маориф
“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”. 4 ПЕШНИҲОДИ 1 ИШТИРОКЧӢ
Ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дуюм аст, ки Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Баргузории ин озмун миёни хурдсолону калонсолон ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва монанди инҳо як таҳаввулоти куллиеро ба вуҷуд оварда истодааст.
Ҳамчун иштирокчии номинатсияи шоирии даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур мехоҳам якчанд таклифу пешниҳод намоям:
1. Низомномаи Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҷдиди назар карда шуда, дар асоси таклифу пешниҳодоти шаҳрвандон баъзе тағйиру иловаҳо ворид гардад.
2. Бо сабаби он, ки дар замони муосир муборизаҳои иттилоотӣ шиддат гирифта истодаанд, ҳар як шахси ватандӯсту худогоҳро зарур аст, ки бо қаламу сухан алайҳи чунин нотавонбинону бадхоҳон муборизаи беамон барад. Бинобар ин, ба номинатсияи шоирӣ, номинатсияҳои нависандагӣ, рӯзноманигорӣ ва адабиётшиносиро илова карда, иштирокчиёнро ба се гурӯҳи зерин тақсим намоянд:
- хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи таҳсилоти касбӣ;
- донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, олии касбӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун;
- калонсолон ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа.
Вобаста ба қобилият ва синну соли иштирокчиён шартҳои озмун содатар шумораи ҷоизагирандагон зиёд карда шаванд.
Дар низомномаи озмуни мазкур омадааст, ки дар номинатсияи шоирӣ фақат шахсоне метавонанд иштирок намоянд, ки аъзои Иттифоқи нависандагон набошанд. Ин аз як тараф ба дарёфти чеҳраҳои нав мусоидат кунад, аз дигар тараф ҳуқуқи шоирони ҷавонеро, ки аъзои ин иттифоқ мебошанд маҳдуд менамояд. Бигзор, аъзоёни Иттифоқи нависандагон ҳам дар ин озмун иштирок намуда, намунаи эҷодиёташонро такмил ва афзоиш диҳанд. Вале бояд нисбат ба онҳо талаботи озмун қавитару ҷиддитар бошад.
Бо ин мақсад, пешниҳод менамоям, ки ба се гурӯҳи дар боло зикршуда, гурӯҳи чорум бо номи “аъзоёни Иттифоқи нависандагон” илова карда шавад. Вале доварӣ ва баҳогузорӣ ба эҷодиёти ин гурӯҳ, на аз ҷониби ҳакамон, балки аз ҷониби иштирокчиёни ҳамаи номинатсияҳо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ амалӣ гардад.
3. Тибқи низомномаи озмуни мазкур шумораи ҷоизагирандагон барои номинатсияи шоирӣ 3 ва ба дигар номинатсияҳо 6 нафар муқаррар шудааст. Вале чи тавре, ки аз баромадҳои иштирокчиёни ҳамаи номинатсияҳо дар даври ниҳоӣ маълум мешавад, ин миқдор хеле кам буда, довталабони болаёқат зиёданд ва ҳамаи онҳоро ҳавасманд кардан имкон надорад. Ин иштирокчиён махзани тиллоии ақлию зеҳнии кишвар буда, дар оянда барои рушду ташаккули адабиёт ва фарҳанг нақши созгор хоҳанд бозид.
Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки аз ҳисоби ҳамаи иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни мазкур як созмони илмию адабӣ таъсис дода, бо ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва кишварҳои шарикони рушд мунтазам вохӯрӣ ва чорабиниҳои адабию фарҳангӣ гузаронда шаванд.
4. Имрӯзҳо ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар марҳила ба марҳила амалӣ мегардад ва хуб мешуд, ки дар сатҳи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти сарпарастии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як озмуни ҷумҳуриявии дигаре бо номи “ИСТЕЪДОДҲОИ НОДИР ВА ФАВҚУЛОДА” эълон карда шуда, ҳамаи олимон, муҳандисон, навоварон, ихтироъкорон, дорусозон, барномасозон ва намояндагони касбу кори гуногун ба он ҷалб карда шаванд.
Чунин озмун ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат заминаи устувор хоҳад гузошт.
Ҳамрозода Бӯрӣ САРМАД,
иштирокчии озмун, сардори раёсати таҳлил
ва омори гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.01.2021 №: 1 Мутолиа карданд: 3800