logo

фарҳанг

ЧАКАН - УНСУРИ ҲУВИЯТСОЗ

Тарроҳони замони истиқлол, бавижа чандин ҷавони корозмудаи тоҷик арзишҳои миллии бонувони моро амиқан омӯхта, пас аз ҷустуҷӯҳо ба он навгонӣ ворид карданд. Аз ҷумла, либосҳои миллиро ба тарҳу намои замонавӣ муаррифӣ карда, шавқу завқи хонумҳоро ба чакану атласу адрас афзуданд.

Ҳукумати кишвар низ ба либоси миллӣ, ки унсури муҳими худшиносиву давлатдории миллист, пайваста таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ниҳоят ба ҳадаф расид. Зеро ЮНЕСКО баъд аз атлас чаканро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарӣ шомил кард.
Чакан ҳунари хеле қадимии мардуми тоҷик аст. Он навъе аз кашидадӯзист, ки дар Кӯлоб ва навоҳии наздики он паҳн гардидааст. Аксаран кашидадӯзон болои шоҳии сафед, сурх, зард, сабз, сатини сурх ва сафед бо риштаҳои рангин гулдӯзӣ мекунанд.
Дар ибтидо дар рӯи чӯб, устухон, маъдан, чарм, сангҳои қиматбаҳо ва зарфҳои филизӣ бо дирафшҳои махсус нақшҳои гуногунгул, барг, Офтоб, Моҳтоб, ситора ва монанди ин офарида мешуданд, ки он баъдтар чакан ном гирифт. Истилоҳи «чакан» дар забонҳои славянӣ низ дучор меояд. Масалан, «чеканка», «чеканит» - маънои нақш партофтан дар болои филизот, чӯбро дорад.
Бино ба сарчашмаҳо, иттилои муҳим оид ба гулдӯзӣ дар «Авасто», «Шоҳнома», осори Ҷайҳонӣ, Табарӣ, Муқаддасӣ, Мирхонд, Хондамир, Балхӣ, Восифӣ, Дониш ва дигарон мавҷуд аст. Яъне, чакан як гулдӯзии одӣ нест ва пайдоиши он ба ҳазораи II пеш аз мелод рост меояд. Намунаҳои онро бостоншиносон аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикнишин аз қабили Саразм, Дарбанд, Балх, Нисо, Марв, Суғд, Бохтар, Бухоро, Хоразм, Варахша, Хуҷанд, расмҳои Тахти Ҷамшед, Намозгоҳ, Тупроққалъа, Балаликтеппа ва Панҷакенти Қадим пайдо кардаанд.
Аз ин бармеояд, ки дар нақшу нигори ин гулдӯзӣ таърихи ҳазорсолаи мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст.
Мо аз матлаби таърихнигору адабиётшинос Зафар Мирзоён, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» интишор ёфта буд, зиёд баҳра бурдем. Яке аз сабабҳои иншои ин матлаб маълумоти ҷадиди он мақола буд.
Баъд аз қарори ЮНЕСКО тарроҳи маъруф Хуршед Сатторов, ки дар тарғиб ва муосиргардонии чакан саҳм дорад, шаби мӯд гузаронд. Мо онро тавассути Интернет тамошо карда, дар ҳайрат шудем, ки то кадом андоза чакан метавонанд ба навъҳову ороишоти аҷиб тақсим шавад.
Нақши себарга дар чакандӯзӣ мавқеи асосӣ дорад. Бо чунин нақш шероза, поҷома ва остинро ороиш медиҳанд. Ҳар нақши болои матоъ ном дорад: косагул, аштак, гули анор, барги бед (маҷнунбед), бодомак (бодомча), ислимӣ, каҷак, лола, райҳон, тоҷихурӯс, булбул, думи товус, морпечон, моҳу ситора, пойи гунҷишк ва ғайра.
Ҳоло дар ЮНЕСКО 20 нусха аз чаканҳои дӯхтаи Хуршед ва ҳампешагонаш барои намоиш гузошта шудааст. Яъне, имрӯз чакан ба мӯд ворид шуда, ороишу махсусиятҳои он дар либоси арӯсӣ, куртаҳои идона, тоқии мардона истифода мешаванд.

Лолабегим ИСОБОЕВА, омӯзгори МТМУ № 89, ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 494
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед