ҳуқуқ
ТАНЗИМ. ТАЪМИНИ НИЗОМИ ЗИНДАГИИ МАНУ МОСТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои пурмуҳтавояшон чунин гуфта буданд: «Бунёди ҷомеаи мутамаддин тақозо мекунад, ки расму оинҳоро аз зуҳуроти барои имрӯз ва ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро мутобиқи вазъи кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ танзим намоем. Муҳимтарини онҳоро ҳамчун қисми таркибии тамаддун ва фарҳанги миллӣ ҳамаҷониба инкишоф диҳем…».
Бале, ин гуфтаҳои наҷибу дилсӯзона, пураҳамияту нафъовари Пешвои муаззами миллатро, қабл аз ҳама, мо – омӯзгорон, хоса имрӯзиён, бояд ба пуррагӣ дар амал татбиқ намоем. Ҷиҳати амалӣ гардидани чунин таъкидҳои Сарвари маҳбуби кишварамон тамоми кӯшишу ғайратамонро равона созем.
Имрӯзҳо бояд, воқеан ҳам, дарк намуд, ки қонуни зикршуда дар тӯли зиёда даҳ соли фаъолияти худ барои мардуми мо, аслан, саодату хушҳолӣ, фараҳу нишот ва ба рӯзгорашон файзу баракати бештару муносибе ҳадя намуд. Зеро баъди расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, сарфи назар аз мушкилот боз нафароне пайдо шуданд, ки бо аъмоли худхоҳонаи худ мардумро ба оростани маъракаҳои пурдабдабаю сермасраф то ҷое маҷбур мекарданд. Бо ин амалашон дар қалби мардум оташи нафрату кинаю адоватро бедор менамуданд. Маъракаороӣ барои ин тоифа ба як мусобиқаи бемаъниву беохир табдил ёфта буд.
Имрӯзҳо дар чаҳор ноҳияи пойтахт ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади санҷидани тарзи коргузорӣ ва пурзӯр намудани фаъолияти тарғиботию фаҳмондадиҳии комиссияҳои ҷамъиятӣ рейду санҷишҳо гузаронда мешаванд. Ҳадаф аз ин корҳои тарғиботӣ ҳамон аст, ки нишондодҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба пуррагӣ амалӣ гарданд.
Дар тағйироту иловаҳо ба масъалаи баргузор намудани маъракаи хатнасур диққати асосӣ дода шудааст. Зеро бо баҳонаи хатнасур баъзеҳо бисёр маросимҳои манъшударо доир менамуданд. Бо ин мақсад дар қонун тағйироти ҷиддӣ, ки ба манфиати буҷети оила мебошад, ворид карда шуд. Тибқи тағйироти нав хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронда мешавад. Хатна аз рӯзи таваллуди писар бо розигии падару модар дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронда мешавад.
Дар роҳи амалӣ гардидани нияту мақсадҳои неке, ки ба нафъи ҷамъият аст, пеш аз ҳама, мо – омӯзгорон ва, умуман, аҳли ҷомеа бояд дастаҷамъона амал намоем. Ҳамчунин, дар амалӣ шудани ин қонуни миллӣ ва пешгирии исрофкорию зиёдаравиҳо дар маъракаю маросимҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ бо мақоми ваколатдор ҳамкории судманд бояд дошта бошанд.
Итминони комил дорам, ки дар якҷоягӣ мо дар ин ҷода ба дастовардҳои боз ҳам бузургтаре ноил хоҳем шуд.
Фирӯза ШАРИПОВА,
омӯзгори МТМУ № 76- и ноҳияи Фирдавсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.2021 №: 9 Мутолиа карданд: 634