ҳуқуқ
ИМА СОМОНАИ «РИСОЛАТ» - РО МАСДУД КАРД
Чанд рӯз қабл Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаъолияти сомонаи интернетии «Рисолат» (risolattj.com) – ро қатъ кард.
Тавре радиои "Озодӣ" хабар дод, ин торнамо, ки бо забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ матлаб нашр мекард, аз сӯи муфаттишони амрикоӣ дар баробари 92 сомонаи дигари марбут ба созмонҳои ҷосусии Ҷумҳурии Исломии Эрон зидди манофеи ИМА унвон шудааст. Дар ин сомона ба ҷуз хабару гузоришҳо аз Тоҷикистон ва дигар нуқоти ҷаҳон, ҳамчунин, изҳороту муроҷиатҳои иғвобарангези ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ нашр мешуданд.
Манбаъ шеваи фаъолияти ин сомонаи интернетиро усули монанд ба расонаҳои давлатии Эрон арзёбӣ мекунад.
«ҶУМҲУРИЯТ»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.12.2020 №: 247 Мутолиа карданд: 1358