logo

фарҳанг

“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”. АНДЕШАҲО БАЪДИ ҶАМЪБАСТИ САБҚАТ

Соли дуюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо шаҳомати хотирмон ҷамъбаст шуд. Бардоштани маҳдудияти синнусолӣ онро шавқовару ҷаззобтар кард. Рӯзҳои баргузории даври ниҳоии озмун қариб дар ҳамаи хонаҳо мардум баробари ҳакамон дар назди "оинаи нилгун" нишаста,  аз рӯйи диду дониш ба ҳунари иштирокчиёну амали устодон баҳо медоданд ва, муҳим аз ҳама, ин намоишҳо барои тарбияи насли наврас ибрати бебаҳое  буд  гӯем, хато намешавад. Дарвоқеъ, рафти озмун, ҷавобҳои иштирокчиён, амали доварон ҷамъбасти мутантани он, ҳавасмандкуниҳо аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Бовар дорем, ки солҳои минбаъда дар ин чорабинӣ талошҳои бештари мардумро шоҳид хоҳем шуд ва пас аз муддате натиҷаҳои дилхоҳ ба бор  хоҳад овард.

Озмун на танҳо ҳунари иштирокчиёнро ба намоиш гузошт, балки як зумра олимони муътабар, адибони номвари тоҷик, суханронию дониши фарохи онҳоро намоиш дод,   халқ бештар онҳоро шинохт. Ин ҳам як дастоварди муҳими озмун аст. Дарвоқеъ, аҳли диёр донист, ки мардони мутафаккир дар Ватани мо бисёранду  сазовори  эҳтиром мебошанд.
 Ба муҳташамии ин озмун, ки натиҷаи он сабаби  рӯ овардани аҳли диёр ба ин гуна чорабинӣ бештару беҳтар  хоҳад шуд, заррае шак  наоварда, чанд мулоҳизаи худро доир ба  боз ҳам хубтар  кардани сифати он иброз менамоям:
1. Маъракаи имсолаи рафти баргузории озмун бо воситаи аксари шабакаҳои телевизиони мамлакат намоиш дода шуд.  Ин падидаи нав аст, аммо агар онро пурра нишон медоданд, хуб мешуд. Пеши  ҳама гуна гапу калочаҳои беҳударо мегирифт.  Шукр, ки дар кишвар  шаш шабакаи ҷумҳуриявии телевизионӣ дорем ва имкони намоиши ҳамаи номинатсияҳои озмун мавҷуд аст. Дар ҳолати такроран чанд  маротиба намоиш додани марҳилаҳои он  барои мардум манфиати бештаре меовард. Барои ҳалли ин масъала ба  ҳар шабака намоиши як номинатсияро вобаста кардан  кофист.
2. Дар бораи шаффофияти озмун. Ба гуфтаи  роҳбари номинатсияи хондан ва аз ёд донистани осори адибони муосири озмун Боймурод Шарифзода, ҳакамон то як соат дониши баъзе иштирокчиёнро санҷидаанд. Бояд чунин ҳам бошад, зеро танҳо дар натиҷаи санҷидану омӯхтани маҳорату малакаи иштирокчӣ дониши онро муайян кардан мумкин аст. Аммо бо чӣ сабаб баҳои иштирокчӣ ба воситаи телевизион эълон карда намешавад?  Аксари баҳоҳо: “Хеле хуб, ба шумо барор мехоҳем”, “Офарин” ва танҳо гоҳо “Оянда беҳтар омодагӣ бинед” иктифо мешавад.  Бо ин усули баҳогузорӣ  кулли  иштирокчиён гумон мекунанд, ки аз онҳо беҳтаре нест. Чӣ мешуд, агар аз рӯйи меъёри муайянкардаи кумитаи тадорукот бевосита дар назди иштирокчӣ баҳои ӯ аз ҷониби ҳакамон эълон шавад. Низоми баҳодиҳиро аз рӯи қисматҳои аз ёд донистани матн, фаҳмидани моҳияти асар, сужаи он, амали қаҳрамонҳо, ғояи китоб, аҳамияти асар, нутқи бурро ва ғайра муайян кардан мумкин. Ин таҷриба дар ҷаҳон ва дар кишварамон ҳаст. Бо воситаи бардоштани варақа ё тахтачаи холҳо аз ҷониби ҳар як ҳакам ва ҷамъбасти он аз ҷониби  раиси доварон ва ё котиби дастаи ҳакамон онро метавон ташкил кард. Шояд гӯянд, ки вақт  меравад, аммо фаромӯш набояд кард, ки  вақти ба манфиати шаффофият сарфшуда баҳои арзишмандтар  дорад. Дар ин ҳолат, худи иштирокчӣ низ  баҳои дараҷаи донишашро мефаҳмад.
3. Ниҳоят, таҷдиди назар кардани низомномаи озмун аз рӯи таҷрибаи ҳосилшуда ногузир аст. Дидем, ки аксари иштирокчиён муҳассилини макотиби кишваранд. Ба андешаи мо, иштирокчиёни синни томактабиро алоҳида кардан зарур, зеро чи дар раванди хондани онҳо ва чи дар усули пурсиши онҳо риояи низоми хоси равонӣ зарур аст. Инчунин, талаботи озмун дар номинатсияи шоирӣ бояд аз нав дида баромада шавад. Доштани достон, мухаммасу мусаддасу тарҷеъбанду таркиббанд аз иштирокчии ҷавони озмун чӣ маъно дорад? Ҳол он ки бисёр шоирони унвондору  номии кишвар  чунин жанрҳои шеърӣ надоранд.
Дар сабқат насрнависон ва рӯзноманигорони ҷавонро ҳамроҳ кунем, хуб мешуд.

Султонмурод ОДИНА,
Корманди  шоистаи Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2020    №: 248    Мутолиа карданд: 587
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед