ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ОДАМКУШӢ
Қотил ба дасти милитсия афтод
Як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 39-сола ном мебарад, ба гумони содир намудани ҷиноятӣ одамкушӣ дастгир шуд.
Марди боздоштшуда 1 январи соли 2021 дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, марди 38-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст.
Содир гардидани чунин ҷинояти вазнин дар пайи як муноқиша ба миён омада, ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
ЗАМИНФУРӮШӢ
Қаллобон ба толори суд рафтанд
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ҳакимхон Ҳакимов ва Ҳакимҷон Раҳимов баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, Ҳ. Ҳакимов, ҳамчун техник - заминсози Корхонаи давлатии фаръии «Суғдзаминсоз» дар ҳамдастӣ бо Ҳ. Раҳимов ба боварии шаҳрванд Акрам Раупов даромада, барои ба ӯ ҷудо карда додани қитъаи замин аз ҳудуди заминҳои маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд 206150 сомонӣ гирифтаанд.
Дар ҳамин асос нисбат ба Ҳ. Ҳакимов ва Ҳ. Раҳимов бо моддаи 247, қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
ДУЗДӢ
Боздошти ҷавони 19 - сола бо ин ҷурм
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин як ҷавони 19-соларо ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ боздошт карданд.
Бино ба иттилои сомонаи ВКД, ҷавони боздоштшуда бо роҳи пинҳонӣ вориди мактаб - интернати Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳия шуда, аз дафтари кории директори муассиса як адад ноутбукро дуздидааст.
Зарари расондашуда дар пайи ин амал 4 ҳазору 200 сомонӣ ҳисоб шуда, ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.01.2021 №: 3 Мутолиа карданд: 668