номаҳо
«Грант» қарзи бебозгашт аст?
Вобаста ба пешрафти замон ва ҷомеа ба захираи луғавии забон калимаҳои нав ворид мешаванд ва дар навбати худ баъзе калимаҳо аз истеъмол мебароянд. Бархе аз соҳибони забон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки истилоҳоти воридотӣ тарҷума шаванд. Муваффақ ҳам мегарданд, аммо на ҳама вақт. Ҷойи таассуф аст, ки як истилоҳро чанд нафар чанд хел тарҷума мекунанд. Дар натиҷа соҳибони забон намедонанд кадомеро бипазиранд, хоса агар ҳеҷ кадоме ҷавобгӯи талабот набошад.
Масалан, калимаи «грант»-ро ба забони тоҷикӣ «қарзҳои бебозгашт» тарҷума кардаанд ва онро, фикр мекунам, ки аз ноилоҷӣ истифода мебаранд. Оё «грант», дар ҳақиқат, қарзи бебозгашт аст? Чаро калима бояд дар шакли ибора тарҷума гардад?
Қарз аҳди байни субъектҳои иқтисодӣ оид ба пешниҳоди маблағ ва амвол барои истифодаи ба шарти бозпасгардонидан ва пардохти фоиз аст. Яъне «қарз» таркиб ва маънои «бебозгашт»-ро инкор мекунад. «Қарз» дер ё зуд бояд баргардонида шавад.
Ҳамин тавр, «қарзи бебозгашт» маънои «грант»-ро ифода намекунад. Пас чаро «грант»-ро, ки калимаи байналмилалӣ шудааст, дар ҳамин шакл, яъне бетарҷума истифода набарем? Албатта, хуб мебуд, ки минбаъд ҳама гуна калима ва истилоҳоти воридотиро Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар зарур бошад, тарҷума намояд.
Фарзона ИСМОИЛОВА,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3461