номаҳо
ҲАЙВОНҲО ЗАБОН НАДОРАНД, АММО ҶОН ДОРАНД...
ЧАНД ГУФТА АЗ ДИДАҲО
Боғи ҳайвоноти пойтахт. Мо бо умед кӯдакону шогирдони азизи худро ба тамошои он мебарем. Аммо ба шеру паланг ва бузинаву хирсҳое рӯ ба рӯ мешавӣ, ки дохили қафаси оҳанину фарсуда ҷой дода шудаанд. Мӯйи баданашон рехта, лоғар гашта, маъюсона нимнигоҳе мекунанд ё гоҳо онро ҳам дареғ медоранд...
Дар кунҷи дигари боғ уштуру ҳайвонҳои хонагиву ваҳшӣ ва дигар намуди парандаву хазандаҳо ба назар мерасанд. Аксари ҳайвоноти сумдорро дар ҳавои кушод дошта, ба қавле таваҷҷуҳи тамошобинро ба худ ҷалб карданианд. Аммо ҳоле, ки онҳо дар ин ҷо доранд, танҳо раҳми касро меораду халос.
Боғи ҳайвоноте, ки дар замони наврасиву ҷавониҳои мо дар байни боғҳои ҳайвоноти кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз беҳтаринҳо ҳисоб мешуд, чунин ҳол дорад, чаро?
Ман мутахассис нестам, аммо ба фикрам, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва атраксиону чархофалакҳо набояд дар боғи ҳайвонот ҷо дошта бошанд. Ошхонаҳои дохили боғ низ ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ набуда, дар баробари нархи гарон бӯйи ҳайвоноту парандагон ва хазандагон имкони бо иштиҳо истеъмол кардани хӯрокро аз байн мебаранд.
Мо аз гузаштагони худ ҳамеша шунидаем, ҳайвоноту парандаҳо агарчи забон надоранд, аммо ҷон доранд. Аз ин сабаб, аз масъулон мехостам, ин камбудиҳоро рафъ созанд, то мо бо фарзандону шогирдон бо дили пур ва рӯҳи болида ба сӯи Боғи ҳайвоноти пойтахт равем.
Зарафшон ДАВЛАТОВА, омӯзгори МТМУ № 78, ноҳияи Фирдавсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.01.2021 №: 4 Мутолиа карданд: 8831