номаҳо
БАСМАНДА. ТО КАЙ МАСЪУЛОН БА ЧАШМИ МАРДУМ ХОК МЕПОШАНД?!
Деҳаи Басмандаи ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич яке аз деҳаҳои калонтарини ноҳия буда, аҳолии он зиёда аз 11 ҳазор нафар аст. Қисме аз онҳо эҳтиёҷманд ба замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматианд. Соли 2008 барӯйхатгирӣ шуд. Зиёда аз 700 оила бо қарори комиссияи ҷамоат ва ноҳия ҳамчун эҳтиёҷманди замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ дониста шуданд.
Аз ҳар оила ба маблағи 125 сомонӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ маблағ ҷамъ карданд. То ҳол маълум нест, ки ин маблағ куҷо шуд. Оилаҳои эҳтиёҷманд борҳо ба роҳбарони хоҷагӣ, ҷамоат, ноҳия ва вилоят ба таври хаттӣ муроҷиат намуданд, вале ин муаммо то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Аз сабаби камзаминии деҳа мардуми эҳтиёҷманд розӣ шуданд, ки аз заминҳои доманакӯҳҳо ва талу теппаҳои (заминҳои ғайри кишоварзӣ - чарогоҳ) назди деҳа, ки масоҳати он 10 - 15 гектарро ташкил медиҳанд, дар ҳаҷми 0,04 гектар ҷудо карда диҳанд. Аммо гуфтанд, ки заминҳо бо сабаби селроҳа будан барои манзили истиқоматӣ номувофиқанд. Аҷаб ин аст, ки пас аз рад кардани дархости эҳтиёҷмандон соле сипарӣ нашуда, баъзе ашхоси ба манзил эҳтиёҷнадошта соҳиби ин заминҳои доманакӯҳӣ шуданд ва дар он ҷо манзилҳои истиқоматӣ, боғ, кишти сабзавот карданд. Саволи матраҳ ин аст, ки фарқи байни мардуми одии меҳнаткаш ва он шахсони баландпоя дар чист?
Дар даврони шӯравӣ дар деҳа фермаи ширӣ-молӣ вуҷуд дошт. Масоҳати он бо заминҳои гирду атрофаш наздик ба 8 - 10 гектар буд. Соҳибони ин нуқтаҳои хизматрасонӣ дар ин ҷо манзилҳои истиқоматӣ сохтанд ва ҳар яке то 0,20 гектар замини наздиҳавлигӣ гирифтанд ва манзили истиқоматӣ сохтанд. Онҳо бо кадом роҳ, дар асоси кадом санади меъёрӣ- ҳуқуқӣ соҳиби ин заминҳои ба саҳмдорон тааллуқдошта гаштанд, касе намедонад. Роҳбари хоҷагӣ аз пурсишҳои эҳтиёҷмандони қитъаи замини наздиҳавлигӣ «ман хабар надорам» мегӯяд. Дар мақомоти иҷроияи ноҳия ҳам ҷавоб намедиҳанд. Ҳамин тавр, 22 сол боз эҳтиёҷмандони манзили зист боз ба куҷо, ба кӣ муроҷиат карданро намедонанд.
Бозорбой САНГИНОВ,
деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.12.2020 №: 250 - 251 Мутолиа карданд: 9023