ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ДАҲ СОЛИ ЗИНДОН
ба парасторе, ки тағояшро кушт
Суди шаҳри Турсунзода шаҳрванд Александр Муминовро барои қасдан аз ҳаёт маҳрум намудани тағояш - Темур Холмуродов ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, маҳкумшуда бо тавсияи модараш аз моҳи март то октябри соли 2020 тағои пиронсолашро, ки марди танҳо буд, парасторӣ кардааст. Вале чун хабардор мешавад, ки Темур Холмуродов манзили истиқоматиаш дар шаҳри Турсунзодаро ба нафари дигар васият намудааст, қасд ба ҷони ӯ кард. Номбурда аз ин рафтори ба андешааш «ноодилона» хашмгин шуда, дар ҳолати мастӣ тағояшро латукӯб, сипас бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст.
Прокуратураи шаҳри Турсунзода аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба А. Муминов бо моддаи 104, қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (Одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба дасти суд супурд.
Бар пояи ҳукми суд номбурда, муҳлати адои ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт сипарӣ хоҳад намуд.
ҚАЛЛОБӢ
Мардумфиребе, ки ислоҳ нашуд, боз ба толори суд рафт
Шаҳрванд Назар Бобоқулзода, ки қаблан дар асоси чанд моддаи Кодекси ҷиноятӣ маҳкум гардида буд, ин навбат барои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Н. Бобоқулзода бо моддаи 247, қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятӣ баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Номбурда соли 2019 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрвандон С. Алимназарова барои омода карда додани ҳуҷҷатҳои замини хоҷагии деҳқонии “Умар”-и ноҳияи Шаҳритус 5039 сомонӣ, К. Муродов барои ба манфиаташ ҳал намудани санҷиши ариза, ки дар РВКД дар вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дошт, 23000 сомонӣ гирифтааст. Ҳамчунин, Н. Бобоқулзода бо ҳамин тарзу усул моҳи апрели соли 2020 аз шаҳрванд Р. Бобомуродов 100 000 сомонӣ ситондааст.
ДАСТ БА МОЛИ МАРДУМ
Чорводуздон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба даст афтоданд
Кормандони милитсия 3 сокини деҳоти Узни ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ба гумони дуздии чорво дастгир карданд.
Сомонаи ВКД хабар медиҳад, ки шахсони гумонбар Заровиддин Раҷабов, Мирзораҳим Ғиёсов ва Тоҳир Сафаров дар 7 ҳолат даст ба чунин кирдори номатлуб задаанд. Онҳо моҳҳои ноябр ва декабри соли 2020 аз замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва манзили сокинон чорвоҳои калони шохдорро дуздида ба фурӯш гузоштаанд.
Айни ҳол, вобаста ба далелҳои мазкур нисбат ба гумонбарон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.2021 №: 9 Мутолиа карданд: 638