logo

ҳуқуқ

ҲОКИМИЯТИ ТЕОКРАТӢ МУҚОБИЛИ МАРДУМСОЛОРӢ ВА ҲУҚУҚИ БАШАР МЕИСТАД

Дар ҷаҳони муосир яке аз мавзӯъҳои доғ ва муҳиму нигаронкунанда он аст, ки гурӯҳҳои муайяни манфиатдор дунявияту низоми мардумсолорро ҳамчун як низоми бидъат ва ғайриахлоқӣ талаққӣ мекунанд. Ин навъи хурофот бештар марбут ба гурӯҳҳоест, ки аз дин ва боварҳои мардум сиёсат месозанд ва ба хотири расидан ба қудрат онро чун як гузина истифода менамоянд.
Мусаллам аст, ки як марҳилаи муайяни замони зиндагии башарият чи дар Аврупо ва чи дар соири кишварҳои дигар, динҳо ба сифати дастурҳои сиёсӣ хидмат намуда, як муддати муайян вазифаи ҳокимияти сиёсӣ низ бар дӯши онон буд ва тамоми қавонини идоракунии иҷтимоӣ дар чорчӯбаи дастуроти фиқҳиву шариатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар фарҳанги аврупоӣ ин марҳила бо номи асрҳои миёна ёд мешавад, ки муддати ҳазорсоларо дар бар гирифтааст ва тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсиро ниҳодҳои диниву калисо қабз намуда, танҳо аз рӯи дастуроти китоби муқаддас низоми идоракуниро ба роҳ монда буд. Дар он айёми торик, агар касе дар роҳи таҳқиқи воқеияти дилҳо мепардохт, бояд ё пардапӯшона амал мекард ё ҷуз хомӯш будан чораи дигаре надошт. Вале баъд аз оне ки нури дониш ҷаҳонро мунаввар намуд ва сипас тамаддуни навин ба миён омад, дар Аврупо хурофоту мавҳумпарастӣ аз байн рафт ва дунёро аз тасаллути ҷобиронаи баъзе аз рӯҳониён наҷот бахшид.
Ҷомеаи аврупоӣ дар роҳи расидан ба дунявият ва ҷомеаи мардумсолор ҳазорҳо донишмандро қурбонӣ дод, то ба дараҷаи имрӯзи ҷомеаи мутамаддини дунявӣ бирасад. Иддае аз кишварҳои шарқӣ низ тавонистаанд ба низоми дунявӣ бирасанд ва ҷомеаи хешро ҳампояи кишварҳои аврупоӣ гардонанд. Дар ин роҳ омилу сабабҳо ва расидан ба ин поя гуногун будаанд. Вале гурӯҳҳои фурсатталаб бо суистифода аз нуфузи ислом ҳамеша барои расидан ба қудрат ва дубора қабз кардани ҳокимияти сиёсӣ дар ин кишварҳо сели борони таассубу хурофот, арзишҳои пучу бебунёдро дар қолабҳои ҷаззобу дилфиреб ба мисли кураҳои рангии дарунхолӣ пешкаши тӯдаҳои мардум кардаанду мекунанд. Дар истилоҳ ва корбурди ин гурӯҳ, агарчи мафҳумҳое аз қабили давлат, миллат ва озодӣ садо медиҳанд, вале ҳеҷ гоҳ онҳо на дар дифоъ аз давлату миллати хеш, балки бар алайҳи миллат ва мардуми хеш қарор мегиранд. Онҳо ҳимоят аз авомиле мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ миллат ва мардуми хешро ба пешрафт намерасонанд ва санге дар масири рушд будаанду ҳастанд. 
Чунин  гурӯҳҳои  тафриқаандоз  одатан  то  замони расидан  ба  қудрат  аз  мафҳумҳое,  назири  ҳуқуқи башар,  озодии  инсон,  мардумсолорӣ  ва  амсоли ин, ба  таври густурда истифода менамоянд. Аз демократияе ҳарф мезананд, ки назирашро ҷаҳон надидааст, вале вақте ба қудрати сиёсӣ бирасанд, ҳамаро канор мегузоранд ва аслан дар муқобили мардумсолорӣ ва ҳуқуқи башар қарор мегиранд. Онҳо аксаран даъво мекунанд, ки гӯё эҳёгари маънавӣ ва бозгашт ба асри тиллоии дин бошанд ва тамоми муқаддасоти диниро барои ҳимоят аз худ ва собит намудани гуфтаҳояшон мавриди суистифода қарор медиҳанд. Худро чунон вонамуд мекунанд, ки онон аслан иродаи холиқ ва фармудаҳои онро  барои  ҷомеаи  башар  дар  миён мегузоранд. Яъне, худро ҳамчун як пуле ё пайвандгаре байни замину осмон нишон медиҳанд. Ин гурӯҳ аслан нодониро бар доноӣ, ҷаҳлро бар хирад, зулмотро бар нур тарҷеҳ медиҳанд. Ҳамин аст, ки онҳо ҳамеша аз нодониву зудбоварӣ истифода менамоянд ва тӯдаҳои мардумро гӯл мезананду мефиребанд. Ҳамаи навъҳои ҳокимияти теократии имрӯзӣ нишон додаанд, ки ҳеҷ кадоме аз ин навъи низомҳои сиёсӣ низоми комил ва муваффақ набудаанд ва буда ҳам наметавонанд. Ин, пеш аз ҳама,  ба он вобастагӣ дорад, ки  ҷаҳони имрӯзро, ки ҷаҳони донишу  фанноварӣ  ва  техникӣ аст, онро бо шеваҳои  асри  миёна нашояд идора намуд. Зеро он шеваҳои идоракунии асримиёнагӣ марбут ба ҳамон тафаккур ва ҳамон тарзи зиндагӣ аст. Инсони имрӯзиро бо он шеваҳо идора кардан ва ё дар ҳамон сатҳи ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ нигоҳ доштан ғайри имкон аст ва он ҳамеша мавриди бархӯрди байни ақшори ҷомеа ва ҳокимияти сиёсӣ қарор мегирад.
Ҳоло бояд он гурӯҳҳое, ки динҳоро аз дидгоҳи манфиатҳои шахсӣ таблиғ мекунанд, аз онҳо сиёсат месозанд ва ба мардум ваъдаҳои осмонӣ медиҳанд, дуруст шинохта шаванд, зеро имрӯз ҳар ҷомеа ва ҳар кишвар танҳо аз роҳи дунявияту мардумсолорӣ метавонад ба пешрафт ноил гардад. Мардумонашро ба саодат бирасонад ва озодиву ҳуқуқи башарро барои онҳо таъмин созад. Дигар бо роҳи дурӯғгӯиву хурофафурӯшӣ намешавад мардум ва ҷомеаро пеш бурд ва онро ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон расонд.  Дар замоне, ки инсоният аз фанноварии ҳушманд истифода менамояд ва ба сайёраҳои дигар роҳ мепаймояд, барои миллату мардуми хеш тарвиҷ кардани донишҳои бебунёд, раҳнамун кардани онҳо ба самти нобудиву фано аст. Чун дар замоне, ки дар ҳар бисту чор соати шабонарӯз ҳазорон  навъи  кашфиётро олимони ҷомеа ва кишварҳои дунявию мардумсолор ба мардумони хеш арза медоранд, ба ҳаммиллатону   ҳаммеҳанони  хеш ироа доштани афкори бебунёд, пуч ва тахрибгар ононро ба вопасгароӣ ва натиҷатан ба бардагиву нобудӣ мекашонад, ки ҷои сахт нигаронист. 
 
Исомиддин ШАРИФЗОДА, устоди ДТТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2021    №: 11    Мутолиа карданд: 668
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед