logo

маориф

САМАРАИ ЗАҲМАТ

Соҳаи маориф аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Маҳз ба шарофати сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат тайи солҳои охир ҷавонони донишманду соҳибҳунар ба воя расида, дар тамоми соҳаҳо ба комёбиҳо ноил мегарданд ва барои рушду нумӯ, инчунин, боло рафтани обруву нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузоранд. Яке аз чунин ҷавонони муваффақ Табарзода Беҳрӯзи Довудхоҷа мебошад, ки айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии Комсомолск дар Амури Федератсияи Русия ба ҳайси омӯзгори калони  кафедраи ҳаракатовари электрикӣ ва автоматикунонии таҷҳизоти саноатӣ фаъолият дорад.  
Беҳрӯз хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 - и ноҳияи Ховалинг буда, соли 2009 ба факултети энергетикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик М.С. Осимӣ дохил шуд. Баъди хатми донишгоҳ  дар ҶСК  “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба сифати муҳандис - барқгар кор кардааст. Шавқу ҳаваси беандоза ба донишандӯзӣ ӯро ба риштаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Комсомолск дар Амур бурд.
Соли 2019 рисолаи номзадиашро аз рӯи ихтисоси “Комплексҳо ва системаҳои электротехникӣ” дар мавзӯи “Коркард ва тадқиқоти дастгоҳи реактор - тиристор барои зеристгоҳҳои трансформаторӣ” ҳимоя намуда, пас аз итмоми аспирантура дар Донишгоҳи давлатии Комсомолск дар Амур ҳамчун омӯзгор ба фаъолият пардохт. Боиси тазаккур аст, ки зимни таҳсил дар аспирантура ӯ дар ҶСК  “Амурметалл” тадқиқоти илмӣ гузаронда, ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил мешавад.
Таҳқиқоти анҷомдода ба ӯ имкон дод, ки дар озмуни россиягии “Умник – 2020” ширкат намуда, миёни ҳазорҳо иштирокдорон дар қатори 252 ғолиб ҷой гирад ва баҳри татбиқи   лоиҳаи “Таҳияи модули реактор - тиристор барои зеристгоҳҳои трансформаторӣ”  соҳиби грант гардад.
Қобили зикр аст, ки як қатор мақолаҳои илмии ӯ дорои мақомҳои байналмилалии SCOPUS ва WEB OF SCIENCE буда,  дар маҷаллаҳои Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистон нашр шудаанд.
Олими ҷавону ояндадор Беҳрӯзи Довудхоҷа аз ҷавонони кишвар даъват ба амал меорад, ки аз шароити мусоиди илмомӯзии аз ҷониби Ҳукумати кишвар барояшон фароҳамоварда, вақти қимати худро самаранок истифода бурда, кӯшиш ба харҷ диҳанд, то  дар соҳаҳои интихобкардаашон муваффақ бошанд ва дар рушду равнақи Тоҷикистони азиз ҳисса гузоранд.

Руқия ҚУРБОНОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 3287
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед