ҳуқуқ
ИФРОТГАРОӢ. АЗ ХАТАРҲОИ ҶАҲОНӢ ТО ТАФРИҚАҲОИ НАҲЗАТӢ
Ҷомеаи муосир бо вуҷуди пешрафту тараққиёти босуръат, ҳанӯз ҳам дар ҳалли масоили глобалӣ ба ҳамоҳангӣ даст наёфта, дар маҳви хатарҳое чун терроризму ифротгароӣ муваффақ нашудааст.
Оре, ҷаҳони имрӯз бо вуҷуди мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок ҳанӯз аз таҳдидҳои фалокатбори он эмин нест, ки зуд-зуд сар задани амалҳои пурқурбонии террористӣ дар давлатҳои гуногуни сайёра далели ин гуфтаҳост. Ҳар сол дар натиҷаи амалҳои террористию экстремистӣ дар саросари ҷаҳон даҳҳо ҳазор нафар кушта мешаванд ва садҳо шаҳру деҳот вайрону валангор мегарданд. Тибқи маълумоти пойгоҳи Индекси ҷаҳонии терроризм (Global Terrorism Index), ки кишварҳоро аз рӯйи осебпазирии терроризм раддабандӣ мекунад, айни замон Афғонистону Ироқ ва Нигерияву Сурия ҳамчун кишварҳое, ки дар онҳо сатҳи амалҳои террористӣ хеле баланд аст, зикр шудаанд.
Ҳоло яке аз масъалаҳое, ки дар самти пешгирии терроризму экстремизм ба он зиёд таваҷҷуҳ мешавад, ин пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба сафи гурӯҳҳои тундрави ифротгаро аст. Ин усул дар аксар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз роҳҳои муассири пешгирӣ ё мубориза бо терроризм аст.
Маълум аст, ки гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ бо роҳи мағзшӯйӣ ва тарғиби ақидаҳои худ одамонро ба сафи хеш ҷалб намуда, минбаъд иродаи онҳоро идора мекунанд. Дар ин ҳолат нафароне, ки гумроҳ гардида, ба террористу ифротгаро табдил меёбанд, дигар вобаста аз роҳбарони хеш шуда, ба амалҳои даҳшатафканӣ, қатли одамони бегуноҳ ва ба миён овардани нооромӣ даст мезананд. Аз ин рӯ, дар баробари чунин раванд таҳким бахшидани муборизаи ҷомеа аз роҳи иттилоот ва тавсеаи корҳои идеологию маърифатӣ басо таъсиргузор хоҳад буд. Зеро дуруст ба роҳ мондани корҳои идеологӣ ва таъмини ҷомеа бо иттилои зарурӣ вобаста ба ҳадафу амалҳои нангини террористӣ шаҳрвандонро аз ҷиҳати ақидавӣ устувору огоҳ месозанд.
Дар ин замина мо бояд, ба устувории идеологияи миллӣ такя намоем, ки хушбахтона, дар чанд соли охир ин раванд дар ҷомеаи сулҳпарварӣ вусъат гирифта, натиҷаҳои хуб ба миён овардааст. Устувории идеологияи миллӣ барои он зарур мебошад, ки метавонад ҳамгироиро дар ҷомеа ба вуҷуд оварда, таъсири ғояву ақидаҳои ғайр ва бегонапарас-тиро аз байн барад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳо боз як гурӯҳи худбохта бо давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷанги иттилоотӣ - идеологиро ба роҳ андохта, таҳти сарпарастии хоҷагони хориҷиашон кӯшиш доранд, фазои осудаи кишвар ва оромии ҷомеаро халалдор созанд. Ин душманони миллат дар сар ҳавои бозгашт ба ҳаводиси хунини солҳои аввали истиқлолиятро дошта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ ба ҳар василае талош доранд. Хушбахтона, барномаҳои тафриқасозонаашон, ки мехостанд зимни баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи порлумонӣ ва президентӣ дар соли 2020 низоъ барангезанд, ноком шуд ва дар баробари иродаи мардум шикаст хӯрданд. Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки мо оқибатҳои фоҷиабор, ғаразу ҳадафҳои аслии ин гурӯҳи худбохтаи манфиатҷӯро дар ҷаҳони андешаи худ маърифат намуда, аз макрашон ғофил намонем.
Нӯшервон ЁҒИБЕКЗОДА, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.01.2021 №: 10 Мутолиа карданд: 925