маориф
“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”. ОЗМУНЕ, КИ ҚАДРИ КИТОБРО АФЗУД
“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”. Ин озмун ду сол боз, хушбахтона, аз пир то ҷавони кишварро ба мутолиа ҷалб менамояд. Дигарбора ба таври оммавӣ рӯ ба китоб овардан падидаест, ки солҳои охир мо онро орзу мекардем. То таъсиси ин озмун, дар китобхонаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ ба ҷуз ду-се донишҷӯ, ки барои иҷрои супоришҳои устодон меомаданд, дигар касеро намедидӣ. Дар бораи китобкадаҳои деҳот ҳоҷати сухан гуфтан нест.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамон хиради худододашон бо ташкили чунин озмуни мондагор имкон надоданд, ки мутолиаи китоб ба гӯшаи фаромӯшӣ равад.
Ман ҳам дар аввал ба ғайр аз китобҳои дарсӣ хоҳиши ба даст гирифтани дигар китобро надоштам. Модарам, ки омӯзгор аст, маро ба ин олами рангини мутолиа ворид кард ва баъдан бароям пайроҳаи бофурӯғи ҷадиде боз шуд...
Барои ман дар чунин озмуни бонуфуз соҳиби ҷою мақоми арзанда шудан боиси ифтихор аст. Аз Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле миннатдорам, ки хусусан барои мо – кӯдакону наврасон чунин шароити донишандӯзӣ ва такмили истеъдодро фароҳам овардаанд. Кӯшиш мекунем, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо "аниси кунҷи танҳоӣ"-ро чун гавҳараки чашм азиз дорем ва бо баҳра аз он фарзанди шоистаи замон ба воя расем.
Бояд бигӯям, ки меҳри китобро дар қалби фарзандону наберагон бобои равоншодам устоди соҳибкитоб, омӯзгори асил, профессор Ҳасани Муродиён бедор кардаанд. Мавсуф аз худ моли зиёд не, балки китобхонаи калони шахсӣ мерос мондаанд, ки мо – пайвандонаш ҳамагӣ аз он истифода мекунем. Аз муаллимаам Раҷабмоҳ Давлатова ва модарҷону падарҷонам низ барои заҳматҳои шабонарӯзиашон, ки дар ҷодаи тарбияи ман кашида истодаанд, хеле миннатдорам. Ҳамзамон, боиси васф аст, ки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки муассисаи таълимии мо зерсохтори он аст, бо суҳбату ҳидоятҳояшон завқи мо – кӯдакону наврасонро ба китобу китобхонӣ боз ҳам бештар месозанд.
Ахиран, гуфтаниям, ки барои ман туҳфаи аз ҳама қиматтарин боз ҳам китоб буд, бавижа “Чеҳраҳои мондагор”-и Сарвари заковатманди кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҳоло ин китобро мутолиа намуда, орзу дорам, ки мисли қаҳрамонҳои ин асар инсони комил ва ба ҷамъият фоидаовар ба воя расам.
Сафиямоҳ ЮСУФОВА,хонандаи литсейи ДДБ ба номи Носири Хусрав
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.01.2021 №: 10 Мутолиа карданд: 4538