маориф
«НОШУНАВО. РӮБАРӮИ МУШКИЛОТ»
(«Ҷумҳурият», 14 апрели соли 2020, № 73)
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати рӯзноманигор Абдулқодири Раҳимро бо мутахассиси соҳа Саттор Қувватов бо номи «НОШУНАВО. Рӯбарӯи мушкилот» - ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Муаллиф дар матлаб, асосан, атрофи як мушкилӣ масъалагузорӣ кардааст, ки он ҳам мувофиқ набудани шароити раванди имтиҳонсупории имтиҳонҳои марказонидашудаи тестӣ барои маъюбон, махсусан, ношунавоён, мебошад.
Мусоҳиб ба муаллиф чунин посух додааст: «Баъди хатми таълимгоҳҳо бо он талаботе, ки Маркази миллии тестӣ дорад, ин гурӯҳ чӣ гуна метавонанд донишҷӯ шаванд. Қишри мазкур, ки маъюбони гурӯҳи 3-юманд, ҳеҷ имтиёзе дар ин маврид надоранд ва сатҳи донишашон низ ҷавобгӯйи талаботи муқарраргардида нест».
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медорад, ки ҳамасола дар рафти баргузории имтиҳонҳои марказонидаи тестӣ мутахассисон аз Маркази миллии тестӣ, ки бо довталабони маъюб сарукор мегиранд, ҳозир ҳастанд. Дар сурати лозим шудан мутахассисон (дефектологҳо) ба довталабони ниёзманд кумаки хешро мерасонанд.
Дар баробари ин, дар низомномаи имтиҳонҳои марказонидашудаи тестии маркази мазкур қисмати алоҳида бо номи «Имтиёзҳо ба киҳо дода мешаванд?» мавҷуд аст, ки ба дигар паҳлуҳои ин масъала посухи мушаххас медиҳад.
Ҳамзамон, мувофиқи банди 1 - и ин санад афроди маъюб бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандае, ки дар низомномаи ИМД Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст, барои гирифтани имтиёзҳо, аз ҷумла 150 балли иловагӣ, бар замми балли умумии бадастовардаашон дода мешавад.
Маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
АЗ ИДОРА: дар суҳбат зикр шуда буд, ки маъюбони гурӯҳи 3 – юм имтиёз надоранд. Банди якуми ин «қисмати алоҳида» - ро айнан барои тасдиқи суханони мусоҳибу маълумоти хонандагон ва муқоиса бо ин посух меорем:
«Имтиёздорон
1. Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 150 бал илова мешавад:
1.1. Маъюбони гурӯҳҳои 1 – уму 2 – юм ва кӯдакони маъюб, ки мувофиқи хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили онҳо аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон манъ карда нашудааст (тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ)».
Ҳамин тавр, мақсад аз суҳбат ёрӣ расондану тадбирҳои иловагӣ андешидани масъулон ба ин қишри ҷомеа, яъне ношунавоёну гунгон, маъюбони гурӯҳи 3 – юм буд. Умед аст, ки дар мавриди мазкур ба маънии мусбаташ чораандешӣ мешавад.
ФАРЗАНД. ХИШТИ АВВАЛ НАБОЯД КАҶ МОНЕМ
«ҶУМҲУРИЯТ», 13 АПРЕЛИ СОЛИ 2020
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Сарвиноз Шодмоноваро таҳти унвони «Фарзанд. Хишти аввал набояд каҷ монем», ки 13 апрели соли ҷорӣ ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Масъалагузорӣ ва андешаҳое, ки муаллиф дар мақолаи худ дар мавриди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» овардааст, воқеан ҳам, қобили дастгирӣ мебошанд. Хурсандиовар аст, ки ВАО ва рӯзноманигорон аз натиҷаи фаъолияти сохторҳои тобеи вазорат дар самти амалигардонии талаботи Қонуни мазкур матлабҳои хубу хонданӣ ба нашр мерасонанду ба заҳматҳои масъулони соҳа арҷ мегузоранд.
Вазорати маориф ва илм баҳри дар амал татбиқ намудани чораҳои зарурии дигар дар самти амалигардонии талаботи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ташкилоту муассисаҳои тобеи вазорат ва, умуман, соҳаи маориф ва илм пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Ин раванд дар якҷоягӣ ва бо дастгирии намояндагони ВАО-и кишвар ҳамеша идома хоҳад ёфт. Умед аст, ки бо чунин равиши кор натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ба даст хоҳанд омад.
Мусаллам аст, ки ҳадафи дар амал татбиқ кардани талаботи қонуни мазкур пешгирии даст задани наврасону ҷавонон ба ҷинояткорӣ, коҳиш додани сатҳи ҷиноятпешагӣ дар миёни ин қишри ҷомеа, дар рӯҳияи хештаншиносию инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ, ахлоқи ҳамида, таваҷҷуҳи бештар ба илму донишандӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои муфиду муосир, ки ба нафъи давлату миллат ва ҷомеа аст, мебошад. Ва ин ҳадафро метавон дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳо ва неруҳои ҷамъиятӣ амалӣ гардонд. Аз ҷумла, ВАО аз зумраи таъсиргузортарин неру дар ин самт ба ҳисоб меравад, ки маҳсули кори муаллифи матлаби мазкур далели ҳамин гуфтаҳо шуда метавонад.
Муаллиф бо овардани андешаҳои коршиносон ва мусоҳибони огоҳ тавонистааст, ки масъалаи ба ҷинояткорӣ ва беҳудагардӣ даст задани насли наврасу ҷавон, таъсири қонуни болозикр дар пешгирӣ ва паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни аҳли ҷомеа ва дигар масъалаҳои марбутро таҳлили хубе намояд. Аммо, дар баробари ин, беҳтар мешуд, ки барои пешгирӣ ва кам кардани ҷинояткорӣ дар ҷомеа, алалхусус миёни наврасону ҷавонон далелҳои мушаххаси дигар низ оварда мешуданд.
Вазорати маориф ва илми кишвар миннатдории худро ба муаллиф ва рӯзномаи «Ҷумҳурият» баҳри инъикоси воқеъбинонаи натиҷаи заҳмату талошҳои намояндагони соҳаи маориф ва илм дар ин самт мерасонад. Умедворем, ки чунин ҳамкориҳо дар оянда низ боз ҳам вусъат хоҳанд ёфт.
Эҳсон САФАРЗОДА,
сардори маркази матбуоти Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
«БУДУ НОБУДИ МТМУ № 149. ДАР БОРАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ, КИ СОХТМОНАШ СОЛҲОСТ ТӮЛ МЕКАШАД»
«ҶУМҲУРИЯТ», АЗ 25.02.2020
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи қатъ гардидани сохтмони бинои муассисаи таълимӣ дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат иттилоъ медиҳад, ки 15 апрели соли 2014 зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат, дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти мазкур санги асос ҷиҳати сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1240 ҷойи нишаст гузошта шуд.
Сохтмони иншооти мазкурро бо арзиши лоиҳавии 20 миллион сомонӣ ҶДММ «Сармоягузории байналмилалии Дубай» ба уҳда гирифта буд. Пас аз як муддат аз тарафи маблағгузор ба унвони Вазорати маориф ва илми мактуб ворид гардид. Дар асоси он, аз тарафи вазорат ба маблағгузор иҷозат дода шуд, ки бинои муассисаро на барои 1240 ҷойи нишаст, балки барои 640 ҷойи нишаст дар муҳлати муқарраргардида сохта ба истифода диҳад.
Вале тибқи иттилои раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат, сохтмони ин иншоот айни замон бо сабаби идома наёфтани маблағгузорӣ аз ҷониби маблағгузор қатъ гардидааст. Дар сурати фароҳам омадани шароиту имкониятҳои мусоиди молиявӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат муваззаф аст, ки сохтмони иншооти мазкурро ба анҷом расонад.
Эҳсон САФАРЗОДА,
сардори маркази матбуотии Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.12.2020 №: 250 - 251 Мутолиа карданд: 3490