logo

фарҳанг

БИЁ, ЭЙ СОЛИ НАВ, СОЛИ САОДАТҲО

Соли нав барои мардуми кишвари азизи мо соли фатҳу зафарҳои навин хоҳад шуд. Соле хоҳад шуд, ки дар хотирҳо нақш мебандад ва дар саҳифаи таърихи миллат бо бузургӣ, дастовардҳои зиёд бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Дар мамлакати паҳновари мо ҷашн баргузор мешавад, ҷашни бошукӯҳ, Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ.
Бо омодагӣ ва таҷлили бесобиқаи он бори дигар пеши назар меоварему мегӯем, ки офтоби толеи миллат дурахшид ва рӯшноияш, гармияш ба атрофу акноф паҳн шуд. Бас  абрҳои тирае мехост рӯи онро бипӯшад, то мо дар зулмот қарор дошта бошем ва номи озодиро бар забон нагирему бар зеҳн роҳ надиҳем. Пас аз он, ки ин офтоб дурахшид, ҷанги шаҳрвандиро таҳмил карданд. Оташи ин ҷанг кишварро фаро ва дудаш раҳ сӯи боло гирифт. Не, ин нақша низ барбод рафт ва ин нақш низ аз об рафт. Агарчи хонаҳо сӯхтанд, ба коми оташ рафтанд ва хок, замин аз бороварӣ муддате монданд. Беш аз яксаду панҷоҳ ҳазор нафар қурбонии ин ҷанг гардиданд ва ҳазорон ҳазор нафари дигар ба иҷбор  тарки диёр карданд. Гушнагӣ таҳдид менамуд. Бадғаразон гумон доштанд, ки метавонанд номи ин миллат, ин давлатро аз дунё ва харитаи он барои умре аз миён бибаранд, маҳв бисозанд. Ватан вайрона аз ағёр буд, на аз ёр. Он ёре, ки бо ағёр пайваставу ағёр шуда буд, дигар ёр набуд, ағёр буд.
Миллат дар он рӯзгори бас сангин  Пешвои худро дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон пайдо кард, ба фазлу раҳми Худо пас аз зорию таваллои мардуми музтару бераҳбар.
Ӯ медонист, ки бурдани ин бор ба дӯши дил на осон аст.
Ӯ медонист, ки тайи ин роҳ бе худфидоӣ даст намедиҳад.
Ӯ медонист, ки барои ҳама мардуми кишвар бояд дар сурати писар, бародар, падар ва барои ҳар фард ҷавобгар бошад.
Ӯ медонист, ки ба кор бояд бо саъю талош, донишу хирад, андешаву тааммул оғоз бинамояд.
Савганд хӯрд, барои овардани сулҳ ба ҳар хонадон, барои овардани гурезаҳои иҷборӣ, барои пойдории истиқлолу озодӣ, барои ободии Ватан ва сарзамини аҷдодӣ. Ба аҳдаш вафо кард. Ҳеҷ нафаре, ҳатто кинаварзтарин касу душмани аршади ин миллат дигар наметавонад ин ҳақиқатро напазирад ва ё онро аз дидаи ҷаҳониён ниҳон бидорад. Озодиву ободӣ чун обу рӯшноӣ бо ҳам тавъаманд. Миллат ин ҳамаро соҳиб аст. Миллат барои пойдориву пешрафташ бо сарварии ин марди хирадпешаву фаррухқадам ба ҳар сол бештар аз пештар саъй ба харҷ медиҳад.
Дар тасаввури ҳеҷ кас роҳ намеёфт, ки метавон дар андак муддат ба дастовардҳои бузург ноил бигардем. Дигар ин дастовардҳоро, ки бисёру бисёранд ва ҳам беназир, наметавон ба ангуштон бишуморем.
Дар фазои софу ҳукмронии сулҳу амонӣ ба ҳар соли рафта бо хотири шоди шод «Хайр!» мегӯем ва ба некӣ ба ҳар замон ёдаш меорем. Пас аз он ба Соли нав бо дилҳои пур аз фараҳ «Марҳабо!» мегӯем.
Медонем, ки ҳар сол, ки меояд, ҳамроҳи иқбол меояд.
Медонем, ки ба сол пештару пештар меравем ва миллатро, давлатро дар арсаи олам беҳтару беҳтар муаррифӣ менамоем.
Арчаҳои сарсабзро, ки меороему зинат мебахшем ва чароғон мекунем, ба ин умед аст, ки ин миллат, ин давлат, ин кишвар ҳамеша сарсабз бошанду зебову чароғону ободон.  Шодиву нишоти мо бар асари  сулҳи пойдор, сиёсати хирадмандонаи Пешво ва шинохти бештари худу аҷдоди хирадмандамон, корнамоиҳои бузургашон мебошад.
Мебинему меандешем, ки дар аксар кишварҳо ҷанг аст. Мардумонаш оромияшонро аз даст додаанд. Ба ҳар рӯз гурезаҳояшон меафзоянду хонаҳояшон хароб мегарданд. Кӯдаконашон туъмаи ин оташи бас сӯзони ҷанг мешаванд.
Мебинему меандешем, ки қудратталабон дар андешаи тақсими ҷаҳону сарватҳои онанд.
Мебинему меандешем, ки тухми ифротгароиро дар замири дилҳо мепошанду онҳо зуд сар бар мекунанду ҳосил медиҳанд, то аз ин хавф ҷаҳониён битарсанду биларзанд ва сари итоат фуруд биёранд.
Аз пешрафтҳои ҷаҳони муосир истифода мекунанд, то терроризм ва асари бади он ба ҳар хона роҳ биёбад ва махсусан ҷавононро, ки ояндаи миллату дунёянд, заҳролуд бисозанд.
Аз ин рӯст, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба қадри ин Ватан, кишвари пешрафта, сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ бирасем ва шукронаи сулҳу амонӣ, озодиву истиқлолро бинамоем.
Барои Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» низ соли 2020 соли пурфайзу хотирмон буд. Рӯзнома дар ин соли муборак 95 - сола шуд. Теъдоди хонандагонаш нисбат ба солҳои пешин бештар афзуд ва саҳифаҳои он ҷолибтару хонданитар гардид. Озмуни «Тоҷикистон - хонаи умеди мо» дар сатҳи баланд ва хотирмон ҷамъбаст шуд.
Ба хотири боло бурдани сатҳи худшиносии мардум ва гиромидошти ному кори Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур  озмун эълон шуд, ки дар ин сол, соли Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷамъбаст хоҳад гардид.
Соли 2020 бо гузоштани хотираҳои нек аз худ моро бо хушнудӣ ва ризоят падруд мегӯяд. Воқеан, ин соли неку меравад ва накутар аз он мерасад.
Мардум дар ин соли накутар, бешак, содиқонаву софдилона барои пойдории сулҳу истиқлол, таҳкими пояҳои давлати миллӣ эҳсоси масъулият ва хидмат менамоянд.
То ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 30- солагии Истиқлолияти давлатии мо моҳҳову рӯзҳои башумор мондааст ва то ба он рӯз боз ба бисёр дастовардҳо ноил мегардем.
Қадами Соли нав, соли 2021, қадами муборак ва аз ҳамаи дигар солҳои рафта  азизу муътабар хоҳад буд.
Биё, эй Соли нав, соли саодатҳо, соли баракатҳо ва пирӯзиҳои бузургу шуҳратбахшиҳои миллат дар арсаи олам!

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 553
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед