ҳуқуқ
БАҲСИ МАНЗИЛ. ХОНАЕ, КИ ДАҲ СОЛ ПЕШ ХАРИДАМ, СОҲИБИ НАВ ПАЙДО КАРД
Таҳти ҳамин унвон сокини шаҳри Душанбе Диловаршои Раҳматхон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз 27 ноябри соли 2020, № 229 (24084) ба нашр расид. Ин матлаб дар якҷоягӣ бо парвандаи гражданӣ дар Суди Олӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Муайян гардид, ки бо ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсӣ, аз 15 майи соли 2019 даъвои Елена Валаматова бо ҷавобгарии Алихон Иброгимов, Тоҳир Гулов ва идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар бораи барқарор намудани муҳлати даъво ва беэътибор донистани шартномаҳои харидуфурӯши манзили истиқоматӣ қонеъ гардида, даъвои муқобили даъвои Диловаршои Раҳматхон дар бораи бадастоварандаи бовиҷдон эътироф намудан рад шудааст.
Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе, аз 15 октябри соли 2019 ҳалномаи мазкур бетағйир, шикояти кассатсионии Д. Раҳматхон ва Т. Гулов беқаноат мононда шудааст.
Диловаршои Раҳматхон бо санадҳои судии номбаршуда розӣ нашуда, нисбат ба онҳо 12 октябри соли 2020 ба Суди Олӣ шикояти назоратӣ пешниҳод намудааст. Айни замон шикояти назоратии ӯ дар Суди Олӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Аз ин рӯ, ба муаллифи матлаб фаҳмонда шуд, ки агар ҳуҷҷату далелҳои иловагӣ дошта бошад, метавонад онҳоро ба Суди Олӣ барои дар якҷоягӣ бо шикояташ баррасӣ намудан, пешниҳод намояд.
Аз натиҷаи омӯзиши шикояти назоратӣ дар якҷоягӣ бо парвандаи ҷиноятӣ ба Диловаршои Раҳматхон ҷавоб дода мешавад.
А. ИСҲОҚӢ,
муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.12.2020 №: 248 Мутолиа карданд: 867