logo

сиёсат

CУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН

29 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсия Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат роҳбарони ду давлат ҳамдигарро ба муносибати фарорасии Соли нави 2021 самимона табрик гуфтанд.
Дар қаринаи табрикоти худ Роҳбари давлати мо, аз ҷумла ба мардуми дӯсти Россия дар роҳи пешрафт ба сӯи шукуфоиву тараққӣ дар оянда ҳам собитқадамӣ орзу намуданд.
Зикр гардид, ки ҷонибҳо, сарфи назар аз мушкилоти соли равони вобаста ба пандемияи коронавирус, тавонистанд, ки як силсила чорабиниҳои барои кишварҳои худ муҳими сиёсӣ, аз ҷумла раъйпурсии умумироссиягӣ оид ба ворид кардани тағйирот ба Қонуни Асосии кишвар ва интихоботи парламентиву президентӣ дар Тоҷикистонро муваффақона анҷом диҳанд. Дар  зимн, ҳамчунин, аҳамияти чорабиниҳои бахшида ба Ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ифодагари ҳамдилии халқҳои ду кишвар мебошанд, зикр шуд.
Дар рафти суҳбат президентҳо атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва дорои аҳамияти байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом дода, ҷанбаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои ду кишвар ва таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд.
Дар интиҳои суҳбат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори бовар намуданд, ки саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо дар Соли нав низ натиҷабахш хоҳанд буд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 535
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед