин радиф қарор дорад.
Маблағи ҷоиза 1 миллион рубли русиро ташкил медиҳад.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
 

АХМАТОВА

Пас аз анҷоми суҳбат бо ҷавонмарди шведӣ, ки мехост дар бораи Анна Ахматова китоб нависад, аз муаллима пурсиданд, ки меҳмон то чӣ андоза писандаш афтод?
-Ман дар умрам ин қадар ҷилои баланд доштани куртаи одии сафедро ҳатто намедонистам. Ба фикрам солҳои тӯлоние, ки мо меҷангидему инқилобҳо мекардем ва боз чанд соли дигар азоби гуруснагӣ мекашидем, шведҳо куртаи сафед шуставу дарзмол мекардаанд,- мегӯяд Анна Ахматова.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 

НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
РАНЕВСКАЯ ВА РЕКЛАМА

- Мо – инсонҳо аҷибем,- мегӯяд ҳунарманди маъруфи рус Фаина Раневская. -Ҳайвонҳои нодиру камчинро дар «Китоби сурх» эҳтиёт менамоему бечора боқимондаҳоро ҳамчун гӯшти парҳезиву бомазза барои «ғизои солим» гуфта, реклама мекунем.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 

«БОБОИ БАРФӢ»-РО ЧАРО СУД КАРДАНД?
Дар арафаи Соли нав (соли 2011) Алексей Пономарёв бо либосҳои Бобои барфӣ дохили яке аз фурӯшгоҳи бузурги Россия шуда, фурӯшандаҳоро бо силоҳ таҳдид карда, пул мепурсад. Духтаракони батаҳлукаафтода дар халтаи сурхи «пир»-и ришсафед, ки аслан аз он ба кӯдакон туҳфа медиҳад, маблағҳои нақдро (қариб 5,5 миллион рубл) меандозанд. Пас аз гирифтани маблағи калон «мӯйсафед» мегурезад ва посбонони фурӯшгоҳ таъқибаш мекунанд. Ба гуфтаи яке аз посбонон, баъди шунидани садои «Ист, мепаронам!» ҷинояткор лағжида меафтад. Дар натиҷа, миқдоре аз пулҳои бо «меҳнати ҳалол коркарда»-аш мерезад. «Бобои барфӣ» аз тарси ба даст афтодан, пулҳои рехтаро ба ҳоли худ гузошта, пои гурез рост кард. Аммо дур нарафт, мунтаҳо ба даст афтода, чор сол зиндонӣ шуд.
Аз русӣ тарҷумаи Фарзонаи УМАР
 

ЗОҒИ САФЕД. БАРОИ ДИДАНИ ОН БОЯД КАНАДА РАФТ
Ин навъи нодири паранда, ба гуфтаи аксбардор Майк Йип, ҳар сол дар ҷазираи Ванкувери Канада пайдо мешавад. Майк шуғли аксбардорӣ дошта, махсусан парандаҳоро акс мегирад ва зиёдшавии саршумори онҳоро пайваста назорат мебарад. Дар 10 соли охир, ӯ ҳар сол як ё ду чӯҷаи нави зоғи сафедро дидааст.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 

ИШТИБОҲИ СУД.
АЗ ТАҚДИРИ ТАЛХИ БЕГУНОҲ ТО ШИНОХТИ ҚОТИЛ БАЪД АЗ 18 СОЛ

Соли 2018 дар Лаҳистон Томаш Комендаи 41-сола баъд аз 18 соли зиндон сафед шуда, ба озодӣ баромад. Номбурда барои қатли духтари 15-сола айбдор мешуд. Фоҷиа рӯзи таҷлили Соли нав рух дода буд. Ба нақли шоҳидон, бори охир духтарро бо ду мард диданд, ки дар ҳолати сархушӣ тарабхонаро тарк мекарданд. Гунаҳгорро муддати дароз наёфтанд, то замоне, ки яке аз шоҳидон ба Томаш ишора карда, намуди зоҳирии вайро ба яке аз мардон монанд кард. Бо ҳамин далел Томашро дар куштор гунаҳгор дониста, ба муддати 25 сол зиндонӣ карданд. Ин дар ҳоле буд, ки нафарони зиёд тасдиқ мекарданд, ки ӯ идро дар хона бо дӯстонаш ҷашн гирифтааст. Вале ба суханони онҳо касе гӯш намедод. Модараш ба ҳукми суд таслим нашуда, дар ҷустуҷӯи ҳақиқат буд. Зеро медонист, ки писараш бегуноҳ аст. Кӯшишаш боис гашт, ки парванда аз сар бозбинӣ шавад. Таҳқиқи такрорӣ нишон дод, ки муфаттишони парванда, ба доми қотили духтар афтоданд. Ӯ ҳамоне буд, ки ба сифати шоҳид Томашро туҳмат зад.
Аз рӯи ин ҳодиса филми «25 соли бегуноҳӣ. Парвандаи Томаш Коменда» ба навор гирифта, имсол ба намоиш гузошта шуд.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
МИСРИ ҚАДИМ:
8 КАШФИЁТИ ШИГИФТОВАР

1. Истихроҷи оҳан аз метеорит. Бостоншиносон дар дахмаи қадима шабаҳои фулузӣ ёфтанд. Беназириаш дар он аст, ки дар Миср ба гудохтани оҳан танҳо баъд аз 2000 сол шурӯъ карданд. Пас ин шабаҳо аз куҷо пайдо шудаанд? Ҷавоб аз иероглифе бармеояд, ки бо он оҳанро ифода мекарданд - иероглиф чун «металл аз осмон» тарҷума мешавад. Яъне шабаҳоро аз метеорит месохтанд.
2. Истифодаи хамираи дандоншӯӣ. Далелҳое маҳфуз мондаанд, ки мисриён аллакай 5000 сол пеш то милод хамираи дандоншӯиро истифода мебурданд. Барои таҳияи он унсурҳои гуногуни дастрас, аз ҷумла пучоқи сӯзондаи тухм ба кор мерафт.
3. Табобат бо антибиотикҳо. Ихтирои антибиотик аз бузуртарин кашфиёти асри ХХ маҳсуб меёбад. Лекин ҳанӯз 50 қарн қабл табибони Мисри қадим ҷароҳати фасоддорро бо нони мағорбаста тарбандӣ карда, шифо медоданд.
4. Таъсиси нахустин политсия дар ҷаҳон. Он бори аввал дар замони Шоҳигарии Миёна (тақрибан солҳои 2050 – 1800 то мелод) пайдо шуд. Политсия аз содиқтарин сарбозон ва зархаридони хориҷӣ таркиб меёфт. Полисҳо бо сагу маймунҳо маъбаду майдонҳо, ашрофону корвонҳоро аз ҷинояткорон дифоъ мекарданд.
Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»
 

БАҲСИ МЕРОС.
ТАМОМИ САРВАТ БА КОМИ АДВОКАТҲО РАФТ

Уилям Ҷенненси англис, ки дар замони худ ниҳоят сарватманд буд, соли 1798 аз олам даргузашт. Ӯ, ки меросхӯр надошт, ба касе васиятнома нагузошт, то пулашро соҳибӣ кунад. Аз ин рӯ, суд набераи бародарзодаашро меросхӯр эълон намуд. Вале, дере нагузашта меросхӯри хурдакак ҳам зиндагиро падруд гуфт. Баъд аз ин, дороии Уилям Ҷенненс (2 миллион фунт) бояд байни хешовандон, ки бо гузашти моҳҳо зиёд шудан мегирифтанд, тақсим мешуд. Дар ҳамин ҳол, кори суд барои дуруст муайян намудани хешовандони Уилям 117 сол идома кард, ки дар ин муддат тамоми сарвати марҳум сарфи хизмати адвокатҳо шуд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 

ВОЛИДОНРО ИНТИХОБ НАМЕКУНАНД…
Зану шавҳар барои аз ҳам ҷудо шудан ба суд ариза доданд. Рӯзи мурофиа онҳо бо ягона писари ноболиғашон ба толори суд ҳозир шуданд. Судя аз писарак пурсид, ки бо кӣ мондан мехоҳад, модар ё падар? Писарак, ки бо волидонаш то он рӯз зиндагии хуби кӯдакона дошт, бисёр ғамзада шуд ва посухе надод. Судя гуфт, ки агар гуфта натавонӣ, пас дар коғаз бинавис. Писарак баъди ёдоварӣ аз лаҳзаҳои хуши зиндагӣ бо падару модараш ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва дар ҳолате, ки гиря мекард навишт: «Волидонро интихоб намекунанд, ман бо оила будан мехоҳам».
Таҳияи Лашкар ШАРИФЗОДА
 

НОДИРТАРИН ҲАВЗИ ДУНЁ БАРОИ ДАЙВИНГ
Дар Варшава (Лаҳистон) чуқуртарин ҳавзи дунё барои дайвинг (оббозӣ дар қаъри об бо асбоби махсус), ки 45 метр умқ дорад, ифтитоҳ гардид. Ҳавз, ки Deepspot унвон дорад, барои аквалангҳову фридайверҳо ва барои онҳое, ки бори аввал ба умқи об ғӯта мезананд, пешбинӣ шудааст. Оби он 8000 метри мукаабро ташкил дода, андозааш баробари даҳ ҳавзи олимпӣ мебошад.
Барои онҳое, ки ба зери об шино намекунанд, нақби шаффофе ҳаст, ки аз он ҷо тар нашуда, аз дидани кӯл ҳаловат мебаранд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 

СУРЪАТИ ҲАРАКАТ.
АВВАЛИН МАРОТИБА КӢ БА ҚОИДАСИТЕЗӢ ДАСТ ЗАДААСТ?

28 сентябри соли 1896 бори аввал дар дунё  Уолтер Арнолд барои риоя накардани суръати ҳаракат дар роҳ ҷарима шудааст. Ӯ бо автомобили тамғаи «Arnold Benz» бо суръати 13 километр/соат ҳаракат кардааст, ки аз меъёри муқарраршуда чор маротиба зиёд ба шумор мерафт. Зеро соли 1986 суръати то 3 километр/соат иҷозат дода шуда буд. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки пешопеши мошин одаме бо байрақчаи сурх ҳаракат карда, атрофиёнро аз омадани мошин огоҳ мекард.    
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 

ҲАМ ИНУ ҲАМ ОН.
ПАКАНАЕ, КИ АЗ ҲАМА ҚАДБАЛАНД ШУД

Райнер Адам - ягона шахси машҳуре, ки дар давоми ҳаёти худ ҳам одами пакана ва ҳам калонҷусса будааст. Қади Райнер соли 1917, дар синни 18 - солагӣ 122,5 сантиметрро ташкил медод. Аммо бо сабабҳои номаълум яку якбора қадаш ба инкишоф сар карда, дар синни 32 - солагӣ ба 218 см ва то рӯзи вафоташ, яъне то 4 марти соли 1950 ба 234 см расидааст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 

МЕРГАН ЛЕОПАРДРО АЗ ПАНҶ МЕТР ПАРРОНД
Леопард дар минтақаҳои Солапур ва Аҳмаднагори Ҳиндустон 12 сокини осоиштаро ба марг мувоҷеҳ сохт. Бошандагони Барамат ба комиссияи давлатӣ ҷиҳати он ки масъулон барои доштан ё куштани ин ҳайвони ваҳшӣ хунукназарӣ мекунанд, шикоят карданд. Дар натиҷа, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ба хулосае омаданд, ки леопардро кушанд. 11 декабр  масъулони ҷангал Харшвардан Таваре ва Давалсинҳ Моҳите–Патил, ки ҳамчун мерган машҳур буданд даъват карданд. Кормандони ҷангал дом гузоштанду тирандозон ба шикор оғоз намуданд. Леопард чандин маротиба аз марг наҷот ёфт. Ниҳоят, пас аз як ҳафта ба мерганҳо муяссар шуд, ки аз масофаи панҷ метр ба леопард тир кушода, мардумро аз он наҷот диҳанд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
 
 
ПУЛИСРО БО ДУМИ КЕНГУРУ ЗАДАНД
АММО ҶИНОЯТ ОШКОР НАШУД, ЧАРО?

Понздаҳ нафар аборигени австралӣ, яъне ашхоси таҳҷоии Австралия,  аз мағозаи шаҳраки Перте думҳои яхкардаи кенгуру харид. Ҳангоми бозгашт ба хона онҳо ба нияти каме истироҳат кардан дар рӯи роҳи асфалтпӯш дароз кашида кӯфти роҳ баровардан хостанд. Зеро рӯи роҳ гарм буду шабона ба бадан форам мерасид. Аммо мошини нозирони роҳ монеи кайфияти онҳо шуд. Аборигенҳо аз ҳаракати мошин ба хашм омада, ба се пулис дарафтода, онҳоро бо думи яхбастаи кенгуру заданд. Вале ҳодиса бо ин анҷом наёфт. Пулисҳои шатахӯрда ба суд шикоят оварданд. Вале, мурофиаи судӣ бе натиҷа шуд, зеро натавонистанд, ки олоти ҷиноят – думи яхини кенгуруро ҳамчун маводи шайъӣ пешниҳод намоянд. Думҳои яхкарда кайҳо истеъмол шуданд.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
 

ДАР 800 СОЛ ЯК МАРОТИБА
САТУРН ВА МУШТАРӢ ШАБЕҲИ ЯК САЙЁРА МЕШАВАНД

Шаби 21 ба 22 декабр аҳолии тамоми дунё зуҳуроти нодир - баҳамназдикшавии ҳадди ақали ду сайёраи системаи офтобиро метавонистанд, мушоҳида намоянд. Баҳамназдикоии сайёраи Муштарӣ (Юпитер) ва Сатурн тақрибан 17 декабр шурӯъ шуд. Алҳол онҳо то он дараҷае ба ҳам наздик омаданд, ки аз баъзе нуқоти Замин диданашон ба монанди як сайёра буд.
Сатурн ва Юпитер тақрибан 20 сол як бор ба ҳам наздик мешаванд ва наздиктарин фосилаи баҳамоиашон қариб 800 сол пеш – соли 1226 ба мушоҳида расид. Дар оянда чунин рӯйдод баҳори соли 2080 ба миён меояд, вале дигар ба як сайёра мубаддал намегарданд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 

ИҚТИБОСҲОИ ИЛҲОМБАХШ
80 дарсади муваффақият ин дар ҷойи лозимӣ ва вақти зарурӣ пайдо шудан аст.
Вуди Аллен
 
То он даме, ки шумо ҷуръати аз назар гум кардани соҳилро пайдо накунед, ҳеҷ гоҳ уқёнусро убур нахоҳед кард.
Христофор Колумб
 
Калимаи «имконнопазир» дар захираи луғавии ман нест.
Наполен Бонапарт
 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2020    №: 247    Мутолиа карданд: 1012
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед