logo

иқтисод

 «КӢ ҲАҚ АСТ?»


Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба маълумоти шумо мерасонад, ки мактуби муовини раиси вилояти Хатлон аз 13 ноябри соли 2020, № 5/155 «Дар бораи қарздории ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ оид ба истифодабарии  қувваи барқ ва пардохти он» ва мақолаи «Кӣ ҳақ аст?», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 2 ноябри соли 2020, № 214 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Аз тарафи идораи барқи шаҳр соли гузашта ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба миқдори 182,2  миллион кВт/соат қувваи барқ ба маблағи 41,2 миллион сомонӣ интиқол дода шудааст.
Қувваи барқи додашуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба миқдори 21,4 миллион кВт/ соат зиёд мебошад. Маблағи пардохтшуда 33,1 миллион сомониро ташкил дод, ки он 80,4 дарсади маблағи умумии барқи истифодашударо дар бар мегирад.
Дар доираи чорабиниҳо оид ба иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, беҳтар намудани таъминот бо неруи барқ як қатор тадбирҳои ташкилӣ - техникӣ, аз ҷумла таъмири шабакаҳои барқӣ, зеристгоҳҳо, хату ноқилҳо, трансформаторҳо ва таҷҳизотҳои барқӣ, гузаронда шуда, ба маблағи 3,2 миллион сомонӣ таъмир гардида, 132,3 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Қарзи корхона аз истифодаи неруи барқ 82,3 миллион сомониро ташкил намуда, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 3,7 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.
Бо мақсади иҷрои таъкиди барқияи ҳукуматӣ аз 15 ноябри соли 2020, № 24/10-48 ва амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 15 ноябри соли 2020 дар машварати корӣ баён доштанд, нақша - чорабиниҳо ва 8 гурӯҳи кории таблиғотӣ таъсис дода шуд. Вобаста ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва пардохти он, таъмини амнияти озуқаворӣ, захираҳои кофии маводи хӯрока дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва пешгирии баландравии нарху наво дар бозорҳо, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон ситоди корӣ таъсис ёфта, корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотиро дар байни ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои буҷетию ғайрибуҷетӣ, бозорҳо,  ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин, усули хона ба хонаро ба роҳ монда истодаанд.
Муайян намудани қарздории истифодаи қувваи барқ байни муассисаи давлатии коммуналӣ ва чароғонкунӣ ва идораи барқи шаҳр мавриди баррасӣ қарор дорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар он камбудию норасоиҳо ва эродҳоеро, ки дар протоколи ҷаласаи назди раиси вилояти Хатлон дарҷ гардидаанд, таҳти назорати доимии худ қарор хоҳад дод.
Д. МУҲАММАДҶОНЗОДА,
муовини раиси шаҳри Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2021    №: 7    Мутолиа карданд: 760
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед