logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +

Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
БАХШИДА БА БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ
 
ЧАЙНВОРДИ «ОЛИМОНИ БИОЛОГИЯ»
 
1. Қонуни қатори гомологии ирсияти тағйирпазириро кадом олим кашф кардааст?
2. Истилоҳи ноосфераро кадом олим ба илм дохил намудааст?
3. Гибриди гандумро кадом олим пешниҳод кардааст?
4. Селексионери машҳур.
5. Аввалин шахсе, ки оид ба сохти бадани одам маълумот дод, кӣ буд?
6. Системаи функсионалиро бори аввал кадом олим ба илм дохил намудааст?
7. Аз як ҳуҷайра иборат будани содатаринҳоро ӯ исбот кардааст.
8. Назарияи пайдоиши протобиополимерҳо бо роҳи адсорбсия ба кадом олим тааллуқ дорад?
9. «Пайдоиши намудҳо» асари ӯст.
10. Асосгузори фанни генетика кист?
11. Назарияи эволютсияи биохимиявиро кадом олими англис пешниҳод кардааст?
12. Падари фанни зоология.
13. Мафҳуми содатаринҳоро дар илм аввалин маротиба ӯ дохил намудааст.
14. Асаби вегетативиро кӣ кашф кардааст?
15. Селексионери машҳур.
 
Таҳияи Муин ХОЛИҚОВ, сокини ноҳияи Айнӣ 
 
ҶАВОБ БА АНАВОРДИ «АЗ А ТО А», АЗ 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2021
1. АМА.  2. Арча.  3. Ариза.  4. Анкара. 5. Анохита. 6. Афродита. 7. Адис - Абеба. 8. Арифметика. 9. Аэронавтика. 10. Анна Ахматова. 11. Антсиранана. 12. Антарктида. 13. Ампилитуда. 14. Артемида. 15. Алабама. 16. Ангола. 17. Афина. 18. Агра. 19. Ака
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
ҶАЗИРАИ ҶИЛО 
ЧАРО СОКИНОН СИРОЯТ НАМЕЁБАНД?
Ба ҷазираи Ҷилои Италия сайёҳоне меоянд, ки мубталои бемории коронавирус мебошанд. Ҳангоми озими ҷазира шудан, фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд ва, умуман, ба чораҳои муқарраргардидаи карантин эътибор намедиҳанд. Дар зимн, ягон нафар аз сокинони маҳаллӣ ба бемории коронавирус гирифтор  нашудаанд. Баҳори соли 2020 дар ин ҷо карантин ҷорӣ нагардид ва истироҳаткунандагон бошанд, бо сокинони маҳаллӣ аз наздик суҳбат менамуданд. Моҳиятан вазъи мавҷуда метавонист боиси сирояти ҳамагон гардад, вале ин тавр нашуд. Чаро?
Кормандони тиб дар ин хусус ду фарзия доранд. Тибқи фарзияи аввал, ҳавои куллан соф ба инфексия имкон намедиҳад, ки паҳн шавад. Фарзияи дувум ин аст, ки сокинони маҳаллӣ дорои иммунитете мебошанд, ки ба қавле салибшакл буда, ба патоген (касалиовар) монанд аст.
Экспертҳо зикр менамоянд, ки иммунитети салибшакли реактивӣ дар муқовимат бо инфексияҳои гуногун хеле зарур мебошад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
ТАЪСИРИ КОРОНАВИРУС БА ЭКОЛОГИЯ
Пандемияи коронавирус ба экология таъсири манфии ҷиддӣ мерасонад. Гурӯҳи олимон оид ба ҳифзи уқёнуси Oceans Asia ба чунин хулоса омадаанд, ки аз 52 миллиард ниқоби тиббии истеҳсолгардида, дар соли сипаришуда зиёда аз 1,5 миллиардаш ба уқёнусҳо ворид мешавад. Мувофиқи ҳисоби эко - фаъолон ин ҳолат ба ифлосшавии зиёдатии уқёнусҳо аз 4680 то 6240 тонна пластика оварда мерасонад. Ниқобҳои тиббӣ аз риштаҳои борики полипропиленӣ сохта мешаванд, ки бо мурури замон ба ҳиссаҳои микроскопӣ ҷудо шуда, хатари ҷиддиеро барои экосистемаи уқёнусҳо ба миён меоранд. «Ифлосшавии уқёнусҳо бо пластика ҳамасола 100 ҳазор ширмакони баҳрӣ ва сангпушт, зиёда аз миллион паранда ва аз ин ҳам зиёд моҳӣ, бесутунмуҳраҳо ва дигар ҳайвоноти баҳриро ба марг мувоҷеҳ месозад»,- иброз медорад Гэри Стоукс, директори амалиётии Oceans Asia. Инчунин, ӯ мегӯяд, ки ифлосшавӣ ба соҳаи моҳидорӣ ва сайёҳӣ зарба зада, ба иқтисодиёти ҷаҳон 13 миллиард доллар зарар мерасонад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
Рӯзе расид, ки Ораз бемориашро дигар пинҳон дошта натавонист. Халтаи кӯкаро бардорам гуфта, сараш чарх зад, сулфааш омад, басанда нашуд сулфа, дамаш ба дарун, аз пой афтод, қарибе ба ҳоли худ. Ба кумакаш давиданд. Дар беморхона духтурҳо ба сараш бориданд. Он солҳо талабот ҳамин хел буд, табобат бепул, духтурҳо вазифадор. Гӯш надоданд, ки Ораз чӣ мегӯяду намегӯяд. Дардашро вазнин ҳисобида дар ҳуҷраи алоҳида ӯро хобонданд.
* * *
Ҳамон роҳе, ки поёнаш намебинам, ватандорист, 
Ҳамон дарде, ки дармонаш намебинам, ватандорист. 
Ба хуни ноф ҳар хоке шавад олуда, ҷон дорад, 
Танеро бе ғами ҷонаш намебинам, ватандорист.
 
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз 8 январи соли 2020
Абдумалик Баҳорӣ, Умари Хайём
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
ФАКТҲОИ АҶИБ ДАР БОРАИ ПУЛ
Пул – зарурат аст. Дар ҷаҳони муосир бе пул наметавон зист. Бо пул ҳама чизро харида намешавад, вале он қисми бештари ҳамон «ҳама чиз» - ро дастрас мегардонад. Чанд ҳақиқати  аҷиб дар бораи пул ҷамъ овардем, ки ба гумони яқин писандатон меояд.
 
ЧИН ҒАЛАБА КАРД
Чин аввалин кишварест дар ҷаҳон,  ки пулҳои коғазӣ баровард. Ин рӯйдоди аҳамиятнок беш аз 1400 сол қабл ба вуқӯъ пайваст. Дере нагузашта, аллакай, кӯшиши қаллобӣ намудани пулҳои  аввалинро карданд, вале сиёсати Чин дар ин муносибат ба қадри  кофӣ сахтгир буд ва чунин ҷиноятҳоро  бартараф сохт.
 
САНЪАТИ ПУЛСОЗӢ
Ҳамаи мо медонем, ки духтурон ё ҳуқуқшиносон барои  аз рӯи касбашон пеш бурдани зиндагӣ солҳои зиёд таҳсил мекунанд. Вале медонед, ки ҳаккокони  танга барои омӯзиш 15 сол сарф мекунанд? Гап сари он аст, ки аз онҳо кор дар самти чаппа талаб карда мешавад, зеро ҳангоми буриши лавҳаҳои оҳанин нақши оинавии лавҳаҳо истифода мешавад. Барои чунин пеша як қатор малакаҳои махсус лозим меояд. 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
РӮЗНОМАНИГОРИ РӮЗНОМАХӮР
Пеш аз оғози мавсими солҳои 1972 – 1973, бори аввал дар таърихи ҳоккей байни беҳтарин ҳоккейбозони касбии мунтахаби Канада ва тими миллии ИҶШС силсилабозӣ иборат аз 8 бозии дӯстона баргузор гардид, ки онро мухлисони калонсол хуб дар ёд доранд. Чор бозии аввал дар Канада ва боқимонда дар Москва доир  шуд. Дар натиҷа, Канада 4 пирӯзӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ 3 ғалаба ба даст оварда, як қувваозмоӣ мусовӣ ба анҷом расид.  
Боиси тазаккур аст, ки қабл аз оғози мусобиқот, канадагиҳо бо итминон мегуфтанд, ки тими миллии ИҶШС - ро дар ҳама ҳолат "торумор" хоҳанд кард. Аз ин рӯ, Дик Беддос, рӯзноманигори рӯзномаи «Глоб энд Мейл» (Торонто) пеш аз шурӯи силсилабозиҳо гуфт, ки, агар русҳо ҳадди ақал дар як вохӯрӣ пирӯз шаванд, мақолаи худро мехӯрад. Пас аз шикасти канадагиҳо дар қувваозмоии аввал бо ҳисоби 3:7 (2 сентябри соли 1972), Дик ба меҳмонхонае, ки дар он ҳоккейбозони шӯравӣ мезистанд, омада, ба ваъдааш вафо кард. 
Аз русӣ тарҷумаи М. МИРЗОЁН
 
 
Диоген
Файласуфи бузург Диоген назди ҳайкал чорзону зада, садақа мепурсид. Роҳгузаре инро дида, бо тааҷҷуб мепурсад:
- Магар ҳайкал метавонад ба шумо чизе диҳад?
- Не, албатта.
- Пас, чаро ин корро мекунед?
- Мехоҳам ба наталбидан одат кунам, - мегӯяд файласуф. 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
30 СОЛИ ҲАЁТ САРФИ КАНДАНИ КАНАЛ
Марди ҳинду бо номи Лаунг нисфи ҳаёти худро барои кандани канал сарф кардааст. Кам касоне ба ин бовар доштанд, ки муваффақ мешавад ва акнун ӯро қаҳрамон медонанд. Деҳаи Калитва дар иёлати Бихар манбаи об надорад. Сокинони маҳаллӣ маҷбур буданд, ки чорвои худро барои об нӯшондан ба масофаи чанд километр ба сӯи ҷангал бибаранд. 
Бисёриҳо ба ин шароит тоб наоварда, ҷиҳати дарёфти шароити хуби зиндагӣ деҳаро тарк намуданд. Дар миёни онҳо фарзандони Лаунг низ буданд.
Ба марди 40-сола таърихи одами кӯҳӣ илҳом бахшидааст. 
Таърихи одами кӯҳӣ баёнгари он аст, ки мард дар тӯли 22 сол метавонад бо истифода аз асбобҳои сода гузаргоҳеро аз тариқи теппа боз намояд. Ҳамсари қаҳрамон муддати 30 сол ташаббуси шавҳарашро дастгирӣ наменамуд.  Тибқи гуфтаи ӯ, мард барои таъмини хонавода бо хӯрока эътибор намедод ва аксар вақт онҳоро гурусна  мегузошт. Бо вуҷуди ин, на гиря ё сару садои ҳамсар Лаунгро аз роҳ ва амалӣ гаштани фикраш боз намедошт.
Имрӯз сокинони деҳа марди 70-соларо қаҳрамон медонанд, зеро ӯ шароити зиндагии онҳоро хеле сабук намудааст. Одамон, ҳатто ба Лаунг трактор тақдим намуданд. Ӯ гуфтааст, ки бо он кандани каналро идома медиҳад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
АНДЕШАҲОИ БУЗУРГОН
Танҳо як воситаи гурез аз танқид аст: ҳеҷ кор накардан, чизе нагуфтан ва касе набудан. 
Арасту
* * *
Озодӣ арзише надорад, агар  он озодии иштибоҳ карданро дар бар нагирад.
Маҳатма Ганди
* * *
Ё шумо рӯзи худро идора мекунед, ё рӯз шуморо идора мекунад.
Ҷим Рон
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
ОРЗУЯШ ДАР МАКОНИ ЗЕБО ДАФН ШУДАН БУД,АММО…
Эмил, сарватмандтарин марди Лубнон, мехост дар зеботарин макони шаҳри Бейрут қабр дошта бошад. Барои ин, як қисми муайяни замини шаҳрро бо нархи гарон харида буд. Аммо ҳавопаймои хусусиаш вақти аз сафар баргаштани Эмил, ногоҳ ба баҳр суқут кард. 
Пайвандонаш пули зиёд харҷ карданд, то ҷасади марҳумро ёбанд, аммо  ҳавопаймо пайдо шуду ҷасади ӯ не.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ҒОР
Гуйчжоуи Чин аз музофотҳои нодортарини кишвар буда, дар он ҷо мардум аксар вақт ғизои дуруст намехӯранд ва, ҳатто, наметавонанд, ки ба худ як ҷуфт пойафзоли изофӣ бихаранд. Бо вуҷуди ин, сокинони музофот тавонистанд, ки ба фарзандони худ муассисаи таълимӣ бунёд намоянд. Зеро маблағе, ки аз ҷониби давлат ба ин музофот ҷудо мегардид, ақаллан, барои бунёди бинои муқаррарӣ кифоя набуд.  Аз ин рӯ, бошандагони музофот тасмим гирифтанд, ки барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ як муассисаи таълимӣ бисозанд. Онҳо ғореро ба сифати бинои муассисаи таълимӣ интихоб намуда, дар он шароити таълим фароҳам оварданд. Ин муассисаи таълимӣ аз соли 1984 то соли 2011 фаъолият кард, ки дар он 8 омӯзгор  тӯли 27 сол ба садҳо кӯдак таълим доданд. Имрӯз агарчи он баста шуда бошад ҳам, вале дар ин ҷо то ҳол муассисаи таълимии дорои тамоми шароитҳо бунёд нагардидааст. 
                                                     
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
САРЗАНИШИ ПАДАР ПАНД АСТ
Ҷавонеро падараш ҷиҳати сарфа накардани  қувваи барқ, об,  инчунин, ба тартиб надаровардани хона пайваста сарзаниш мекард. Ҷавон ба худ гуфт: «Калон шаваму соҳиби кор гардам, ҳатман ин хонаро тарк мекунам». Солҳо гузаштанд, барои ба кор қабул шудан ба ширкати бонуфузе мебоист, имтиҳон супорад. Ҳамон рӯз низ падар ба фарзандаш насиҳат кард, ки некбин бошад, аз ҳеҷ чиз наҳаросаду аз тавсияҳои  падар кор бигирад. Ҷавон аз дарвозаи ширкат ворид шудан замон дастаки дари аз ҷояш берун шударо ба тартиб даровард. Якчанд қадам гузошту чашмаш ба роҳрави пур аз об афтод, таъкидҳои падар пеши рӯяш омаданду ҷумаки обро маҳкам кард. Чун вориди корхона шуд, чароғи беҳуда фурӯзонро низ хомӯш намуд. Ин ҳангом бахши марказии ширкат аз довталаб пур буд. Бархе дар Аврупову дигар дар Амрико таҳсил намуда буданд. Баробари ба ҳуҷраи имтиҳонсупорӣ ворид шудан, яке аз аъзои ҳайат гуфт: «Кай ба кор шурӯъ менамоӣ?». Нафари дуюм: «Мутааҷҷиб набош! Ту, аллакай, аз имтиҳон гузаштӣ». Сеюмин: «Камераҳо аз даромадан ба ширкат то инҷо амалҳоятро сабт карданд. Ту ягона нафаре мебошӣ, ки манфиати ширкатро ҳифз намудӣ». Ӯ мегӯяд: «Дар ин лаҳза ҳама чизро фаромӯш кардам, танҳо симои падар чун кӯҳи бузурге пеши рӯям омад ва яқин кардам, ки сарзаниши падар панд будааст».
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
РАНЕВСКАЯ
Дар маҳфили унсе Раневская бо завқ нақл мекунад, ки имрӯз аз бекорӣ панҷ пашша куштааст: ду нарина ва се модина.
- Ҷинси пашшаҳоро чӣ гуна дақиқ кардед,- мепурсад яке аз меҳмонҳо.
- Хеле одӣ,- мегӯяд Раневская,- дутои аввал дар қадаҳи пиво сахт часпида буданду сеи дигар болои оина саргардон.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
МИЛЛИОНДОРИ 6 - СОЛА
Настяи 6 - сола дар баробари машҳур будан дар интернет дорои сарвати ҳангуфт ҳам мебошад. Мувофиқи маълумоти Forbes Настя Радзинская (Настя Лайк) яке аз се блогерҳои муваффақ дар канали YouTube мебошад, ки солона тақрибан 18 миллион доллар фоида ба даст меорад. Айни замон, кӯдак бо волидонаш аз шаҳри Краснодари Россия ба Майамии ИМА кӯчидаанд, ки дар он ҷо тавонистааст, бо бисёр чеҳраҳои машҳури Россия дӯстӣ барқарор намояд. Масалан, барои табрики зодрӯзаш ситораҳои машҳур  ба мисли Александр Ревва ва Филипп Киркоров омада, ҳунарнамоӣ карданд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
БАРФ БӮЙИ ТАРБУЗ МЕКУНАД
Бори нахуст аз мавҷудияти барф бо таъми тарбуз ҳанӯз дар замони худ Арасту гуфта буд. Аз ҳамон вақт ин падидаи нодир борҳо ёд шуда бошад ҳам, касе ба умқи сабабаш нарасид. Моҳи майи соли 1818 капитани киштии англисӣ Ҷон Росс дар барфҳои Гренляндия ҷӯйҳои гулобиро дид. Намунаи ин барфи аҷибро ба ватанаш овард. Табиист, ки он, аллакай, об шуда, моеи сурхро мемонд. Оби сурхро ба ҳар роҳ омӯхта бошанд ҳам, сабаби чунин ранг гирифтани барф ифшо нашуд. Шояд кори ҳиссачаҳои хурди ҷинси кӯҳӣ бошад ё аз уфти метеорит табдили ранг кардааст?
Набототшиноси шотландӣ Роберт Браун фарзияе пеш овард, ки сурхиро ягон намуди вижаи обсабз барангехтааст. Аммо ақидаи дар барф зистани обсабз ба ҳамон дараҷа ақлнопазир буд, ки аз метеорит ранг бадал намуданаш. 
Дар ниҳоят Браун ҳақ баромад. Қариб пас аз сад сол олимон бо заррабин аниқ карданд, ки сабаби сурхии барф заррачаҳои обсабз аст. 
Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
 
 
16 ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА ШОҲМОТ 
(Солҳои чемпионӣ)
1. Вилгелм Стейнитс (Австро – Венгрия) 1886 - 1894
2. Эммануил Ласкер (Германия) 1894 - 1921
3. Ҳосе Раул Капабланка (Куба) 1921 - 1927
4. Александр Алехин (Франсия) 1927 - 1935
                                                                1937 - 1946
 
5. Макс Эйве (Нидерланд) 1935 – 1937
6. Михаил Ботвинник (ИҶШС) 1948 - 1957
                        1958 - 1960
                        1961 - 1963
7. Василий Смислов (ИҶШС) 1957 – 1958
8. Михаил Тал (ИҶШС)         1960 - 1961
9. Тигран Петросян (ИҶШС)         1963 - 1969
10. Борис Спасский (ИҶШС) 1969 - 1972
11. Роберт Фишер (ИМА) 1972 - 1975
12. Анатолий Карпов (ИҶШС) 1975 - 1985
13. Гарри  Каспаров (ИҶШС) 1985 - 2000
14. Владимир Крамник (Россия) 2000 - 2007
15. Вишванатан Ананд (Ҳиндустон) 2007 - 2013
16. Магнус Карлсен (Норвегия)         2013 то ҳол
 
Таҳияи Умар АЛӢ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2021    №: 10    Мутолиа карданд: 788
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед