logo

ҳуқуқ

ҲАБСИ АБАД. ДУ РАФИҚИ ОДАМКУШ ҶАЗОИ САЗОВОР ГИРИФТ

Суди шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Дониёр Сафаров ва Саъдулло Раупов, солҳои таваллудашон 1992, истиқоматкунандагони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, деҳаи Деҳнаваки Болоро баррасӣ кард. Гунаҳкории ин ду рафиқ дар куштори ду бону, ки яке аввали соли 2018 ва дигар январи 2020 содир шудааст, бо далелҳои раднопазир исботи худро ёфт.
Тафтишот муайян кард, ки Дониёр Сафаров бо шаҳрванд Замирамоҳ Ҳайдарова, соли таваллудаш 1991 моҳи июни соли 2010 шинос мешавад. Пас аз ҳафт соли ошноӣ З. Ҳайдарова бо далелҳои ба тафтишот маълум муносибаташро бо Д. Сафаров тағйир медиҳад. Дониёр аз рӯи рашк мунтазам дӯстдухтарашро мавриди латукӯб қарор дода, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани ӯ ҳамроҳи рафиқаш Саъдулло Раупов нақшаи куштор ва пинҳон кардани ҷасади ӯро тарҳрезӣ менамояд.
Онҳо бо мақсади амалӣ намудани қасди куштор моҳи январи соли 2018 З. Ҳайдароваро барои хӯроки шом ба шаҳри Ҳисор даъват карда, ҷиҳати осон гардидани мақсадҳои ҷинояткоронаи худ якҷоя нӯшокии спиртӣ истеъмол намуда, номбурдаро то ба ҳолати сахти мастӣ мерасонанд. Сипас, ӯро маҷбуран дар бағоҷи мошин ҷо карда, ба макони беодам, яъне ҳудуди теппаҳои назди деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб мебаранд.
Дониёр Сафаров аз рӯи бадбинии қаблӣ, бо мақсади қасди куштор шароити мусоид муҳайё сохта, дидаю дониста, ки ҷавонзан дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад ва ҳаракатҳои худро дарк карда наметавонад,  буғӣ карда, аз ҳаёт маҳрум месозад. Рафиқаш, ки дар ҷои ҳодиса ҳузур дошт, ба ӯ кумак расонда, барои пинҳон кардани ҷиноят ҷасадро аз ҷои ҳодиса ба масофаи тахминан 100 метр дуртар кашола карда, аз баландии 50 метр ба ҷарӣ мепартоянд.
Судшаванда Дониёр Сафаров баъди ҳосил намудани бовар ба марги Замирамоҳ, бо мақсади гумроҳ намудани наздикон ва пайгирӣ накардани ҳолати куштор аз телефони мобилии марҳум ба шиноси ӯ Фарзона Аминова бо матни: «Наздиконаш хаввос (хавотир) нашаванд, шавҳар кардаасту дигар ӯро накобанд» паёмак ирсол менамояд.
Зимни тафтишот аз дохили чуқурии теппаҳои шафати деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб ҷасади ба устухонпораҳо мубаддалгаштаи Замирамоҳ дарёфт шуд.
Шарикҷинояти ӯ Саъдулло Раупов, ки ба мусофиркашонӣ машғул буд, 4 апрели соли 2020 шаҳрванд Меҳрафрӯзи Холмирзо, соли таваллудаш 2001, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Исмоили Сомониро ба мошинаш савор карда, ба самти манзили истиқоматии мусофир мебарад. Дар роҳ С. Раупов бо Меҳрафрӯз шинос шуда, ӯро ба теппаҳои маҳаллаи Деҳнаваки Боло, деҳоти Айнӣ, ноҳияи Варзоб бурда, пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ менамояд. Вале, духтар пешниҳодашро рад карда, дашномҳои қабеҳ медиҳад.
Ҷинояткор Саъдулло Раупов дар ҳолати ғазаб ду маротиба ба қафаси синаи ӯ бо мушт пай дар пай зада, қасди куштори ӯро мекунад. Бо  мақсади амалӣ намудани ин кирдор, бо роҳи буғӣ кардан ӯро ба ҳалокат мерасонад. Ӯ ҷасади беҷони Меҳрафрӯзро ба ҷарии теппае, ки қаблан ҷасади Замирамоҳ Ҳайдароваро ҳамроҳи рафиқаш пинҳон карда буданд, зери хок мекунад.
Ҳамин тариқ, бо ҳукми суд Дониёр Сафаров бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в, з” Кодекси ҷиноятӣ ба муҳлати 22 сол ва Саъдулло Раупов бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,з,п” Кодекси ҷиноятӣ якумра бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш махсус аз озодӣ маҳрум шуданд.

Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2020    №: 248    Мутолиа карданд: 933
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед