logo

иқтисод

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. ҶАШНИ МУҚАДДАС ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

Имрӯзҳо дар саросари мамлакат бахшида ба Ҷашни фархундаи  30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қавле, инқилоби корҳои созандагиву ободкориҳо бомаром идома дорад. Меҳнаткашони ноҳияи Восеъ низ баъди ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2017, № 1059, дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ин ҷашни бузург имрӯз корҳои зиёди ободониву бунёдкорӣ ва созандагиро муташаккилона роҳандозӣ намуда, баҳри ободу зебо гардондани симои зоҳирии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон, ҳамзамон, таъсиси ҷойҳои нави кор, як қатор корҳои муайянеро ба анҷом расонданд.
Бино ба иттилои раиси ноҳия Шафоатулло Азизулло, дар ноҳия бахшида ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 460 иншооти таъйиноташон гуногуни банақшагирифташуда, то имрӯз 316 - тоаш мавриди истифода қарор дода шудааст. Айни замон дар 144 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Бо мақсади шиносоӣ бо иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва дастовардҳои соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ, 24 сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд. Бояд тазаккур дод, ки мардуми сарбаланди ноҳия меҳмони олиқадрро дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ва дастовардҳои бузурги бунёдкориву созандагӣ пешвоз гирифтанд. Дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат, дар ноҳия нахуст барои бунёди муассисаи нави замонавии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Ибрати деҳоти Тугарак санги асос гузошта шуд. Сипас, аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат дар ҳамин деҳа дар заминаи ҶСК «Хоҷа – Муъмин» ба маблағи 3 миллиону 426 ҳазор сомонӣ корхонаи истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ин корхонаи нави саноатии истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ дар заминаи фазои мусоиди сармоягузорӣ ва имтиёзҳои давлатӣ бо технологияи навтарини истеҳсолӣ муҷаҳҳаз шуда, бо хатҳои пуриқтидори истеҳсолӣ амал мекунад. Фаъол шудани иқтидори нави саноатӣ дар ноҳияи Восеъ намунаи олии сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат буда, дар асоси имконоти фарохи фаъолияти соҳибкорӣ, хосса шарикии давлат бо бахши хусусӣ, муваффақона амалӣ гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, таъминоти ашёи хоми корхона аз хориҷи кишвар, махсусан аз ҷумҳуриҳои Россия, Чин ва Ӯзбекистон сурат мегирад. Дар ин корхонаи саноатӣ беш аз 90 сокини маҳаллӣ, баъди давраи омӯзиш ва азхудкунии нозукиҳои соҳа, ба шуғл фаро гирифта шуд. Дар идомаи сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Восеъ ҳамон рӯз боз корхонаи саноатии истеҳсоли шифери асбестиро дар шаҳраки Ҳулбук аз тарафи соҳибкор Деҳқоншо Муминов ба маблағи 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, бинои маъмурии прокуратураи ноҳия ба маблағи 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, бинои истиқоматӣ барои кормандони шуъбаи раёсати КДАМ бо дастгирии соҳибкорон бо маблағгузории Ҳукумати кишвар, ҳамзамон ҶДММ «Бинокор» ба маблағи як миллиону 800 ҳазор сомонӣ, бинои маъмурии комиссариати ҳарбии ноҳия дар шаҳраки Ҳулбук аз тарафи Вазорати мудофиа, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ба маблағи 960 ҳазор сомонӣ, бинои қасри фарҳанг барои 500 ҷои нишаст ба маблағи 9 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, гулгашт ва муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ, бинои МТМУ № 70 дар деҳаи Заркамари деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев аз тарафи соҳибкор Қурбон Мирзоалиев ба маблағи 7 миллион сомонӣ, бинои таваллудхона барои 14 кат дар деҳаи Арали деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев аз тарафи соҳибкор Бек Холбобоев ба маблағи 1 миллиону 50 ҳазор сомонӣ, бинои МТМУ № 15 дар деҳаи Тосқалъаи деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев, фармоишгар Дирексияи сохтмони иншоотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо харҷи 20 миллион сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки онҳо аз ҷумлаи иншоотҳои ҷашнӣ дар соли 2020 мебошанд. Ҳамчунин, барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ ва гузоштани қадамҳои устувор дар роҳи саноатикунонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чораҳои зарурӣ андешида мешаванд, - гуфт раиси ноҳия Шафоатулло Азизулло. Феълан дар ҳудуди ноҳияи Восеъ 33 корхона ва коргоҳи хурду миёнаи саноатӣ фаъолият менамояд, ки аз онҳо 5-тоаш мавсимӣ буда, самти фаъолияташон коркарди ашёи хоми пахта мебошад. Дар ин корхонаҳои саноатӣ, беш аз 550 нафар шаҳрванди ноҳия бо ҷои  кор таъмин мебошад. Корхонаи саноатии ҶСК «Хоҷа – Муъмин» низ яке аз корхонаҳои азими саноатӣ дар ноҳияи Восеъ ба ҳисоб меравад. Корхона ба истеҳсоли намаки ошӣ машғул мебошад. Бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат, ташаккулу пурра фаъолият кардани корхонаҳои мавҷуда ва бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ мондани истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, аз ҷумла захираҳои ниҳоят бузурги намак ва содироти он, аз тарафи мақомот тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Давоми солҳои 2014 – 2020 аз тарафи корхонаи саноатии коркарди намаки ҶСК «Хоҷа Муъмин» ба хориҷи кишвар, бахусус Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон, зиёда аз 4,4 ҳазор тонна намаки ошии хушсифат содирот шудааст. Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия 6 корхонаи хурди саноатӣ бо таъсиси 66 воҳиди корӣ ба фаъолият пардохт, ки самти фаъолияташон истеҳсоли нахи пахта ва маҳсулоти ширӣ мебошад. Ҳамаи созандагиву бунёдкориҳо бо дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша амалӣ гашта истодааст, - афзуд Шафоатулло Азизулло.

Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2020    №: 248    Мутолиа карданд: 595
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед