logo

маориф

 ТАРБИЯ. АЗ ШЕВАИ ДУРУСТ КОР БОЯД ГИРИФТ


Душвортарин ва дар айни замон муқаддастарин масъулияти падару модар ин тарбияи дурусти фарзанд аст. «Тарбия ҳам ҳунар аст ва он роҳу равиши хоси худро дорад», - мегӯянд коршиносон. Онҳо андеша доранд, ки дар тарбия аз шеваҳои дуруст роҳ нагирифтан, тифлро дидаю дониста ба коми бало тела додан аст.  Вақеан ҳам, чунин аст.
Мушоҳидаҳои мо  нишон медиҳанд, ки  ҳоло баъзе волидон дар тарбияи фарзандон аз шеваҳое кор мегиранд, ки онҳо натиҷаи бад ба бор меоранд.  Чунончи, солҳои охир бисёре аз волидон ба фарзандонашон, ки ҳанӯз ба синни камолот нарасидаанд, барои истифода телефони мобилӣ, планшету компютерҳои қимат туҳфа мекунанд. Албатта, ин кори ношоистае нест ва дар рушди дониш ва ҷаҳонбинии техникии кӯдакону наврасон нақши басо созгор дошта метавонад. Аммо ташвишовар он аст, ки волидон чӣ гуна ва бо кадом мақсад истифода шудани онҳоро аз ҷониби фарзандон на ҳамеша назорат мекунанд. Ин дар ҳолест, ки асри XXI  - асри иттилоот  мебошад ва ҳамарӯза садҳо хабари дурӯғ, ки танҳо ба хотири ноором намудани авзои ҷомеа пешбинӣ шудааст, дар шабакаҳои интернетӣ паҳн мешаванд. Ин ҳамаро наврасони мо, ки ҳанӯз донишу ҷаҳонбиниашон мукаммал нагардидааст ва қобилияти дуруст таҳлил намуданро надоранд, мехонанду аз бар мекунанд. Табиист, ки ин ба наврасон бетаъсир намемонад. Ва ҳам наврасон маҳз тавассути интернет, ки ба телефон, компютеру планшет пайваст намудани он кори чанддақиқаина аст, садҳо филму бозиҳои хусусияти зӯроваридошта мебинанд. Онҳо ба рӯҳу равони бачаҳо таъсири бад мерасонанд. Баъзан кӯдакони мо тамоми умр аз зери таъсири он бурун рафта наметавонанд. Ин ҳолат маҳз ҳамон шеваи нодурусти тарбияро мемонад, ки фарзандони моро метавонад аз роҳи рост дур намояд. Албатта, ҳеҷ кадоме аз падару модарон барои фарзанди худ чизи баде намехоҳанд. Шояд ба ҳамин хотир ва барои ҳамқадами ҷомеа будан ва ё ба хотири фароҳам овардани ниёзҳои моддиашон ба  кӯдакон телефону планшет тақдим намоянд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки назорати чи гуна истифода бурдани он як ҷузъи тарбия аст, ки волидон нисбаташ бетараф набошанд. Ин, албатта, ҳаргиз маънои дар баробари фарзанд худхоҳ буданро надорад. Ва ҳам ҳаргиз гуфтанӣ нестем, ки фарзандонамон бояд ҳатмӣ ҳамон тавре бошанд, ки мо мехоҳем. Аммо дар ҳине, ки ҳанӯз баду некро фарқ карда наметавонанд, бояд ба онҳо роҳи дурустро омӯхт, то дар оянда фарди бомаърифате шаванд.
Чизи дигаре, ки дар тарбияи дурусти кӯдакон нақши созгор дорад, ин хонаводаи солим мебошад. Дар хонаводаи солим кӯдакон ҷойгоҳи муайян доранду ба тарбияи дурусташон эътибори ҷиддӣ дода мешавад, ки ин дар ҳаёти минбаъдаи онҳо нақши ҷовидонӣ мебозад. Чунин фарзандон аз оилаи худ ҳамеша хотироти хуб доранд ва оянда дар тарбияи фарзандонашон метавонанд аз он истифода баранд.  
Дар оилаи носолим бошад, на ба таълим ва на ба тарбияи кӯдак аҳамияти ҷиддӣ дода намешавад, ки ин боиси нигаронист. Пас, биёед дар тарбияи фарзандон аз шеваи дуруст кор бигирем то ояндаашон зебову дурахшон бошад!
Зуҳро МИРЗОАЛИЕВА,
омӯзгори МТМУ № 56, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2020    №: 247    Мутолиа карданд: 2916
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед