logo

маориф

МАОРИФ. РУШДИ СОҲАҲОИ ҶОМЕАСОЗ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Таваҷҷуҳ ба рушди илму маърифат дар ҳамаи давру замон василаи расидан ба зиндагии беҳтар шинохта шуда, гузаштагони пурифтихори мо донишро “чароғи равшан” ва “қулфкушои ҳама дарҳо” донистаанд.

Аз ин ҷост, ки масъалаи соҳибилму соҳибмаърифат намудани ҷомеа тули асрҳо дар мадди назари равшанфикрону донишмандон қарор дошт ва ба тарбияи фарзандон дар роҳи аз бар намудани илму маърифат диққати махсус дода мешуд. Маҳз натиҷаи чунин таваҷҷуҳ буд, ки гузаштагони пурифтихори мо ба олам фарзандони фарзонаеро ба монанди Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Закариёи Розӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав ва садҳои дигарро эҳдо намуданд. Эҷоди пурмаҳсули гузаштагони мо дар бахшҳои гуногуни илм, аз ҷумла тиб, риёзиёт, нуҷумшиносӣ, ҷуғрофиё дар тамоми олам мавриди истифода қарор гирифта, нуфузи миллати соҳибтамаддунамонро боло бурдаанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм ва соҳибмаърифат гардонидани аҳли ҷомеа, бахусус насли наврас эътибори ҷиддӣ зоҳир мегардад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти неруҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар мақоми авлавият қарор дорад.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ низ барномаву ҳадаф ва самтҳои асосиву меҳварии фаъолияти аҳли зиёи кишварро дақиқу мушаххас намуда, махсус иброз доштанд, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд барои тавсеа бахшидани ҷаҳонбинии худ ва баланд бардоштани маърифатнокиаш саъю талош намояд. Дар ин замина роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна вазифадор гардиданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида сатҳу сифати таълимро баланд бардоранд ва баҳри беҳтар намудани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён шароити зарурӣ фароҳам оранд.
Пешвои муаззами миллат ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 – ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карданд, ки ин амр, бешак, барои тарбияи кадрҳои барои ҷомеа зарурӣ мусоидат карда, насли нави эҷодкору ихтироъкор, муҳандисон, татбиқгарони илму истеҳсолотро ба воя мерасонад. Зеро татбиқи барномаҳои бузурги давлатӣ ва рушди бемайлони мамлакат дар сурате имконпазир аст, ки мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои замони имрӯз омода карда шаванд. Дар роҳи расидан ба ин ҳадаф ва тарбияи насли наврас бошад, бояд ба мутолиаи китобҳои илмӣ диққати махсус дода шавад.
Тадбирҳои амалишаванда барои рушди бештари илм, махсусан илмҳои дақиқ, мусоидат карда, масъулияти мо - омӯзгоронро дар назди ҷомеа ва фардои миллат дучанд мегардонад. Дар ин ҷода ҳар як зиёиро зарур аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар Паёми Пешвои миллат мушаххас гардиданд, тамоми талошу кӯшиши хешро равона созад.

Мукаррама СУЛАЙМОНОВА,
омӯзгори МТМУ № 54, ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 3106
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед