номаҳо
НУҚТАҲОИ РАДИОРО БАРҚАРОР КУНЕМ
Аҳолӣ имрӯз барои шунидани хабару гузоришҳо аз шабакаҳои телевизионӣ истифода мебаранд. Барои кори он ба миқдори зиёд қувваи барқ сарф мешавад.
Аз ин рӯ, системаи радиошунавонии симини маҳаллиро барқарор кардан аз фоида холӣ нест. Он воситаи боэътимоди расондани сиёсати давлат дар ҳолатҳои фавқулода (заминларза, обхезӣ, тӯфон, ҷанг) новобаста аз таъмини барқ, хабару иттилооти фаврӣ ба гӯшаҳои дурдасти ҷумҳурӣ мебошад.
Дар фазои иттилоотӣ як зумра шабакаҳои радиошунавонии FM фаъолият мекунанд. Барои шунидани барномаҳои шабакаҳои FM бояд дастгоҳи махсус, ки қимати гарон дорад ё аз фурнитураи телефонии мобилӣ истифода намуд, на ҳамаи мардум ба фаҳми он меравад ва имконияти харидани онро дорад.
Ҳамаи шабакаҳои FM қувваи барқро аз хатҳои барқи дохилишаҳрӣ мегиранд. Дар ҳолати тасодуфан қатъ шудани қувваи барқ шабакаҳо аз кор мемонанд.
Шабакаҳои FM дар маркази шаҳрҳо ҷойгиранд. Бинобар кӯҳсор будани ҳудуди ҷумҳурӣ мавҷҳои FM ба ҳама ҷо намерасад, хусусан, аҳолии наздисарҳадӣ радиои давлати ҳамсояро гӯш мекунанд, аз ин лиҳоз онҳо аз сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон бехабар мемонанд.
Аҳолӣ барои шунидани хабару мусиқӣ, асосан, аз телевизиор истифода мебарад. Телевизиор дар як соат на кам аз 300 Ватт қувваи барқро мегирад. Агар як телевизиор дар як шабонарӯз 8 соат кор кунад 2,4 кВт., дар 30 рӯз 72 кВт., сарфи маблағи моҳона 72 х 0,2266 16,31 сомонӣ барои як телевизиор мешавад. Дар ҳолати насб намудани нуқтаҳои радио мо то 10 дарсади истифодаи барқро дар ҷумҳурӣ сарфа мекунем, иттилооткунонии аҳолӣ хуб, ҳам ба мардум ёрии иқтисодӣ мерасонем.
Радиои давлатӣ бо забони давлатӣ барномаҳои худро омода ва пахш мекунад. Дар ҳолати мунтазам шунидани чунин барномаҳо дар гуфтугузори мардуми шаҳру ноҳияҳо гуфторҳои шевагӣ аз байн мераванд, забони худро сайқал медиҳем, онро ҳифз менамоем.
Нуъмон ҲАСАНОВ, муҳандис, шаҳри Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.01.2021 №: 4 Мутолиа карданд: 8780