logo

иқтисод

ХАТЛОН. ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДА ДАР МАВСИМИ БАҲОРИ СОЛИ 2021

28 декабр ҷаласаи Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор шуда, дар он раванди иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021», омодагӣ ва банақшагирии чорабиниҳои пешгирикунанда аз ҳолати фавқулода дар мавсими баҳори соли 2021 баррасӣ гардиданд.

Раиси Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба ҳолатҳои фавқулода ва пешгирии он маърӯза карда, гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ҳамасола ба ҳодисаҳои офати табиӣ дучор мешавад. Омадани селу ярч, тарма, заминларза аз ҳодисаҳое ҳастанд, ки рух доданашон бо тағйир ёфтани иқлим аз эҳтимол дур нест.
- Соли ҷорӣ дар вилоят 3 ҳолати фавқулодаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он ба аҳолӣ ва иқтисодиёти вилоят, тибқи протоколҳои маҷлиси Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба ҳолатҳои фавқулода, ба маблағи 8 миллиону 218 ҳазору 175 сомонӣ зарар расидааст, - гуфт раиси вилоят.
Дастгирии Ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулода дар мавзеъҳои осебпазир, хусусан ноҳияи Хуросон, назаррас арзёбӣ гардид.
Сардори раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, муовини раиси комиссияи вилоятӣ Сулаймон Исозода доир ба корҳои оммафаҳмонию рафъи ҳолатҳои фавқулода гузориш дод.
Гуфта шуд, ки дар вилоят 401 мавзеи хавфнок аст, ки дар онҳо эҳтимоли рух додани офат ҷой дорад. Дар ҳама мавсим барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ соҳилмустаҳкамкунӣ ва кӯчондани сокинон ба мавзеъҳои бехавф ҷараён дорад.
Муҳаммадҷон Салимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки ҳамасола бо рух додани офатҳои табиӣ иншооти ёрирасони сокинон ва манзилҳои зисту заминҳои корам аз истифода мебароянд.
Офатҳои табиӣ ба маҳалҳои аҳолинишин таъсири манфӣ расонда, мутаассифона, боиси фавти одамон, харобшавии инфрасохтор мешаванд ва барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии кишвар монеа эҷод мекунанд. Дар робита ба ин, қабул ва амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019 - 2030 барои Тоҷикистон иқдоми муҳими сиёсӣ мебошад.
Пешбинӣ мегардад, ки тағйироти пешгӯйишавандаи иқлим ва вазъи ҳаво ба бештар рух додани селҳо, ба таври ғайримуқаррарӣ хушксолӣ, ҳамчунин, давраҳои ҳавои ба таври ғайриоддӣ гарм ва шароитҳои номусоиди ҳаво мешаванд. Барои муборизаи бомуваффақият бо чунин табаддули иқлим такомули низоми огоҳсозии қаблӣ ва усулҳои мавҷудаи идоракунии хавф (мисол, нисбат ба селу хушксолиҳо) ва ҳамчунин таҳия намудани роҳҳои нави паст кардани сатҳи оқибатҳо ва мутобиқшавӣ ба онҳо, бахусус дар робита бо давраҳои ҳавои ба таври ғайримуқаррарӣ гарм ва хушксолиҳо лозим мебошад.
Фаъолият оид ба пешгирии офатҳои табиӣ ва бартараф кардани оқибатҳои онҳо дар Тоҷикистон дар доираи Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳо ва мақомоти ҳамоҳангсоз, ки комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода дар сатҳи миллӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва, ҳамчунин, дар ҷамоат ва ташкилот мебошанд, анҷом меёбад. Ба ҳайати комиссияҳои мазкур, ки аз ҷониби шахси мансабдор дар сатҳи дахлдор роҳбарӣ карда мешавад, намояндагони ҳамаи мақомоти давлатии дахлдор дохил мешаванд. Раиси комиссия дар сатҳи миллӣ Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи вилояту шаҳру ноҳияҳо раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мебошанд.
Раиси вилоят ба масъулон дастур дод, ки ҷиҳати таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019 - 2030» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 «Дар бораи Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар охир барои хизматҳои шоиста ба раиси комиссия Қурбон Ҳакимзода нишони сарисинагии «25 - солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдим шуд.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ доданд.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 596
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед