номаҳо
АГАР ҶАМОАТ МОШИНИ ОТАШНИШОНӢ МЕДОШТ...
Чанде пеш дар деҳаи Баҳори деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент фоҷиаи мудҳиш рух дод. Дар натиҷаи оташ гирифтани хонаи сокини деҳа Баён Солиев 4 узви хонадон вафот кард, ки бо кумаки аҳолӣ сӯхторро хомӯшу манзилро бунёд намудем. Зеро мошини оташнишон натавонист сари вақт ба ҷои ҳодиса расад.
Бояд зикр намоем, ки деҳоти мо яке аз калонтаринҳо дар миқёси шаҳр ба ҳисоб рафта, 22 ҳазор аҳолӣ дорад. Масофаи байни шаҳр ва маркази ҷамоат – деҳат Ғӯсар 24 километрро ташкил медиҳад. Аз маркази ҷамоат то деҳаҳои гирду атроф боз 10 – 12 километри дигар роҳ аст. Ва дар ҳолати оташ гирифтани маконе, мошини сӯхторхомӯшкун наметавонад дарҳол ба ҷои ҳодиса расад.
Аз ин рӯ, лозим ба зикр медонем, ки қаблан ҷамоат соҳиби мошини сӯхторхомӯшкунӣ буд, ки пас аз пароканда шудани совхози «Марғедар» он ҳам аз назар ғайб зад. Гарчанде дар мавриди баргардондани техникаи мазкур ба сокинон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муроҷиат намудем, то ҳол ин масъала ҳалли худро наёфта истодааст.
Аз ҷумла, дар посух ба аризаи мо аз 21 августи соли равон муовини якуми раиси шаҳр М. Сафарзода чунин ҷавоб дод:
«Айни замон автомашинаи оташнишони ГАЗ – 66, ки соли бароришаш 1969 аст, дар тавозуни КВД «Оби Сара» (басти коргарони коммуналии худмаблағгузор) қарор дорад, то имрӯз нигоҳдории ҳолати техникии автомашинаи оташнишонӣ ва пардохти андози давлатӣ ба уҳдаи корхонаи мазкур мебошад.
КВД «Оби Сара» омодааст автомашинаи оташнишониро ба Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ барои истифодаи минбаъда супорад».
Аммо бо гузашти қариб 3 моҳ аз мошин дараке нест. Бинобар ин, зарур донистем ин масъаларо аз минбари рӯзномаи мардумии «Ҷумҳурият» бори дигар ба самъи масъулон расонем, то дар ҳалли ин мушкили ба назар кӯчаку дар асл сангини мо чорае андешанд.
Усмон БЕРДИЕВ,
Умар РАСУЛОВ,
Шариф ХОЛМУРОДОВ
ва дигар сокинони деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.12.2020 №: 248 Мутолиа карданд: 6202