маориф
МАОРИФ. «БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ» ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ
Дар шароите, ки техникаву технологияи муосир рушд намуда, талабот ба мутахассисони фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ меафзояд, пешниҳоди солҳои 2020-2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим ва саривақтӣ мебошад. Аз ҷониби дигар, яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ин табдил додани Тоҷикистон аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрист ва ин худ бозгӯи тақвият додани технологияи соҳаи саноат, ки ба илмҳои дақиқ шомил мебошад, маҳсуб мешавад.
Коршиносони соҳа яке аз ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»-ро ҳавасманд гардондани насли ҷавони мамлакат ба омӯзиши табиати Тоҷикистон ва ба ин васила тадриҷан саҳм гузоштан дар рушди илми муосир арзёбӣ менамоянд. «Танҳо рушди илми муосир ва натиҷаҳои бадастовардаи илмӣ дар соҳаи экология имкон медиҳанд, ки инсон муаммоҳои дар табиат рӯйдодаро пешгирӣ намояд», — иброз доштааст, коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев. Зарурати «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дарки дурусти аҳамияти табиат ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа мебошад, зеро маҳз омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ба мо имкон медиҳад, ки мавқеи хешро дар табиат дарк намуда, вобаста ба қонунҳои табиат муносибати худро нисбат ба он ба роҳ монем, то таназзули табиат ба вуҷуд наояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат 18 марти соли 2020 Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуда буданд, ки давоми 6 моҳ шабакаи нави телевизиониро бо номи «Илм ва табиат» таъсис дода, дар ин шабака ва шабакаи «Баҳористон» таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад, омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд ва дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабакаҳо дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсиониро муаррифӣ созанд. Ташкили шабакаи нави телевизионии «Илм ва табиат» мустақим ва ғайримустақим ба ташаккули маърифати илмии на танҳо хонандагону муаллимон, балки аҳли ҷомеа мусоидат мекунад. Бо пешниҳод намудани ҷараёни дарсҳои омӯзгорони ботаҷрибаи фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ аз манотиқи гуногуни мамлакат ва берун аз он шабакаи «Илм ва табиат» метавонад, мададгори омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дар таълими фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ гардад.
Ҳадия АБДУРАҲМОНОВА,
омӯзгори МТМУ № 42,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.2021 №: 9 Мутолиа карданд: 4241