logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Кору рӯзгори шодравон Мукаррама Қосимова, забоншиноси тоҷик, доктори илми филология, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ, Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон ҳама намунаи ибрат мебошад. Ӯ 16 январи соли 1933 дар оилаи рӯзноманигори маъруф Набӣ Фахрӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Бешак, корҳои илмиашро корҳои мондагор ва пурманфиат дар соҳаи филологияи тоҷик эътироф намудаанд.
Мо, ҳамаи шогирони ин устоди ғамхору меҳрубон ва дар айни замон сахтгир, аз он ифтихор дорем, ки аз тадрису ҳидоятҳо, панду андарзҳои ӯ баҳравар шудаем. Мавзӯъҳои дарсҳояшро тарзе фаҳмо, ҷолиб мегузашт, ки мураккабии он фанҳо ва мавзӯъҳоро эҳсос намекардем. 
Ба ҳамаи шогирдон  чун фарзанд муносибат менамуд. Муҳаббати ӯ чун устоди мушфиқ бисёр ошкор буд.
Ҳанӯз аз хотирам нарафта, ки ба синфхона корманди Телевизиони Тоҷикистон ворид шуд ва гуфт: «Барои сабти лаҳзаҳои хонишу воридшавӣ ба  факулта чанд духтари зеборо бояд интихоб бикунам». Мо эҳсос кардем, ки чунин муносибат ва гуфтор ба муаллима писанд наомад. Норозигии худро зебо ва бозарофат чунин баён дошт: «Ҳамаи духтарони мо зебоанду доно». Баъди лаҳзае афзуд: «Бачаҳои мо низ зебову хушахлоқанд». 
Туфайли дарсҳои муаллима мо синтаксисро пурра ва дуруст омӯхтем. Ҳама барои дарсҳои семинарӣ ё худ таҳлили синтаксисии ҷумлаҳо китоби «Восеъ»-и Сотим Улуғзодаро интихоб кардем. Ҳол он, ки на ҳар гурӯҳ ба ин иқдом даст мезад ва барои худ мушкилиро меписандид.
Соле пештар аз он, дар соли дуюми донишомӯзӣ, яъне соли 1981, ман мавзӯи «Калимаҳои «чун» дар ашъори Сайидо»-ро барои кори курсӣ интихоб намудам. Роҳбарам Мукаррама Қосимова буд. Маслиҳат дод, ки ҳамаи байтҳоеро, ки калимаи «чун» доранд, аз ашъори Сайидо биёбаму дар картотека онҳоро бинависам. Пайдо кардаму навиштам. Пас аз он рӯйхати адабиётро бароям дод, то ба мавзӯъ ва мавқеъву мазмуни ин калима бештар ошно шавам. Дар рафти кор маълумам шуд, ки олимони рус дар ин маврид моро бештару беҳтар аз мо омӯхтаанду рисолаҳо таълиф намудаанд.
Бо дастури муаллима байтҳои дар картотекаҳо қайдшударо ба гурӯҳҳо ҷудо кардам. Чун онҳоро диду қонеъ шуд, тарзу усули таҳлили онҳоро фаҳмонд ва баъд маро имтиҳон кард, ки оё ба гуфтаҳояшу ҳидоятҳояш сарфаҳм рафтаам ё не. Чун бовар ҳосил намуд, иҷозат дод, ки ба навиштани кори курсӣ шурӯъ бикунам. Пас аз чанд рӯз даъватам намуд ва гуфт, ки ду-се ҳафта ба сафари корӣ меравад, агар ба мушкилие рӯ ба рӯ шудам, ба муаллима Ҳуснигул Талбакова муроҷиат бинамоям, ӯ дар ин маврид ҳеҷ гуна ёриро аз ман дареғ намедорад.
Яъне, барои он ки як шогирдаш навиштани кори курсиро биомӯзаду дурусту ҷавобгӯи талабот бинависад, масъулияти зиёд ҳис мекард. Акнун тасаввур кардан мушкил нест, ки барои тарбияи шогирдонаш, ки рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ навиштаанду ҳимоя кардаанд, чӣ гуна маслиҳатҳо додаву заҳматҳо кашидааст. Ба ҳар шогирдаш, ки вохӯрдааму суҳбат намудаам, дар бораи ин устоди асилу раҳнамои одил суханҳои нек, тавсифӣ шунидаам.  Мавзӯъҳои интихобшудааш низ қобили қабулу пурманфиат барои рушди забоншиносии тоҷиканд. Ҳамин тавр, 42 нафар зери роҳбарии ӯ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.
Мукаррама Қосимова нахуст ба ҳайси котиби илмӣ ва баъд раиси Шӯрои диссертатсионӣ барои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва узви Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Комиссияи аттестатсионии назди Ҳукумати Тоҷикистон буд. Бо ташаббуси ӯ маркази омӯзиши забонҳои назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Беш аз 190 номгӯйи асарҳои илмиро навиштаву ба табъ расондааст. Танҳо як китоби «Матни классикӣ»-аш панҷ маротиба: солҳои 1969, 1976, 1989, 2000, 2010 нашр гардидааст, ки он аз беҳтарин васоити таълимӣ барои толибилмони донишгоҳҳову донишкадаҳо ва алоқамандон маҳсуб мешавад.
Мукаррама Қосимова 2 октябри соли  2020, яъне чанд моҳ пештар, дар синни 87-солагӣ оламро падруд гуфт. То вопасин рӯзҳои зиндагиаш саъю кӯшиш, донишу таҷрибаашро барои рушди соҳаи забоншиносии тоҷик, тарбияи шогирдон, ки идомабахши кораш бошанд, бахшид.
Миллат ва хоса шогирдонаш, аз ӯ ҳамеша ба некӣ ёд меоранд.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2021    №: 8    Мутолиа карданд: 697
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед