маориф
МАОРИФ ВА НАҚШИ ОН ДАР БЕДОРИИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ
Рушди соҳаи маориф, ки бешубҳа яке аз бахшҳои пешбарандаи ҳар ҷомеа ба шумор меравад, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор дорад, ки ҳақиқати ин амрро метавон дар матни паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва дигар суханрониҳои Сарвари давлат дарёфт.
Воқеан, дар ҳар Паём рушди илму маориф, баланд бардоштани сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот, таҳкими иқтидори кадрии соҳа дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифта, оид ба бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳои судманд дода мешаванд. Чунончи, Президенти маҳбуби кишвар дар Паёми худ аз 26 декабри соли 2019 дар назди аҳли илму маориф вазифаҳои мушаххасе гузоштанд, ки воқеан ҳидоятномаҳое барои анҷоми муҳимтарин корномаҳои таҳқиқотӣ, таълимию маърифатӣ буд. Зимнан, аҳли илму маориф вазифадор шуданд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Пешниҳоди Пешвои муаззами миллат оид ба эълон намудани соли 2020 - 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, ки маҳз дар Паём садо дод, аллакай, дар тафаккури техникии насли наврас ҷунбише ба амал оварда, таваҷҷуҳи доираҳои таълимӣ ба ин самтро бештар намуд.
Ин иқдоми дурбинонаи Сарвари давлат мо - омӯзгоронро уҳдадор намуд, ки дар таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, ба кору фаъолияти хеш аз нигоҳи талаботи замони муосир таҷдиди назар намоем. Гузашта аз ин, ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносӣ, ватанпарастиву содиқ будан ба арзишҳои миллӣ, масъулияти бештар зоҳир намоем. Зеро ин ва дигар талошҳо дар ҷаҳони пуртазоди муосир заминаи муҳиме дар роҳи расидан ба мақсадҳои бузурги Тоҷикистони азиз хоҳад буд.
Албатта, барои ташаккул, тарбияи андеша ва тафаккури миллӣ дар ҷомеа омилҳои зиёд мавҷуд аст. Вале мактабу маориф дар бедории миллӣ ва рушди ҷомеа нақши марказӣ доранд ва насли бомаърифату тарбиятдида дар ҳама ҳолат пирӯзу саодатманданд.
Ҷамила АБОСОВА,
омӯзгори литсейи хусусии "Эҳсон" ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.12.2020 №: 250 - 251 Мутолиа карданд: 3081