ҳуқуқ
ВОПАСГАРОӢ.
НАҲЗАТИҲО ТЕРРОРИСТОНИ МИЛЛАТКУШЕ БЕШ НЕСТАНД
Тавре мардуми кишвар огоҳанд, пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷурму ҷиноёти пешини наҳзатиёни террорист сарфи назар карда шуд. Аммо тарроҳону саркардагони он тасмим гирифтанд то дар ҷомеа худро бо чеҳраи дигар намоиш диҳанд. Ин чеҳраи воруна он аст, ки онҳо бо сурати нав афкори вопасгароиро таблиғ мекунанд. Бо чеҳраи аврупоӣ, ба хотири гӯл задани қишрҳои ноогоҳ арзишҳои асримиёнагиро чун маҳаки аслии маънавиёт “ҷилва додан” яке аз усулҳои маъмулии наҳзатиёни террорист мебошад.
Сарфи назар аз он ки наҳзатиёни террорист сабабгори асосии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буданд, дар марҳилаи баъдӣ, яъне пас аз расидан ба ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ ин нобихрадон хоҳон ва талабгори ба асри миёна баргардондани ҷомеа шуданд. Сиёсатбозиҳо, лафзпардозиҳо, фазлфурӯшиҳо ва вопасгароӣ, дар маҷмӯъ, маънии сиёсисозии ислом дар кишвар буд. Наҳзатиёни террорист хуб огоҳанд, ки бо мафкураи бегона давлати миллӣ сохтан имкон надорад, аммо бо вуҷуди он саркардаи ин ташкилаи ифротгаро хост, ки бо технологияи нави сиёсӣ – чарбзабонӣ, гапфурӯшӣ, донотарошӣ ва шиорпартоии худ миёни авом нуфуз пайдо карда, худро наҷотбахши миллат ва ҷомеаи тоҷик нишон диҳад. Мардуми тоҷик хуб медонанд, ки бо таблиғи арзишҳои таҳмилии асримиёнагӣ ба мақсад расидан имкон надорад. Ин аст, ки наҳзатиён рӯз ба рӯз хиёнату риёашон ошкоротар мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки ташкилаи наҳзатиёни ифротгаро барои ба вуҷуд овардани тавтеа ва ҳараҷу мараҷ дар ҷомеа ба дасти хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ сохта шудааст. Ин аст, ки наҳзатиён чи дар гузашта ва чи имрӯз террористони миллаткуше беш нестанд. Шояд аъзои ин ташкилаи террористӣ зоҳири хешро иваз намуда, худро модерн ҷилва диҳанд, вале воқеият ин аст, ки инҳо ҳамон террористонеанд, ки худро дар либоси нав ҷилва медиҳанд. Ҳарчанд имрӯз дар кишварҳои аврупоӣ иқомат доранд, вале афкори вайронгару хурофотии вопасгарои онҳо дар навиштаҳо ва гуфторашон бармало мушоҳида мешавад.
Аз ин рӯ, ҳар нафаре, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид мешавад, бояд аз технологияи мағзшӯии террористони наҳзатӣ огоҳ бошад. Огоҳ бошад, ки наҳзатиёни террорист, аслан, лӯхтакҳои сари дасти бегонагонанд. Наметавонанд амалан кореро барои миллати худ анҷом диҳанд, чунки зеҳнашон моломоли арзишҳои асримиёнагии вопасгароёна мебошад. Тавре маълум аст, нафаре, ки аз арзишҳои бегонаи асримиёнагӣ ифтихор ва пуштибонӣ мекунад, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад, инсони имрӯзӣ ва барои ҷомеаи кунунӣ мувофиқ бошад.
Кайхусрави СУБҲОНЗОД,
ходими илмии АМИТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.01.2021 №: 7 Мутолиа карданд: 947