номаҳо
ФИЗИКА ВА АСТРОНОМИЯ ҲАМ МУҲИМАНД
Ман ҳамчун омӯзгори фанни физика ва астрономия, мехостам чанд ҷумла бобати аҳамияти ин фанҳо дар пешрафти ҷомеа бигӯям. Дар ҳоли ҳозир, ҷомеаи инсонӣ бо суръати кайҳонӣ ҷониби рушди илмӣ-техникӣ равона аст. Дар бештари соҳаҳои илму техника дигаргуниҳои назаррас ва босифат ба вуқӯъ пайвастаанд.
Рушди илми техникӣ, пеш аз ҳама, бо кашфиёт дар соҳаи физикаи фундаменталӣ муяссар гардид. Кашфи радиоактивӣ, амвоҷӣ электромагнитӣ, ултрасадо, ҳаракати реактивӣ ва ғайра боиси он гардид, ки инсоният ин донишҳоро аз худ карда, қадами устуворе дар ростои рушди техникӣ ба пеш гузорад. Ба инсон муяссар гардид на танҳо садо, балки тасвирро ҳам ба масофа интиқол диҳад.
Албатта, омӯзиши ҳар фан аҳамияти худро дорад, аммо агар мо бихоҳем дар оянда аз рушди илм дар дунё ақиб намонем, бояд ҷавононамонро бештар ба омӯзиши фанҳои дақиқ, аз ҷумла физика ва астрономия ҷалб кунем. Омӯзгорони ин фанҳо бояд дарсҳоро тавре ба роҳ монанд, ки хонандагон ба омӯзиши онҳо шавқманд гарданд. Хусусан, дар омӯзиши физика ба роҳ мондани дарсҳои амалӣ хонандагонро ба ин фан ҳавасманд мегардонанд.
Тасвири осмони пурситора бошад, ҳамеша диққати инсонро ба худ ҷалб мекард ва агар дар омӯзиши астрономия аз дарсҳои амалӣ бештар кор бигиранд, шавқи хонандагон ба ин фан ҳам боло меравад.
Нигора ШЕРМАМАДОВА,
омӯзгори МТМУ № 58, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.12.2020 №: 250 - 251 Мутолиа карданд: 8152