logo

сиёсат

ШӮРОИ ҶОМЕАСОЗ. АЗ ТАҶРИБАИ НОДИРИ ҲАМКОРИҲОИ ДАВЛАТ ВА НИҲОДҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Соли ҷорӣ аз таъсисёбии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Низомномааш мақоми намояндагӣ, таҳлилию машваратӣ ва ҳамоҳангсозӣ буда, ҳамкории сиёсию иҷтимоии миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба роҳ мемонад, 25 сол пур мешавад.
 
Шӯрои мазкур дар аввалин солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар таъмини суботу амнияти кишвар ва муттаҳид намудани мардум нақши муҳим гузошт.           
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Анҷумани VI ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1999 чунин таъкид намуда буданд: “Яке аз хусусиятҳои асосии ҷомеаи демократӣ ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ мебошад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шаклу усулҳои нодири чунин ҳамкориҳо ба вуҷуд омадаанд. Сохторҳои давлатии мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ба таҷрибаи мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд”. 
Шӯрои ҷамъиятии кишвар, ки зодаи даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, маҳз дар солҳои навадуми қарни гузашта, ки дар мамлакат бесарусомониҳо идома доштанд, таъсис ёфта, барои муттаҳид намудани неруҳои гуногуни ҷомеа ва барқарор кардани сулҳ нақши хеле босазо гузошт.
Ба андешаи муаллифони китоби “Бунёди давлатдории навин” (Душанбе, 2002) оғози солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “даврони шикасти низоми яккаҳизбӣ, ташаккули бисёрҳизбӣ ва пайдоиши ҷунбишҳои бисёри иҷтимоӣ-сиёсӣ буд. Табиист, ки дар шароити бисёрҳизбӣ ва мавҷудияти ҷунбишҳои гуногуни иҷтимоӣ-сиёсӣ мубориза барои нуфузи ҷомеа, дар шуури қишрҳои мухталифи ҷомеа, барои даст ёфтан ба ҳокимият ва тақсими нави моликият шиддат меёбад”. 
Дар китоби мазкур таъкид мегардад: “Таъсири Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, ки 9 марти соли 1996 аз ҷониби 30 ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва дар заминаи он Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон таъсис ёфт, дар пешрафти музокирот ва сулҳи тоҷикон бузург аст. Ҳадафи асосии Аҳднома ва таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ дастёб шудан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки хушбахтона халқи тоҷик ба ин мақсади олии хеш ноил шуд”.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки дар аввалин солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таъсиси Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон барои оромию субот, муттаҳидии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди минбаъдаи кишвар нақши муҳим бозид.
Ҳоло аксари ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мамлакат расман ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд ва аъзои доимии шӯро мебошанд, бо тавсияву роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоди мазкурро ба қувваи бузурги созанда табдил додаанд, ки давоми фаъолияти биступанҷсола дар пешрафти ҷумҳурӣ саҳми назаррас дорад.
Зимнан, дар замони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфтани Шӯрои  ҷамъиятии Тоҷикистон, ҳамчун ҳамкории нодири давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ эътироф гардидааст. Зеро, маҳз ба туфайли таъсиси шӯро бо назардошти пешниҳодҳои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди минбаъдаи рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварда шуд ва  ба таъкиди Пешвои муаззами миллат “он барои таъмини мубодилаи афкори неруҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ, барқарор намудани шаклҳои нави ҳамкории онҳо фаъолият намуда, ба ҳамаи аъзо, яъне ҳизбу созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ имкон медиҳад, ки дар бобати масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ва давлат табодули назар карда, дар ҳаллу фасли онҳо бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ саҳм дошта бошанд”. 
Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Низомнома, ки аз ҷониби Раиси Шӯро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 апрели соли 2018 тасдиқ шудааст, мақоми намояндагӣ, таҳлилию машваратӣ ва ҳамоҳангсозӣ буда, масъулияти ҷамъиятиро ба зимма дошта, айни ҳол зиёда аз 70 ташкилоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла 6 ҳизби сиёсиро, муттаҳид намудааст. 
Масъалаҳое, ки дар Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, аз ҷониби аъзои шӯро, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ҳастанд, пешниҳод мешаванд.
Дар баробари ин, аъзои шӯро дар суботу оромии ҷомеа ва таҳаммулпазирии сокинони кишвар саҳми муносиб дошта, туфайли корҳои тарғиботӣ тавассути шӯроҳо дар маҳал оммаи васеи мардумро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар ба таври мунтазам огоҳ менамоянд.
Дар ин замина котиби ҳамоҳангсози  Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов дар мақолааш “Таҷрибаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон: хусусиятҳо ва дурнамои рушд” (маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”) таъкид доштааст: “Шӯрои ҷамъиятӣ якҷоя бо дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тарғибу ташвиқи нақши  ҷавонон ва занон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми шоиста дорад”.
Ин аст, ки солҳои охир фарҳанги сиёсии сокинони мамлакат, махсусан занону ҷавонон, хеле боло рафта, онҳо дар маъракаҳои сиёсӣ фаъолона ширкат ва мавқеи шаҳрвандии худро муайян менамоянд. Аз ҷумла, соли 2020 дар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иштирок намудани 86,4 фоизи шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи интихобкунӣ доранд ва дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзидани  85,44 фоизи шумораи умумии интихобкунандагон метавонанд далели гуфтаҳои боло бошанд.
Дар раванди баргузории интихобот ҳизбҳои сиёсии кишвар бо барномаҳои пешазинтихоботӣ ширкати фаъолона доштанд ва бо риояи фарҳанги сиёсӣ байни ҳам рақобати солим намуданд.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди муттаҳидкунандаи неруҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо маслиҳату машварати ҳамдигар дар таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ  нақши хеле бориз дорад.
 
Ҷамшед ОБИДЗОДА,
унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2021    №: 8    Мутолиа карданд: 745
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед