logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

30 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021» баррасӣ шуд.

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фаъолияти боз ҳам босамари Ҳукумати мамлакат дар нимсолаи якуми соли 2021 таҳия гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхона, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати таъмини саривақтии бандҳои нақшаи корӣ, аз ҷумла омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар маҷлис оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 - 2021” ҳисоботи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф шунида шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то имрӯз дар қаламрави вилояти Хатлон дар доираи иҷрои барнома аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4 бинои шуъбаи маориф ва 119 бинои муассисаи таълимӣ барои 20 ҳазору 620 ҷойи нишаст ба маблағи 214 миллиону 306 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, ки ҳамагӣ 22,4 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтию босамари барнома тадбирҳои мушаххас андешанд. Бо истифода аз тамоми имкониятҳои молиявӣ ва ҷалби сармоя бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаҳои маорифро ба роҳ монда, барои хонандагон ҷойҳои нави нишаст таъмин намоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, таваҷҷуҳи масъулонро ба норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар вилояти Хатлон ҷалб карданд.
Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” ва «Дар бораи нишон-диҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2024» ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ”, «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ниҳолпарварӣ” ва як хулосаи Ҳукумати мамлакат «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ карданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, масъалаҳо «Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2023», «Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030», «Дар бораи Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 - 2025», «Дар бораи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2021» ва «Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар бораи «Нақшаи генералии шаҳраки Фархори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон» раиси ноҳия Рустам Раҳматзода ҳисобот дод.
Баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳо ҷиҳати иҷрои саривақтии масъалаҳои муҳокимашуда ва дастурҳои қаблии Президенти мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.
Дастурҳои дигар ба роҳбарияти сохторҳои марбута доир ба омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи байналмилалӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, таъмини неруи барқ ва гармӣ ба аҳолию дигар истеъмолкунандагон, истифодаи самараноки неруи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он дода шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.12.2020    №: 252    Мутолиа карданд: 8573
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед