logo

сиёсат

СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

30 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ҳамдигарро бо Соли нав самимона табрик намуда, зимни таманниёти неки хеш ба мардумони тоҷику ӯзбек бурдборӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки сарфи назар аз мушкилоти воқеии соли равон, ҷонибҳо тавонистанд аксари тавофуқоти қаблан бадастомадаро амалӣ гардонанд.
Ба ин раванд аз бисёр ҷиҳат ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ мусоидат намуд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки коргоҳи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон «Артел Авесто Электроникс», ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз ҷониби бародарони ӯзбек дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон сохта шудааст, расман мавриди истифода қарор гирифтанд.
Сарвари давлат ҳамкории зичи тарафҳоро дар шароити паҳншавии пандемияи COVID -19 махсусан таъкид намуда, дар ин робита ба иқдомҳои башардӯстонаи Ӯзбекистон нисбат ба кишвари мо ҳамчун шакли олии ифодаи анъанаҳои неки ҳамсоягӣ ва дастгирии ҳамдигар, ки таърихан хоси муносибатҳои ду халқ мебошанд, баҳои баланд доданд.
Дар охир ҷонибҳо ҳавасмандии худро дар бобати таҳким бахшидани ҳамаи самтҳои ҳамкориҳои дарозмуддату бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи шарикии стратегӣ иброз намуданд.


30 декабр миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дода шуд.
Президентҳои ду кишвар ҳамдигарро ба муносибати фаро расидани Соли нав самимона табрик намуданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Беларус осмони соф, субот ва рушди устувор таманно карданд.
Дар рафти суҳбат Сарвари давлати мо зикр намуданд, ки ба шарофати саъю талошҳои ҷонибҳо муносибатҳои ду кишвар тайи солҳои охир ба сатҳи сифатан нав бароварда шуданд.
Дар фарҷом изҳори бовар карда шуд, ки ҷонибҳо ҳамкориҳои судмандро дар чорчӯбаи шарикии босамари стратегӣ минбаъд низ афзоиш хоҳанд дод.


30 декабр байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир гардид.
Дар оғози суҳбат ҷонибҳо ба муносибати фарорасии Соли нави 2021 мубодилаи табрикоти гарм намуда, ба мардумони Тоҷикистону Қазоқистон некуаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.
Дар  рафти  суҳбат  ҷонибҳо  омодагии  худ-ро ҷиҳати идомаи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ оид ба тамоми мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид карданд.
Махсусан зикр гардид, ки алорағми ҳамаи мушкилоте, ки соли ҷорӣ бар асари пандемияи  COVID -19  сар  задаанд,  ҷонибҳо  тавонистанд рушди мусбати шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро нигоҳ доранд.
Ҳамин аст, ки имрӯз ҳам Қазоқистон ҳамчун яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо изҳори бовар намуданд, ки бо саъю талоши муштарак ҳамкориҳои судманди байни ду кишвар минбаъд ҳам дар ҳамаи арсаҳо идома хоҳанд ёфт.


30 декабр  суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев сурат гирифт.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон ва дар шахсияти ӯ мардуми бародари Қазоқистонро ба муносибати фарорасии Соли нав самимона табрик карда, барои   ҷомеаи  Қазоқистон сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаро орзу намуданд.
Сарвари давлати мо, ҳамчунин, сипоси худро ба Нурсултон Назарбоев барои табрикоти гарму таманниёти нек ба унвони мардуми Тоҷикистон иброз доштанд.
Дар рафти суҳбат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   густариши бомуваффақияти муносибатҳои зичи дӯстиву ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни Тоҷикистону Қазоқистонро, сарфи назар аз   оқибатҳои манфии пандемия, зикр карданд.
Инчунин,  Сарвари давлати мо тазаккур доданд, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Қазоқистон ба рӯйдоди муҳими сиёсӣ – интихоботи парламентӣ омодагӣ мегирад. Дар ин иртибот ӯ ба сокинони Қазоқистон баргузории бомуваффақияти чорабинии мазкурро, ки омили боз ҳам бештар таҳким ёфтани субот, ризоият ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа арзёбӣ мегардад, таманно карданд.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки бо талошҳои муштарак шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ ба нафъи мардумони ду кишвар тавсеа хоҳад ёфт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.12.2020    №: 252    Мутолиа карданд: 556
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед